МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ИЛМИИ МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ХРОМАТОГРАФИ ИОНИРО ДАСТРАС НАМУД
Маъмур: cryosphere 01-12-23 284
Дар доираи татбиқи Лоиҳаи миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) TAD7004 — «Ташаккули иқтидори миллӣ барои арзёбии ҳолати пиряхҳо ва қабати барф дар шароити тағйирёбандаи иқлим» маросими расмии супоридани хроматографи ионӣ ба озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» доир шуд.
Дар маросими супоридани хроматографи ионӣ директори МДИ «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ» профессор Қаюмов А., директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ АМИТ Илҳом Мирсаидзода ва кормандони МДИ «МОП АМИТ» ширкат варзиданд.
Ҳадафи лоиҳаи TAD 7004 омӯзиш, арзёбӣ ва инчунин муайян намудани равандҳои гидрологии таназзули пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Лоиҳаи мазкур ба афзалиятҳои миллӣ оид ба самти пешбурди устувории экологӣ ва идоракунии бомароми захираҳои обӣ, ки дар Стратегияи миллии рушд то соли 2030 дарҷ шудаанд, ҳамаҷониба мувофиқат менамояд.
Татбиқи чунин лоиҳаҳо ва истифодаи технологияҳои нави таҳлил ва мониторинги таназзули пиряхҳо барои чен намудани ҷараёни об дар дарёҳои пиряхҳои Тоҷикистон, инчунин барои моделсозӣ, пешгӯйӣ ва андешидани тадбирҳо оид ба коҳиш додани таъсири иқлим зарур аст.
Гуфта мешавад, ки дар солҳои оянда Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) тасмим гирифтааст, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи TAD 7004 омодасозии кадрҳои Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»-ро низ идома дода, ба ин васила иқтидори миллии илмиро ба вуҷуд орад, ки онҳо омӯзиши пиряхҳо ва қабати барфро дар шароити тағйирёбии иқлим арзёбӣ намоянд.
Профессор Қаюмов А. изҳор доштанд, ки маҳз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис ёфта, имрӯзҳо дар доираи он таҳқиқотҳо ва таҳлилҳои гунони илмӣ дар соҳаи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ на ҳар давлат метавон фахр аз дастрас будани асбобҳои баландсифати муосир намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ташаббусҳои ҷаҳониаш ва хусусан бо иқдоми панҷуми Ҷаноби Олӣ – эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо шароитҳои мусоид барои шуғлияти илмӣ дар соҳаи пиряхшиносӣ фароҳам овардааст.