ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ

Ҷашни умумимиллии Наврӯз барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст.

Ҷашни Наврӯз, дар ҳақиқат, як ҷузъи хотираи тобноки маънавии одамон мебошад, ки наслҳоро ба ҳам пайванд дода, робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамёриву ҳамкориро боз ҳам қавӣ мегардонад”.

Эмомалӣ РАҲМОН

           Мусаллам аст, ки ҷашни Наврӯз яке аз куҳантарин ва ҳамзамон густурдатарин ҷашнҳои мардумони ориёитабор маҳсуб ёфта, умри зиёда аз панҷҳазорсолаи худро дорад.

Барои далели ин гуфтаи таърихӣ, тавре, ки аз баромади худи ин вожа бармеояд, яъне он рӯзи нав маънӣ дошта, дар ибтидои соли нави аҷдодӣ ё худ хуршедӣ ба истиқболи соли нав ва бо фарорасии фасли зебои сол ва дар оғози ҳамал ва давраи шукуфтанҳову гул кардани дарахтону дар айёми фасли баҳор баргузор мегардад. Яъне бо омадани ҷашни Наврӯз табиат аз нав гӯиё эҳё гардида, гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва ё худ ҳаракат ба оромӣ комилан пирӯз мегардад.

Наврӯз оғози фасли баҳори сабзу хуррам, давраи эҳёи табиати атроф, оғози кишту кор, айёми баробаршавии шабу рӯз дар фасли баҳор мебошад. Ба қавли  Ҳофизи Шерозии лисонулғайб агар ифода намоем:

Зи кӯйи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд, басо хуб ифода кардаанд, ки: “Наврӯз чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтори нек ва дӯстиву ҳамкории халқҳо моро ба сӯйи рӯзгори бехушунат, сулҳу субот ва кӯшиш барои зиндагии орому осуда раҳнамоӣ мекунад.

Асолати иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург буда, нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ мебошад.”

Наврӯз ибтидои баҳору файзу баракати сол, оғози тақвими шамсист.Чунки  ҷашни Наврӯз дар сарнавишти миллати  соҳибтамаддуни мо ва тамоми меросбарони он нақши ногусастании худро дорад. Он ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллӣ, феълан ҳамчун ҷашни ҷаҳонишудаи аҷдодӣ дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва инчунин ибтикору иқдомҳои тоза ва накӯ ҳидоят намудааст.

Тавре ҳамагон хуб медонем, маҳз бо ибтикори наҷибона ва саъю талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳала ба марҳала вусъату шукуҳи бештар ёфта ва ниҳоят соли 2010 бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шуд.

Ин воқеаи сурурбахши таърихиро Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла чунин тавзеҳ дода буданд: “Аз  ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замони қадимтарин ниёгони мо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид оварда буданд, ки он паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат будааст”.

Бояд қайд кард, ки маҳз ба шарофати ин абармарди арсаи сиёсат ҷашни бостониву куҳанбунёд – Наврӯзи оламафрӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардида, ҳамчун ҷашни умумиҷаҳонӣ шинохта шуда дар Феҳристи ЮНЕСКО бо ҳуруфи заррин ҳакокӣ гардид.

Умуман гирем, пос доштани ҷашни байналмилалии Наврӯз яке аз рисолатҳои муҳимми миллист. Чунки файзу баракати ин ҷашни бошукуҳ ҳар яки моро ба ояндаи боз ҳам неку дурахшон раҳнамоӣ менамояд.

Беҳуда нест, ки бо ташаббус ва пешниҳоди сатҳи умумиҷаҳонии Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи Созмони Милали Муттаҳид шуруъ аз 21-уми марти соли 2025, яъне аз соли оянда вобаста ба эълон гардидани “Соли 2025 –Соли байналмилалиии ҳифзи пиряхҳо” ҳамзамон рӯзи 21- уми марти ҳар сол расман ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” дар саросари олам эълон гардид, ки боиси ифтихору сарбаланди мо ходимони соҳаи илми пиряхшиносӣ, яъне глятсиология ва инчунин аҳли кормандони Муассисаи давлатии  илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки то инсонияти рӯйи олам вуҷуд дорад, Наврӯз ҳамеша пояндаву абадӣ боқӣ хоҳад монд. Ба ифодаи Шоири халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ:

Наврӯз навҷавон аст, Наврӯз ҷовидон аст,

Аз рӯзгори пешин зеботарин нишон аст.

Ҷашни фархундаи Наврӯзро ба кулли ҳамватанони азиз, ин ҷашни бузурги байналмилалиро аз самими қалб табрику муборакбод менамоям.

Абдулҳамид ҚАЮМОВ,

директори Муассисаи давлатии  илмии

“Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи

миллии илмҳои Тоҷикистон”, профессор