Дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пиряхҳо» ва бахшида ба амалигардонии Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид — «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази омӯзиши пиряхҳо хабар доданд.

Дар конфронс намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, ЮНЕСКО, шарикони рушди Швейтсария, Донишкадаи геофизикии баландкӯҳ ва дигар олимони дохилу хориҷи мамлакат иштирок намуданд. Дар он ҳамчунин зиёда аз 15 намояндаи хориҷӣ иштирок намуда, маърузаҳои худро пешкаши ҳозирин намуданд.

Самтҳои асосии фаъолияти конфронс- ин усулҳои муосири таҳқиқоти криосфера, пиряхҳо ва қабати барф; ҳолати ҳозираи криосфера, яхбандӣ, пиряхҳо ва захираҳои обӣ; тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо; усулҳои омӯзиши гидрохимиявӣ, радиоизотопӣ ва баҳодиҳии пиряхҳо ва сифати обҳои ҷорӣ аз пиряхҳо; офатҳои табиӣ марбут ба барф, пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ ва роҳҳои кам намудани хисорот ба хоҷагии халқ; таъсири ҳолати экологӣ, санитарӣ ва муҳити зист ба пиряхҳо ва ҳолати яхбандӣ буданд.

Дар конфронс олимон иброз доштанд, ки ҳолати пиряхҳо, баҳодиҳии онҳо дар раванди тағйирёбии иқлим ва роҳҳои коркарди ҳифзи пиряхҳо аҳамияти хос доранд. Зимни маърузаҳо натиҷаҳои аввали андозагирии ғафсии пиряхҳо ва алалхусус пиряхи Федченко оварда шуданд, ки давоми 50 соли охир чунин маълумот вуҷуд надошт.

Нотиқоне, ки доир ба тавозуни массаи пирях маъруза доштанд, исбот намуданд, ки он тавсифи манфӣ дорад, яъне обшавии пирях аз аккумулятсияи он зиёдтар ба назар мерасад.

Яке аз самтҳои муосири таҳқиқот, ки натиҷаҳои гузаронидани он тариқи маърузаи илмӣ пешкаш шуда буд, ин омӯзиш ва ба даст овардани маълумот доир ба ҳолати яхбандии доимӣ дар болооби дарёи Зарафшон ва Варзоб буд. Инчунин Маркази омӯзиши пиряхҳо системаи омӯзиши радиозотопии Осиёи Марказиро ба тариқи доимӣ дар асоси лабораторияи сифати об, санитария ва изотопҳо амалӣ  менамояд.

https://khovar.tj/2023/12/tasiri-ta-jiryobii-i-lim-ba-olati-piryah-oi-to-ikiston-dar-dushanbe-konfronsi-bajnalmilal-barguzor-shud/