КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «АҲАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛӢ ВА ТАЪРИХИИ ИБТИКОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ ВА ЭЪЛОН НАМУДАНИ СОЛИ 2025- СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО»

 Санаи 29 марти соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Аҳамияти байналмилӣ ва таърихии ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва эълон намудани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”» баргузор гардида, дар он сиёсатмадорон, олимон, муҳаққиқони дохилу хориҷи кишвар, намояндагони корпусҳои дипломатии Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия иштирок доштанд, аз он ҷумла  Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи милии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Томски Русия, Институти Сибир ва Шимоли Донишгоҳи юридикии федералии Сибир, Дастгоҳи Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон, Институти таҳқиқоти стратегии назди Донишгоҳи Славянии Кирғизистон ва Русия.

Дар конференсияи мазкур директори “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” профессор Абдулҳамид Қаюмов иштирок намуда, маърузаи худро дар мавзуи “Ҷумҳурии Тоҷикистон – пешоҳанг дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо” пешкаши ҳозирин намуда, қайд намуд, ки таҳлили адабиёти илмӣ оид ба ҳолати омӯзиши пиряхҳои  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад, ки баъди солҳои 90-ум таҳқиқоти илмӣ-бунёдӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон умуман гузаронида нашудааст ва шароити гузаронидани он низ комилан вуҷуд надошт. Чунин маълумот дар мақолаҳои олимони маъруф, аз қабили В. Котляков ва А. Финаев низ дарҷи худро ёфта буданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳолати воқеӣ оид ба омӯзиши пиряхҳоро ба назар гирифта, дар асоси сиёсати созандаю бунёдкоронаи худ ва ҳамзамон таҳлили амиқи ҳаматарафа супориш дода буданд, ки дар  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон махсус як Муассисаи давлатии илмии ”Маркази омӯзиши пиряхҳо” ташкил карда шавад, ки он бояд таҳқиқоти бунёдиро  бо усулҳои муосири инноватсионӣ гузаронад. Вазифаи аввалиндараҷаи Марказ ин муайян намудани шумора, ҳаҷм ва ҳолати пиряҳо дар равиши тағйирёбии иқлим дар асосӣ тадқиқотҳои бунёдӣ буд.

Пойгоҳи пиряхи Федченко имрӯз фаъолият намекунад, лекин хушбахтона, маркази мазкур айни замон 6 пойгоҳи баландкӯҳро дар баландиҳои аз 3800 – то 4899 метр ҷойгир намудааст, ки тавассути онҳо пиряхҳоро таҳти назорати доимӣ қарор додааст.

Доир ба масъалаи қабул гардидани қатънома оид ба эълон намудани соли 2025  ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” масъулиятро дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо боз ҳам ҷоннок карда, ҳамзамон ба таври пайваста бо  иштироки олимону мутахассисони соҳавӣ Стратегияи гузаронидани чорабиниҳои илмӣ- амалӣ оид ба соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”  ва Барномаи гузаронидани корҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва экспедитсионӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои барраси  пешниҳод намудааст, ки ин дар сиёсати имрузаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди назаррасест.

Дар доираи маърузаи худ профессор Абдулҳамид Қаюмов тадқиқотҳои илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”-ро, ки ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо равона карда шудаанд қайд намуд ва изҳор дошт, ки Марказ Феҳристи пиряхҳои системаи Федченкоро бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз технологияи муосири харитасозӣ чоп намудааст. Дар фарҷоми баромади худ оид ба ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон  дар бахши омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо пешниҳодҳои мушаххас намуд.

Қобили зикр аст, ки конференсияи мазкур барои иштирокчиёни он ҳамчун минбари байналмилалии илмӣ-амалӣ барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва табодулиёти таҷриба ва усулҳои омӯзиши криосфера ва илми пиряхшиносӣ хидмат намуд.