«Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст».
Эмомалӣ Раҳмон
НАВРӮЗ ҶАҲОНӢ ШУД, НАВРӮЗ МУБОРАК БОД!!!
Иди Наврӯз ҷашни оғози баҳор ва соли нави куҳантаърихи мардуми форсизабон мебошад. Ибораи Наврӯз дар луғатҳо ба маънои «рӯзи нав» ва «тоза», «рӯзи нахустин», аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.
Мувофиқи ҳисобҳои астрономӣ Наврӯзи имсола рӯзи 20-уми марти соли 2024, соати 08:06:21 ба вақти Душанбе фаро мерасад.
Маҳз дар ҳамин лаҳза маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии худ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад ва нуқтаи буриши масири Офтоб (эклиптика, доират-у-лбуруҷ) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд.
Дар замонҳои қадим иди Наврӯзро 13 рӯз ҷашн мегирифтанд. Панҷ рӯзи аввал ба истиқболи Наврӯз ва дидорбинӣ аз пайвандон ва дӯстон ихтисос шудааст. Рӯзи нӯҳум ҳамчун Наврӯзи Шаҳриёрон ва рӯзи сенздаҳум ҳамчун Сенздаҳбадар машҳур аст. Дар анҷоми таҷлил мардум ба саҳро баромада аз Соли ҷадид истиқбол мекарданд. Мардум бар ин назар буданд, ки ҳар нафаре ба саҳро баромада аз накҳату насими табиат нафас мекашид, дар тӯли сол хушбахтӣ ва фаровонӣ насибаш мегардад.
Оиди Наврӯз ва табиати зебои баҳор олимону шоирон Шамсуддини Димашқӣ, Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав ва дигарон асарҳои зиёде офаридаанд.
«Нухбат-уд-даҳр фи аҷоибил-барр вал-баҳр» («Чакидаҳои замон аз мӯъҷизоти бару баҳр»)-и Шамсуддини Димашқӣ (1258-1327) аз зумраи асарҳоест, ки дар жанри «мӯҷизот» таълиф гаштааст. Яке аз фаслҳои ин китоб ба расму оин, ҷашну маросим ва дину диёнати мардуми эронинажод оид аст. Аз рӯйи маълумоти Шамсуддини Димашқӣ мардуми эронинажод иду анъанаҳои зиёдеро ҷашн мегирифтанд, ки маъруфтарини онҳо Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, Баҳманҷа ва иди Нишасти кӯса будааст.
Наврӯз, қайд мекунад Димашқӣ, маънои «рӯзи нав»-ро дошта, овардаанд, ки Худованд дар ин рӯз нур, яъне Офтобро офаридааст ва афлокро ба гардиш даровардааст.
Наврӯз бо умедҳо ва орзуву ормонҳои нек ҳамроҳ буда, инсонро ба ояндаи фараҳбахш дилбаста месозад, завқи ӯро нисбат ба зиндагиву кор ва эҷод афзун мегардонад. Бо ин умед кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо ташаббуси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар якҷоягӣ бо раёсат ва зерсохторҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иди Наврӯзи дилафрӯзро дар сатҳи баланд ҷашн гирифтанд. Чорабинии идона бо иштироки собиқадорони соҳаи илму фан ва меҳмонони хориҷӣ дар зери навои табрикоту шеъру сурудхонӣ дар саҳни бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз шашҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, Таърихи Табарӣ, «Ал-тафҳим», «Осору-л-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома»-Умари Хайём, шоҳ Ҷамшед ё ин Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд. Падидоварии Наврӯз дар Шоҳномаи Фирдавсӣ, ба ин гуна ривоят шуда аст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон, дастур дод то дар онҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи зарин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ, ҷаҳон нӯронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афроштанд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Абулқосим Фирдавсӣ
Бо ташаббуси Тоҷикистон иди Наврӯз соли 2009 тибқи муқаррароти Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабти ном шуд. Иди «Наврӯз»-ро ҳамасола 12 кишварҳои ҳавзаи Наврӯз: Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ҳиндустон дар сатҳи баланд ҷашн мегиранд. Албатта дар ин самт нақши Пешвои миллат басо назаррас аст.
Бо азми ту, эй Пешво,
Наврӯз ҷаҳонӣ шуд.
Дар арсаи ин дунё,
Наврӯз ҷаҳонӣ шуд.
Аз давраи Сосонӣ,
Бо маснади Сомонӣ,
Бо ёрии Раҳмонӣ,
Наврӯз ҷаҳонӣ шуд.
Ривоят аст, ки агар ҳар кас Наврӯзро бо шодию сурур ва бо покию сафову озадагӣ ва фаровонии нозу неъмат истиқбол намояд, соли нав барояш соли хушиву саодат ва пурфайзу баракат хоҳад шуд.
Наврӯз – ҷашни 6- ҳазорсолаи миллӣ, ки маҳз дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора эҳё шуд, ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон муборак бошад.
Убайдулло Убайдулло – ходими калони илмии Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”
Возможно, это изображение текст «навруз муборак!»Возможно, это изображение 1 человек