ҷашни рӯзи илм
Маъмур: cryosphere 11-04-24 307
Мизи мудаввар дар мавзуи ҷашни рӯзи илм дар “Муассисаи давлатии илмии маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”
Санаи 9- уми апрели соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” бахшида ба рӯзи илм барномаи мизи мудаввар бо иштироки муҳаққиқон ва олимони муассиса доир гашт.
Директори Марказ мизи мудавварро ҳусни оғоз бахшида бо сухани муқаддимавии хеш, ба олимону кормандон дар ҷодаи илм барору комёбӣ ва барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррасро дар ин самт таъкид намуд.
Ҳамзамон илова намуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар баробари маорифу фарҳанг яке аз самтҳои афзалиятноку стратегии рушди миллӣ эътироф гардидаст. Давлат ва ҳукумат илмро ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар кардани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешад.
Дар кори мизи мудаввар профессор Қаюмов А, директори МДИ «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ», дар мавзуи “Аҳамияти қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо” дар пешбарии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуданд. Сипас чанде аз кормандон аз қабили: Саидзода Хатича- ходими илмии Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”, Шомаҳмадов Алишо- ходими калони МОП АМИТ, Кабутов Х – мудири шуъбаи мониторинги пиряхҳо, криосфера, глятсиология ва ГИС- технология, Қаюмова Д- ходими пешбари илм ва дигарон бахшида ба рӯзи илм маърузаҳо намуданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар ҷиҳати пешбарӣ ва иштирок дар рӯзи илм, ки санаи 15 – уми апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷамъбаст мешавад, номзадии Қаюмова Дилором дар мавзуи ”Перспективы изотопных исследованый в изучении ледников” пешниҳод гардид.