Дастовардҳои Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” (аз соли 2018 то соли 2023)
Р/т | Сана | Номгӯйи дастовардҳо |
1. | Соли 2018 | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03 2018, таҳти №162 оид ба таъсиси Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” |
2. | Соли 2018 | Қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.04 2018, таҳти № 52 оид ба таъсиси Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” |
3. | Солҳои 2018- 2022 | Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо 30 донишгоҳ, донишкада ва муассисаҳои бонуфузи илмии ватанӣ ва хориҷӣ ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст. |
4. | Соли 2018 | Дар Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо усулҳои зондиронии фосилавӣ, ГИС-технология ва системаи мониторинги маҳворагии омӯзиши пиряхҳо, қабати барф ва гидрологияи пиряхҳо ба роҳ монда шудааст. |
5. | Соли 2018 | Шомил шудани Марказ ба Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (СУО) дар бахши криосфера ва гидрология (ВМО, Женева) намоянда аз Тоҷикистон профессор, Абдулҳамид Қаюмов. |
6. | Соли 2018 | Иштироки директори Марказ, профессор А. Қаюмов дар ҷаласа оид ба таҷлили “Стратегияи (КБО) оид ба омӯзиши пиряхҳо ва қабати барф барои солҳои 2020-2030”, ки соли 2018 дар Женева баргузор шуда буд. |
7. | Соли 2018 | Иштирок дар таҳияи “Сандуқчаи иқлимӣ” бастаи маводҳои таълимиву бозигӣ барои мактаббачагон тибқи мавзӯи (тағйирёбии иқлим) бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал“ Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018- 2028 (дар ҳамкорӣ бо UNDP) |
8. | Соли 2019 | Директори марказ, профессор А. Қаюмов дар Конгресси байналмилалии обуҳавошиносии (КБО), ки дар Конфедератсияи Швейтсария баргузор шуда буд, иштирок намуда, оид ба қабули стратегияи (КБО) ҷиҳати омӯзиши пиряхҳо ва қабати барф барои солҳои 2020-2030 суханронӣ намуд. |
9. | Соли 2019 | Марказ бо намояндагии профессор А. Ќаюмов ба “Системаи умумиҷаҳонии мониторинги пиряхҳо”дар Женева, Шветсария шомил шуд. |
10. | Соли 2019 | Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” барои пешбурди фаъолияти илмӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида шуд. |
11. | Соли 2019 | Кормандони марказ дар ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Пиряхҳои худро ҳифз менамоем!”, ки дар он зиёда аз як млн нафар ширкат варзиданд. |
12. | Соли 2020 | Таъсиси сомонаи Марказ https://cryosphere.tj |
13. | Соли 2020 | Роҳандозии барномаи SRM ва MODSNOW тариқи моҳворагӣ омӯхтани қабати барф ва обнокии дарёҳои ҷумҳурӣ. |
14. | Соли 2020 | Таъсиси шӯъбаҳои аспирантура ва магистратура дар самти омӯзиши пиряхҳо, дар назди Марказ. |
15. | Соли 2020 | Таҳияи дастурамал оид ба “Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми гузаронидани экспедитсияҳои илмӣ–таҳқиқотӣ”. |
16. | Соли 2020 | Таҳияи “Дастурамал оид ба гузаронидани корҳои илмӣ- тадқиқотӣ дар доираи гузаронидани экспедитсияҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар пиряхҳо”. |
17. | Соли 2021 | Иштироки профессор А. Қаюмов дар Конфронси байналмилалӣ дар Маркази тадқиқоти қутбӣ, ки дар шаҳри Берн (Шветсария). |
18. | Соли 2021 | Иштироки профессор Қаюмов А. дар Конфронси байналмилалӣ дар Донишгоҳи Фрибурги Швейтсария. |
19. | Соли 2021 | Ба қайд гирифта шудани маҷаллаи илмӣ – назариявии Марказ – “Криосфера” дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
