Санаи 3 феврали соли 2024 бо супориши президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Хушвахтзода Қобилҷон баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба  ободу зебо нигоҳ доштани ҳудуди шаҳри Душанбе, инчунин бо мақсади зебову назаррабо гардонидани саҳни биноҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  ҳамчунин оини шаҳрнишиниву шаҳрдорӣ шанбегии умумӣ баргузор гардид.

Иштироки кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар шанбегии умумӣ

Дар рафти баргузории шанбегии мазкур ҳайати кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” таҳти роҳбарии директори марказ профессор Абдулҳамид Қаюмов фаъолона иштирок намуданд. Кормандони марказ дар оғоз саҳни бинои 6-ошёнаи раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро аз алафҳои бегона тоза карданд:

а б

Тоза кардани назди  бинои 6-ошёнаи назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (а-рафти шанбегӣ, б-баъди шанбегӣ)

Майдончаи таҷрибавии марказ, ки дар пушти бинои 6-қабата воқеъ гаштааст,  аз алафҳои бегона ва баргу хазон тоза карда шуд:

а

б

Майдончаи таҷрибавии Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» (а-рафти шанбегӣ, б-баъди шанбегӣ)

Инчунин пешайвони қабати панҷуми бино, ки баъди тамом шудани корҳои сохтмонӣ пур аз ашёҳои нолозим ва масолеҳи корношоями сохтмонӣ буд, покиза карда шуда,  гулгашту роҳравҳо низ тозакорӣ карда шуданд.

а

б

Тоза кардани пешайвони қабати 5-уми бино аз масолеҳи корношоями сохтмонӣ (а-рафти шанбегӣ, б-баъди шанбегӣ)

Баргузории шанбегиҳои дастаҷамъона баҳри боз ҳам зебову обод ва  назаррабо гардидани кўчаву хиёбонҳои пойтахти азизамон мусоидат менамоянд.