КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ТОҶИКИСТОН – ПЕШОҲАНГИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР ҶАҲОН» ДОИР ГАРДИД
Санаи 20 марти соли 2024 дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Тоҷикистон – пешоҳанги ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон», бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, соли 2025 – “Соли ҳифзи пиряхҳо” ва 21 – март “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” доир гардид.
Дар рафти чорабинӣ Чорашанбезода Сураҷ – муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаюмов Абдулҳамид – директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, Убайдуллоев Убайдулло – ходими калони илмии МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, Саидзода Хатича – ходими илмии МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ва Шарифзода Саидҳомид – сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби Кумита ба коршиносон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.