ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» оид ба нашри шумораи 1-уми «Атлас-Каталоги пиряхи Федченко», ки ба силсилаи Каталоги пиряхҳои Тоҷикистон дохил мешавад, ба АМИТ «Ховар» маълумот дод.
Директори Маркази омӯзиши пиряхҳо Абдулҳамид Қаюмов иброз дошт, ки «аз замони нашри нахустин Каталоги пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 50 сол сипарӣ шуд, бинобар ин, омода намудани Каталоги навшудаи пиряхҳо зарур буд. Нашри қаблӣ сохти схематикӣ дошт, нашри навбатӣ бо истифода аз усулҳои муосири харитасозӣ ва технологияи системаҳои иттилоотии ҷуғрофӣ (GIS), аз ҷумла маълумоти моҳвораии баландсифат таҳия шудааст. Бинобар истифодаи технологияҳои муосири пешрафта ва равиши инноватсионии кормандони Маркази омӯзиши пиряхҳо давоми панҷ сол Каталоги навшуда дар сатҳи боз ҳам баландтар омода гардид. Ин нашрия натиҷаи аввалин барӯйхатгирии воқеии пиряхҳо мебошад. Каталоги таҳияшудаи пиряхҳо дар асоси технологияҳои муосири GIS ҳамчун сарвати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мешавад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 июли соли 2022 дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе зимни суханронӣ оид ба вазъи пиряхҳо дар раванди тағйири иқлим дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон бахусус таъкид намуданд, ки «барои омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон мо дар назди Академияи миллии илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис додем». Ин сухан барои кормандони Маркази мо илҳомбахш гардид ва мо тавонистем дар муддати кӯтоҳ чунин нашрияи пурарзиш омода созем».
Яке аз вазифаҳои асосии бамиёнгузоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин инвентаризатсияи пиряхҳо ва дақиқ намудани ҳолати онҳо бо истифода аз технологияҳои муосир ва таҳқиқоти бунёдӣ буд. Мақсади асосии мо дар ин раванд- ин таҳияи Феҳристи расмии пиряхҳои Тоҷикистон буд. Барои анҷом додани чунин масъалаи густурда Марказ соли 2019 аз аккредитатсияи давлатӣ бомуваффақият гузашт ва имрӯз ягона муассисаи давлатии аккредитатсияшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзиши пиряхҳо мебошад. Аккредитатсия муҳим аст, зеро бе он Марказ ҳуқуқи дар соҳаи пиряхшиносӣ таҳқиқот гузаронидан надорад.
«Имрӯз Марказ дар соҳаи пиряхшиносӣ ва криосфера таҳқиқоти муваффақона мегузаронад ва нашри Феҳрист қонунӣ ва расмӣ мебошад. Марказ доир ба вазъи ҳар пирях, ки вазифаи гузоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, маълумоти мукаммал омода намуд»,-афзуд директори марказ.
Профессор Абдулҳамид Қаюмов ҳамчунин иброз дошт, ки ба «Атлас-Каталоги ҳавзаи пиряхи Федченко» маводи иттилоотӣ оид ба ҳарорат, бориш, радиатсияи офтоб ва дигар нишондиҳандаҳо (беш аз 30) дар солҳои охир, яъне аз соли 1981 то соли 2022 замима шудаанд. Танҳо параметрҳои метеорологӣ аз 10 нишондиҳанда иборат мебошанд. Ин мавод дар се ҷилд дар ҳаҷми умумии 1200 саҳифа пешниҳод шуда, дорои ҷадвалҳои маълумотӣ мебошанд. Ин гуна маълумот дар ҷумҳурӣ дар шакли озоди дастрас вуҷуд надорад. Мо ин масъаларо низ ҳал намуда, маълумотро дастраси ҳамагон намудем. Таҳлили ин маълумот иттилооти бисёрҷанбае фароҳам меорад, ки барои таҳқиқотчиён, аспирантон, докторантон, таҳлилгарон, сиёсатмадорон ва шахсони тасмимгиранда маводи арзишманд мебошад.
Ин нашрия натиҷаҳои аввалини барӯйхатгирии воқеии пиряхҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо истифода аз технологияҳои муосир ва дақиқ мебошад. Хусусияти хоси ин Феҳрист дар он аст, ки ҳар пирях координатаҳои худро дорад ва ҷойгиршавии он бо истифода аз технологияҳои харитасозӣ нишон дода шудааст. Маълумот дар бораи ақибнишинии пиряхҳо дар давраҳои муайян низ оварда шудааст, ки андозаҳои хаттӣ ва масоҳати қисми нопадидшудаи пиряхро нишон медиҳанд. Ин оид ба тарзҳои тағйир ёфтани пиряхҳо ё системаҳои пиряхҳо маълумот медиҳад.
Баҳодиҳии захираҳои барфу ях барои мутахассисони соҳаҳои гуногун мароқи калон дорад, чунки барфу ях дар табиат ва иктисодиёт нақши муҳим мебозанд. Таҳияи Феҳристи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси технологияҳои муосири GIS барои рушди пиряхшиносӣ ва соҳаҳои алоқаманди илмӣ доир ба захираҳои обу замин дурнамои васеъ боз менамояд, ки дар оянда ба рушди минбаъдаи минтақаҳои зиёди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Мақсади асосии феҳрист- баҳодиҳии воқеии захираҳои барфу ях, захираҳои обёрии онҳо, хусусияти режим, тағйирпазирӣ ва имконияти истифодаи онҳо мебошад. Дар он натиҷаҳои гуногуни таҳқиқотӣ оид ба барфу ях, ки дар доираи зиёда аз 60 экспедитсия ва таҳқиқоти саҳроии Маркази омӯзиши пиряхҳо дастрас шудаанд, ба система дароварда шудааст.
Тибқи мавзуи илмӣ, барои ба нашр омода намудани 12 ҷилди Каталоги пиряхҳои Тоҷикистон бо назардошти ҳавзаҳои дарёҳо, мансубияти ҳудудӣ ва шабоҳати шароити физикию ҷуғрофӣ, ҷойгиршавӣ ва экспозитсияи ин пиряхҳо кор идома дорад. Дар айни замон корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва зондиронии фосилавӣ барои омода намудани ин ҷилдҳо фаъолона идома доранд.
«Таҳияи силсилаи «Каталоги пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси харитасозӣ ва технологияҳои муосири ҷуғрофӣ сарвати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бунёдкоронаю созанда будани сиёсати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шаҳодат медиҳад»,-гуфт Абдулҳамид Қаюмов.
АКС: АМИТ «Ховар»/Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон