МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ИЛМИИ

«МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН»

АНҶУМАНИ “ЗАНОНИ ПИРЯХШИНОС”

 

АГЕНТИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ

ВА ЯДРОӢ

АССОТСИАТСИЯИ ҶАВОНОН «АТОМ»

 

ДАЪВАТНОМА – БАРНОМА

КОНФЕРЕНСИЯИ  ИЛМӢ – АМАЛӢ БАХШИДА БА 21 –УМИ МАРТ

“РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО”

 

 

«ТОҶИКИСТОН ПЕШОҲАНГИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР ҶАҲОН»

 


 

14. 03 соли 2024 , аз соати 09:00 то 12:00 ба вақти Душанбе.

 

Тарзи гузариш: офлайн.

Суроға: Академия миллии илмҳои Тоҷикистон,

ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даъватнома

Муҳтарам_________________________________________________________

 

Бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва таъкидҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим, аз ҷумла доир ба масоили ҳифзи пиряхҳо ва манбаву сарчашмаҳои оби тоза дар миқёси сайёра ва сатҳи ҷаҳонӣ эълон шудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 марти ҳар сол таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” Шуморо барои иштирок дар Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Тоҷикистон пешоҳанги ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон” дар доираи чорабинӣ маърӯзаҳо ва муаррифии кормандони илмии Анҷумани “Занони пиряхшинос” таклиф менамоянд.

Вобаста ба ин, 14 марти соли 2024 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2021,  №88 доир ба Нақша чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021,  эълон гардидани 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, соли 2025 “Соли байналмилалии пиряхҳо” ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва иҷрои дастуру иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Конфронси  илмӣ дар мавзӯи” “Тоҷикистон сарзамини пиряхҳо ва такмил додани илми пиряхшиносӣ” ба нақша гирифтааст.

 

Ҳадафҳои конфронс:

  1. Бахшида ба эълон намудани  21 март Рӯзи байналмилалӣ ҳифзи пиряхҳо ва инчунин соли  2025 – “Соли байналмилалӣ хифзи пиряхҳо”.

 

  1. Иттилоотонидани хонандагон дар бораи ҳолати пиряхҳо дар шароити гармшавии глобалӣ.

 

  1. Таҳияи роҳҳои асосии ҳамкорӣ ва ҷалб намудани хонандагон ба соҳаи илми пиряхшиносӣ.

 

  1. Алоқамандии радиатсия ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, муҳити зист ва инсон.

 

  1. Ҷамъбасти Озмуни “Эссеи беҳтарин” таҳти унвони “Саҳми мактаббачагон дар пешрафти сиёсати давлатӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо”.

 

  1. Ҷамъбасти Озмуни “Видеоролики беҳтарин”.

Мавзуи видеоролик: “Дар таъмини бехатарии муҳити зист ва аҳолӣ бо мо ҳамроҳ шавед!”.

 


 

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ИЛМӢ “МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН”

АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ

         Дар Конфронси мазкур хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки то инҷониб бо кор ва фаъолияти Анҷумани “Занони пиряхшинос”-и МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” дар рафти иқдоми онҳо доир ба муаррифӣ намудани мактаббачагон бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “21-уми март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” шиносоӣ пайдо намуданд, бо маърӯзаҳо дар Конфронси илмӣ-амалии тааллуқдошта иштирок ва баромад менамоянд.

  № Мавзӯъ Вақт Маърӯзачӣ
1 Сухани ифтитоҳӣ 9:00

(10 дақиқа)

Дар мувофиқа
2 Муаррифии дастовардҳои Анҷумани “Занони пиряхшинос” дар бахши ҳифзи пиряхҳо 9:15

(10 дақиқа)

Каюмова Д.

Роҳбари Анҷумани “Занони пиряхшинос”

МДИ “МОП АМИТ”

3 Моҳияти Ассотсиатсияи ҷавонон «Атом» дар дастовардҳои Агентии амнияти ХБРЯ 9:30

(10 дақиқа)

Дар мувофиқа бо

Агентии амнияти ХБРЯ

4 Қабули қонун ва асоси ҳуқуқии оид ба пеш бурдани сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9:45

(10 дақиқа)

Боқизода Адлинисо

ходими илмии

МДИ “МОП АМИТ”

5 Корҳои экспедитсионӣ-илмӣ оид ба омӯзиши пиряхҳои    № 457 ва Зулмарт 10:00

(10 дақиқа)

Давлатова М.
6 Эссеи беҳтарин 10:15

(10 дақиқа)

Ҷоизагиранда (мактаббачагон)
7 Эссеи беҳтарин 10:30

(10 дақиқа)

Ҷоизагиранда (мактаббачагон)
8 Эссеи беҳтарин 10:45

(10 дақиқа)

Ҷоизагиранда (мактаббачагон)
9 Аҳамияти амнияти энергияи ҳастаӣ дар омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо 11:00

(10 дақиқа)

Дар мувофиқа бо

Агентии амнияти ХБРЯ

10 Пешкаши видеороликҳои беҳтарин 11:15

(10 дақиқа)

Ҷоизагиранда (мактаббачагон)
11 Ҷоизасупорӣ (эссе ва видеоролик) ва ҷамъбасти Конфронс 11:25

(30 дақиқа)

Дар мувофиқа

 

Саҳми мактаббачагон дар пешрафти сиёсати давлатӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо тариқи навиштан ва пешниҳод намудани эссе дар мавзуъҳои:

  1. Пешвои миллат ва ташаббусҳои он дар ҳифзи пиряхҳо.
  2. Ман ифтихор аз сарзамини пиряхҳо дорам.
  3. Ҳифзи пиряхҳо – ҳифзи Ватан аст.

Мактаббачагон имкон доранд, ки эссеҳои худро то 6-уми марти соли 2024 пешниҳод намоянд. Озмун рӯзи 10-уми марти соли 2024 ҷамъбаст мегардад ва мактаббачагоне, ки дорои эссеи беҳтарин ҳастанд ба Конфронс даъват карда шуда, тариқи презентатсия дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баромад менамоянд. Супоридани ҷоизаҳо рӯзи 14-уми март дар рафти Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 21–уми март “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар мавзуи «Тоҷикистон пешоҳанги ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон» баргузор мегардад.

Мактаббачагон имкон доранд, ки видеороликҳои худро доир ба мавзуи “Дар таъмини бехатарии муҳити зист ва аҳолӣ бо мо ҳамроҳ шавед!” то 6-уми марти соли 2024 пешниҳод намоянд. Озмун рӯзи 10-уми марти соли 2024 ҷамъбаст мегардад. Видеороликҳои беҳтарин дар рафти Конфронс пешкаш карда мешаванд. Супоридани ҷоизаҳо рӯзи 14-уми март дар рафти Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 21–уми март “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар мавзуи «Точикистон пешоҳанги ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон» баргузор мегардад.