ТОҶИКИСТОН – ПЕШОҲАНГИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР ҶАҲОН

14-уми марти соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Тоҷикистон пешоҳанги ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон», ки бахшида ба тарғибу ташвиқи иқдомҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим, аз ҷумла доир ба масоили ҳифзи пиряхҳо ва “Соли 2025 – Соли умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо”, “21 март – Рўзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо иштироки мактаббачагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар баргузории конфронс директори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Қаюмов Абдулҳамид қайд намуд, ки пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми кишварҳои сайёра ба шумор рафта, нақши онҳо дар таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ зиёд аст. Сипас директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, Илҳом Мирсаидзода таъкид дошт, ки бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо қабул кард.Албатта боиси хушнуди ва сарфарозист, ки иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби 153 кишварҳои ҷаҳон пазируфта шуд. Дар аснои конфронс устодону кормандони марказ маърузаҳои худро ироа намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз баргузории конфронси мазкур ин тарғибу ташвиқи эълон намудани “ 21 март – рӯзи умумиҷаҳонии хифзи пиряхҳо” ва инчунин “Соли 2025 – Соли байналмилалӣ хифзи пиряхҳо”, иттилоотонидани хонандагон дар бораи ҳолати пиряхҳо дар шароити гармшавии глобалӣ, таҳияи роҳҳои асосии ҳамкорӣ ва ҷалб намудани хонандагон дар соҳаи илми пиряхшиносӣ, тавзеҳи таъсир ва алоқамандии радиатсия ба тағйирёбии иқлим, муҳити зист ва инсон мебошад.