Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Аморати Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаҳои муҳими сатҳи баланд дар мисоли Иҷлосияи пленарии Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим, Мизи мудаввари сатҳи баланди Саммити ҷаҳонӣ оид ба амалҳои иқлимӣ дар доираи Конфронси бистуҳаштуми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, Саммити Гурӯҳи 77 ва Хитой, Чорабинии сатҳи баланди Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28) ва инчунин дар чорабинии канории «Амалҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо» ширкат варзиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи пленарии Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим зикр намуданд, ки:

“Бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» қабул гардида, “Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо” таъсис дода шуд. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки саҳми молии аввалияи худро ба ин Фонди мақсаднок гузорад”.

Дар рафти суханронӣ дар Мизи мудаввари сатҳи баланди Саммити ҷаҳонӣ оид ба амалҳои иқлимӣ дар доираи Конфронси бистуҳаштуми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим Президенти мамлакат таъкид намуданд: “Тоҷикистон аз ҷиҳати таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ниҳоят осебпазир мебошад ва мисоли ин раванд босуръат об шудани пиряхҳои мо мебошад”.

Дар доираи суханронӣ дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Хитой дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба якчанд масъалаҳои муҳими обшавии пиряхҳо таваҷҷуҳи хоси худро зикр намуданд:

  • “Тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо гардида, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад”;

  • 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд ва ба ин манзур идомаи эҳтимолии раванди обшавии босуръати пиряхҳо метавонад дар оянда ба ҳаҷми захираҳои оби минтақа таъсири ҷиддии манфӣ расонад.

Чорабинии сатҳи баланди Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP-28) чунин суханҳоро дар бар мегирифт:

  • “Раванди обшавии пиряхҳо дар оянда барои таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасӣ ба об, рушди кишоварзӣ ва экосистемаҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ хоҳад расонд”;

  • “Мо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи Гурӯҳи навтаъсиси “Дӯстони пиряхҳо” ва дигар ҷонибҳои ҳавасманд дар амри амалӣ намудани муқаррароти қатъномаи мазкур омодагии хешро иброз медорем”;

  • “Тоҷикистон итминон дорад, ки ин иқдом барои андешидани тадбирҳои дастаҷамъонаи амалӣ ва ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат такони ҷиддӣ хоҳад бахшид”.

Дар чорабинии канории «Амалҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо» ширкат варзиданд аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин суханҳо зикр карда шуданд:

  • “Қатъномаи Созмони Милал аҳаммияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ эътироф намуда, вобастагии мутақобилаи ҳолати пиряхҳо ва иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устуворро ифода мекунад”;

  • “Қатъномаи Созмони Милал ҳамзамон таъсири гармшавии глобалиро заминаи қоҳиши густурдаи криосфера дониста, коста шудани устувории муҳитзистиро дар минтақаҳои баландкӯҳ натиҷаи ин раванд маънидод кардааст. Яке аз натиҷаҳои манфии ин раванд, ин коҳиши манбаъҳои об ва мутаносибан кам гардидани миқдори об дар дарёву кӯлҳо мебошад”;

  • “Манбаъҳои оби тозаи минтақаи мо, ки асосан аз пиряхҳо ва захираҳои барфӣ маншаъ мегиранд, маҳз таҳти таъсири тағйир ёфтани иқлим коҳиш ёфта истодаанд”;

  • “Бо мақсади арзёбии дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати пиряхҳои минтақа омузиши ҳамаҷониба ва мониторинги онҳо ба роҳ монда шавад. Ба ин мақсад ҳамзамон зарур медонем, ки имконияти таъсиси Маркази минтақавии мониторинг ва омузиши пиряхҳо дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирад”;

  • “Бинобар моҳияти пиряхҳо барои ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар ҳама минтақаҳои ҷаҳон обшавии онҳо барои тамоми мардуми дунё боиси нигаронист”.