ШАНБЕГӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ИЛМИИ “МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ АМИТ”
Санаи 24- уми феврали соли 2024 ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар бораи ободкориҳову сабзгардониҳо дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маъракаи ободонӣ баргузор гардид.
Чун ҳарвақта ҳайати кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” бо мақсади пешвозгирии фасли зиндашавии табиат фасли баҳор дастаҷамъона дар шанбегӣ иштирок карданд.
Дар баргузории шанбегӣ кормандони марказ дар тозаву озода намудани утоқҳои корӣ, тоза намудани ҷуйборҳо аз ҳар гуна партовҳо, рубучин намудани заминҳои назди биноҳо ва ҳавлию роҳравҳои назди биноҳо, нарм намудани бехи ниҳолҳо, тоза намудани дарахтон аз шоху баргҳои хушкшуда, ба тартиб даровардани гулу буттаҳои ороишӣ, саҳми хешро гузошатанд.