20. | Соли 2021 | Баргузор намудани Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи “Ҳолати ҳозираи пиряхҳо, яхбандӣ ва криосфера дар раванди тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ” дар шаҳри Душанбе. |
21. | Соли 2021 | Бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳаи омӯзиши пиряхҳо аз Институти Фрибурги Шветсария, дар якҷоягӣ бо мутахассисони марказ ташкил ва гузаронидани экспедитсияҳо ба пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
22. | Солҳои 2021- 2022 | Ташкили шабакаи мониторинг ва омӯзиши пиряхҳои дорои 6 адад пойгоҳи автоматикии дар баландиҳои 3500 – 4800 метр аз сатҳи баҳр насбшуда. |
23. | Соли 2021 | Иштироки кормандони Марказ дар Конференсияи байналмилалӣ (Донишгоҳи Фрибурги Швейтсария) |
24. | Соли 2021 | Нашри “Феҳристи истилоҳоти пиряхшиносӣ” |
25. | Соли 2021 | Нашри “Пиряхҳо, истилоҳот ва тавзеҳот” |
26. | Соли 2022 | Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 117 профессор А. Қаюмов барои дастовардҳо дар бахши пиряхшиносӣ, бо ордени Шараф дараҷаи 2 сарфароз гардонида шуд. |
27. | Соли 2022 | Нашри маҷмуаи “Иқтибосҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим” бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. |
28. | Соли 2022 | Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пиряхҳо” таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. |
29. | Соли 2022 | Иштироки кормандони Марказ дар ҷамъомадҳои пленарӣ ва сессияҳои параллелии “Саҳми занон дар омӯзиши пиряхҳо” ва инчунин “Саҳми ҷавонон дар омӯзиши пиряхҳо” Конфронси сатҳи баланд доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028“. |
30. | Соли 2022 | Омӯзиши тавозуни масса дар 5 номгӯйи пиряхҳо тариқи доимӣ ба роҳ монда шуд. |
31. | Соли 2022 | Моделиронӣ оид ба баҳодиҳӣ ва пешгуйи ҳолати кӯлҳои пиряхӣ ба роҳ монда шуд. |
32. | Соли 2022 | Дар ҳамкорӣ бо МАГАТЭ ва Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсиони ядрои, ҷиҳати омӯзиши изотопҳо, дастгоҳи нави ҳозиразамони лазерии “Пикаро” харидорӣ шуда, дар озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитария насб карда шуд. |
33. | Соли 2022 | Дастурамали тавсиявии “Асосҳои методологии ташкил ва гузаронидани мушоҳидаҳои метеорологии рӯйизаминӣ” таҳия ва ба чоп омода гардид. |
34. |
Соли 2022 | Дар назди бинои Марказ барои омӯзонидани кормандони Марказ, аспиранту магистрантону унвонҷӯён майдончаи омӯзиши гидрометеорологӣ ташкил карда шуд. |
35 | Соли 2022 | Таъсиси Созмони “Занони пиряхшинос”- и МДИ “МОП АМИТ”. |
36 | Солҳои 2018 – 2022 | Дар давоми фаъолияти марказ дар маҷмуъ 52 экспедитсияи илмӣ – тадқиқотӣ гузаронида шуд. |
37. | Соли 2022 | Дар раванди иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таблиғи соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” оид ба фаъолияти кормандони марказ 2 филми мустанади телевизионӣ таҳия ва пахш гардид. |
38. | Соли 2023 | Таъсиси намоишгоҳи доимоамалкунанда дар толори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пиряхҳои Тоҷикистон. |
39. | Соли 2023 | Нашри “Феҳристи маҷмаавии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”. |
40. | Соли 2023 | Стратегияи гузаронидани чорабиниҳои илмӣ – амалӣ оид ба соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” |
41. | Соли 2023 | Таҳияи нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”. |
42. | Соли 2023 | Таҳияи барномаи гузаронидани корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва экспедитсионӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”. |