АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”

Анҷумани “Занони пиряхшинос”

Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ

Ассотсиатсияи ҷавонони «АТОМ»

ПРЕСС-РЕЛИЗ

КОНФЕРЕНСИЯИ  ИЛМӢ АМАЛӢ БАХШИДА БА 21 –УМИ МАРТ

“РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

«ТОҶИКИСТОН ПЕШОҲАНГИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР ҶАҲОН»

 

ш. Душанбе                                                                                        14.03.2024

 

Санаи 14-уми марти соли 2024, соати 0900 дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Тоҷикистон пешоҳанги ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон», ки бахшида ба тарғибу ташвиқи иқдомҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим, аз ҷумла доир ба масоили ҳифзи пиряхҳо ва “Соли 2025 – Соли умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо”, “21 март – Рўзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо иштироки мактаббачагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ҳадафҳои конфронс:

  1. Тарғибу ташвиқи эълон намудани “ 21 март – рӯзи умумиҷаҳонии хифзи пиряхҳо” ва инчунин “Соли 2025 – Соли байналмилалӣ хифзи пиряхҳо”.
  2. Иттилоотонидани хонандагон дар бораи ҳолати пиряхҳо дар шароити гармшавии глобалӣ.
  3. Таҳияи роҳҳои асосии ҳамкорӣ ва ҷалб намудани хонандагон дар соҳаи илми пиряхшиносӣ.
  4. Таъсир ва алоќамандии радиатсия ба таѓйирёбии иќлим, муњити зист ва инсон.