Рӯзҳои 10-11 январи соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ-амалии байналмиллалӣ “Технология ва истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин бо ҳадафҳои илмӣ ва амалӣ” дар маҷлисгоҳи Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конфронс Чен Си – президенти Шуъбаи Синзянии Академияи илмҳои Хитой, аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ли Яоминг – муовини директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказии Академияи илмҳои Хитой, Xiaohan – директори генералии Маркази таҳқиқотии танзим ва татбиқи ҳавопаймоҳои бесарнишини Академияи илмҳои Хитой ва ҳайати профессорон ва директорҳои генералии янчанд ширкатҳои истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишин иштирок доштанд.
Конференсияи мазкурро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда меҳмонон ва иштирокчиён конфронсро хайра мақдам намуда, ҳамзамон аҳамият ва мубрамияти истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин бо мақсади анҷом додани корҳои илмӣ таҳқиқотӣ дар раванди тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои фалокатбори он тазакур доданд. Инчунин қайд карданд, ки дар ин замина бо Академияи илмҳои Хитой ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шуда, минбаъд омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон ба воситаи Ҳавопаймоҳои бесарнишин амри саривақтӣ мебошад.
Дар ҳамоиши мазкур профессор Қаюмов Абдулҳамид – директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» таҳти унвони “Истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар таҳқиқ ва мониторинги пиряхҳо ва омӯзиши қабати барф дар Тоҷикистон” маърӯза намуданд. Абдулҳамид Қаюмов чунин иброз доштанд, ки марказ ҳамасола дар баландиҳои аз 3500м боло дар ҳавзаҳои мухталифи дарёҳо ва пиряхҳои Тоҷикистон зиёда 15 экспедитсияҳо ва дар тули фаъолияти 5солаи худ зиёда аз 60 экспедитсияҳои саҳроиро ба роҳ мондааст.
Инчунин номбурда зикр карданд, ки ҳамасола барои гузаронидани ин экспедитсияҳо кормандони марказро зарур аст, ки 5000км роҳро бо автомобил ва 400км роҳро пиёда тай намоянд, ки ин албатта хароҷот ва вақти бисёрро талаб менамояд. Абдулҳамид Қаюмов иброз доштанд, ки дар ҳолати вуҷуд доштани Ҳавопаймоҳои бесарнишин мо метавонем бо хароҷоти кам ва сарфаи вақт таҳқиқотҳои илмиро анҷом диҳем.
Омӯзиш ва моделсозии пиряхҳо, бақайдгирӣ ва кашфи кӯлҳои руипиряхӣ, омӯзиш ва мониторинги пиряхҳои набзонӣ, мушоҳидаи пиряхҳои сангин ва муайян кардани ҳолатҳои хатарзои онҳо ва муайян кардани захираи боришоти сахти атмосферӣ дар минтақаҳои акумлятсионӣ яъне дар минтақаҳои ғизогирии пиряхҳо самтҳои асосии фаъолияти марказ ба ҳисоб рафта, бе истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ғайри имкон аст. Бинобар ин Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» бисёр ба ҳавопаймоҳои бесарнишин ниёз дорад.
Пешниҳоди директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»-ро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ва Чен Си – президенти Шуъбаи Синзянии Академияи илмҳои Хитой пазируфтанд ва кайд карданд, ки «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»-ро ҷиҳати васеътар ва дақиқтар ба роҳ мондани фаъолияти марказ, иҷроиши супориш ва тарғибу ташвиқи сиёсати Ҷаноби Олӣ вобаста ба масоили обу иқлим, омӯзиши пиряхҳо ва пиряхҳои сангини ҳудуди ҷумхуриамон барои таъмин намудани марказ бо Ҳавопаймои бесарнишин мусоидат менамоянд.