Бо Фармоиши директори
МДИ «Маркази омӯзиши»
пиряхҳои АИ ҶТ”
аз 01.10.2018 № 42
тасдиқ шудааст
Низомномаи
«Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитария »
«Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитария » -и Муассисаи давлатии илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикисто» «22-уми декабри соли 2017, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, № 162 ва Қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 23 – юми апрели соли 2018, № 52 Муассисаи давлатии илмии « таъсис дода шудааст.
1.Муқаррароти умумӣ
1.1 Низомномаи мазкур сохтор, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои асосии «Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитария » Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикистон» ки барои таҳия ва тадбиқи вазифаҳои дар наздашгузошташуда масъул ва уҳдадор мебошад.
1.2 «Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитария » воҳиди сохтории Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикисто» буда, барои ҳалли вазифаҳои дар назди Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикистон» истода, дар доираи салоҳияти ҳуд масъул мебошад.
1.3 Роҳбари умумии «Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитария » ба зиммаи мудири озмоишгоҳ вогузор мегардад.
1.4 «Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитария » дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру қарорҳои Раёсати Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, фармонҳои директори Марказ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикисто» ки муносибатҳоро марбут ба «Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитария » ба танзим медарорад, ба роҳбари мегирад.
2.Сохтори Шуъба
2.1 Сохтор ва шумораи воҳидҳои кории «Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитария » Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикисто» Раёссати Академияи милли илмҳои Тоҷикистон муайян ва тасдиқ мекунад.
2.2 «Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитария » бо назардошти вазифаҳои дар назди Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикисто» истода ташкил карда мешавад. Шумораи воҳиди кории «Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитария » тибқи ҷадвали бастӣ аз 8 нафар иборат мебошад; Мудири озмоишгоҳ, 1 Сарходими илмӣ 1; Ходими пешбари илмӣ 1; Ходими калони илмӣ 1; Ходими илмӣ 2; Лаборанти калон 2.
2.3 Мудири «Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитария » бо фармоиши директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикисто» ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
2.4 Ба вазифаи мудири «Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитария » шахсе таъин карда мешавад, ки дорои собиқаи корӣи на камтар аз ду сол ва ё собиқаи корӣ аз руи ихтисос на камтар аз се сола дошта бошад.
3. Вазифаҳои озмоишгоҳ
Озмоишгоҳ масъалаҳои вобаста ба таҳия ва истифодабарии озмоиши лаборатории сифати об.
3.1 коркарди усулҳо, технологияҳои лабораторӣ, ва таҳлилии воситаҳои омӯзиши сифати об, тармаҳо.
3.2 мониторинги вазъи муҳити зист ва объектҳои криосфери, барои омӯзиши равандҳои гуногуни табиӣ дар сайёраи Замин.
3.3 таҳия, пешниҳод ва татбиқи системаҳои нав, лаборатори оиди озмоиши сифати об, пиряхҳо ва тарма.
3.4 рушди системаҳои назорати фосилавӣ таҷҳизотҳои лаборатори оиди озмоиши сифати об.
4.Самтҳои асосии фаъолияти озмоишгоҳ
4.1 Таҳия ва беҳдошти системаҳои гуногуни илмӣ ва амалии оиди озмоиши лаборатори;
4.2 коркарди усулҳо ва таҳлили силсилаи дарозмуддати мушоҳидаҳои гуногуни объектҳои табиӣ ва сунъӣ ба манфиати ҳалли масъалаҳои гуногуни илмӣ ва амалӣ оиди озмоиши лаборатори сифати оби пиряхҳо.
4.3 корҳои зарури андешидан дар татбиқи дохилкунии технологияҳои муосири лаборатор ҷиҳати санҷидани сифати оби пиряхҳо ва тармаҳо. дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4.4 тарбия ва таълими мутахассисон ва бозомӯзи кадрҳо дар ҳамин соҳа (асосан донишҷӯён ва аспирантҳо) оид ба самтҳои фаъолияти озмоишгоҳ;
4.5 иштирок дар таҳия ва баргузоркунии конфронсҳо ва семинарҳои вобаста ба мавзӯи озмоишгоҳ;
4.6 иштирок дар семинарҳо, мулоқотҳо ва конфронсҳои Чумҳурияви ва байналмилалӣ;
4.7 тайёр кардани мақолаҳои илмӣ.
4. Ҳуқуқҳои Озмоишгоҳ
5.1 Аз кормандони озмоишгоҳ оид ба масъалаҳое, ки бо салоҳияташон дохиланд, маълумот талаб намоянд.
5.2 Дар рафти гузаронидани озмоишҳо риояи талаботи техникаи бехатариро дар озмоишгоҳ таъмин менамояд.
5.3 Бо тартиби муқарраршуда маҷлисҳо ва семинарҳо даъват намояд, инчунин дар маҷлисҳое, ки директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикисто» ва роҳбарони дигар сохторҳои он дар масъалаҳои Марказ мегузаронанд, иштирок намояд.
5.4 Дар кори инкишоф додани соҳаи илм, иҷро намудани пешгўиҳои коркардшуда ва пешкаш намудани онҳо, инчунин аз ҷиҳати илмї баланд бардоштани сифати маҳсулот ва ҷамъбаст намудани натиҷаи онҳо иштирок намуда, варианти дилхоҳи таҷрибаҳоро амалї ва ба натиҷаҳои ба даст овардаи онҳо баҳо медиҳад.
5.5 Аз кормандони шуъба ҳисоботи муқарраргардида, маълумот ва маводҳоеро, ки аз вазифаҳои ба зиммаи «Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитария » гузошташуда бармеояд, талаб намояд.
5.6 Баҳри баланд бардоштани савияи дониши кормандони озмоишгоҳ санҷиш гузаронида ва номзадҳоро барои бозомӯзи касб пешниҳод намояд.