КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ “XXVIII-УМИН ХОНИШҲОИ СЛАВЯНӢ” БАХШИДА БА РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК ВА СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Санаи 26-уми апрели соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “XXVIII-умин хонишҳои славянӣ” бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва соли маърифати ҳуқуқӣ баргузор гардида, дар он сиёсатмадорон, олимон, муҳаққиқони дохилу хориҷи кишвар, сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Григорев Семён Вячеславович, намояндагони Анҷумани “Занони пиряхшинос”-и «МДИ Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораҳои давлатӣ иштирок доштанд.

Сухани ифтитоҳиро ректори Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон Файзуло Машраб Қурбоналӣ иброз намуда, қайд намуданд, ки имрӯз илми тоҷик муаррифгари дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад ва яке аз пешбарандагони асосии он олимону муҳаққиқони Академияи милли илмҳои Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷаласаи пленарии конференсияи мазкур Дилором Қаюмова ходими пешбари илмии «МДИ Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар мавзуи “Усули инноватсионии мониторинги пиряхҳо ва дарёҳои аз пиряхҳо ғизогиранда” маърузаи худро пешкаши ҳозирин намуданд.

Дар рафти баромади худ Дилором Қаюмова зикр намуданд, ки бо шарофати Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021-2030), ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида буд имрӯзҳо занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши муҳимро мебозанд.  Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробарии занон имконият медиҳад, ки занони тоҷик пешбарандаи илми пиряхшиносӣ ва инчунин ибтикори панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон намудани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бошанд.