ҶАШНИ РЎЗИ ҒАЛАБА ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ИЛМИИ
“МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ АКАДЕМИЯИ
МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН”
8 – уми май соли 2024 дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бахшида ба муносибати 79 -умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 таҳти унвони “Корнамоии онҳо ҷовидонист” баргузор гардид, ки дар чорабинии мазкур директори “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, профессор – Абдулҳамид Қаюмов ва кормандони муассисаи мазкур фаъолона ширкат варзиданд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ директори МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” – Абдулҳамид Қаюмов, оғоз бахшида зикр кард, ки ҳамасола 9 май дар саросари кишвар аз рӯӣ анъана ҷашни Рӯзи Ғалаба ҳамчун баргузор мешавад, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии ин рӯз боз ҳам бештар аён мегардад. Аз рӯзҳои аввали ҷанги хонумонсӯз фарзандони далеру шуҷои халқи тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Мо насли охиронем, ки собиқадоронро мебинем, пас тавре кунем, ки насли оянда ин Ғалабаро ба ёд орад ва аз лавҳи хотир фаромӯш накунад. Номбурда қайд намуданд, ки мо бояд наслҳои имрӯзаро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳисси баланди миллӣ, сулҳпарвариву башардӯстӣ ва ободкориву созандагӣ тарбия намоем.
Сипас ходими калони илмӣ – Алишо Шомаҳмадов ба сухан баромада иброз дошт, ки ҳифзи хотираи таърихӣ ба хотири ояндаи дурахшон бешак амали волои инсонӣ ва рисолати олист. Моро мебояд, ки дар фазои осоишта, дар Ватани озоду соҳибистиқлол, зери дурахши машъали ҳуррият, аз таърих ёд оварем ва хотираи онҳоеро, ки ҷаҳони моро ороста карданду ҷон таслим намуданд, то ҳастем, зинда нигоҳ дорем.
Сухани навбати ба ходими калони илмӣ Саидбек Ғозиев дода шуд. Номбурда иброз дошт, ки масофаи бузурги вақт аллакай моро аз он солҳои даҳшатнок ҷудо мекунад. Ва ин моро водор месозад, ки натанҳо дар хотир дошта бошем,балки худи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва таъсири онро ба ҳаёти минбаъдаи кишварамон аз ҷумла имрӯз, бодиққат таҳлил намоем.
Ҳамчунин сухани навбати ба магистранти курси дуюми МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” – Мунзифа Давлатова дода шуд. Номбурди зикр намуданд, ки эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо орем. Ёди неки ин мардони шуҷоъ дар хотираҳои ҳар як хурду калони Тоҷикистон абади аст.
Ҳамин тариқ, зикр гардид ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгӯзори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медорад ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор дода истодааст.
Ёди неки ин мардони шуҷоъ дар хотираҳои ҳар як хурду калони Тоҷикистон абадӣ аст. Ҷоннисориҳои ин далерон намунаи ватандӯстӣ ва қудрати мардонагӣ барои ҷавонмардон аст. Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ неруи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.
Агар пурсанд аз ман: “Чист аз бадан беҳтар?”
Ватан беҳтар, Ватан беҳтар, Ватан беҳтар, Ватан беҳтар!