16 – ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 ПЕШВОИ РАҲНАМО ВА ҒАМХОРИ ОРИЁТАБОР

“Ман Ватани маҳбубам ва халқи азизамро сидқан ва беш аз ҷони худ дӯст медорам, зеро ман бо нону намаки халқи бузургворам ба ин мартаба расидаам ва ин нону намакро то нафаси вопасини ҳаётам пос медорам”.

                                                                   Эмомалӣ РАҲМОН


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзи ба иҷрои вазифа шуруъ кардани худ на танҳо дар фикри хомӯш ва саркӯб намудани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ, таъмини ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон буданд, балки мавсуф ҳамчун як Лидери сиёсӣ ва сиёсатмадори варзида барои ояндаи дурахшон ва саодатмандии миллату кишвар аз самими қалби ҷавонии худ талош менамуду мегуфт: “Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам.

Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам боварии комил дорам”.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ миллати моро ба кадом ҳад расонида буд ва ҳеҷ як уммеди ба ин рӯзҳои нек расиданамонро ҳам намекардем ва инчунин дар гӯшаи хаёламон ҳам набуд.

Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва ҷавлони саманди андешаҳои басо ҳам оқилонаю дурандешонаи ватанпарастонаи Президенти кишварамон муҳтарам Ҷаноби Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон миллати парокандаи тоҷик боз ба ҳамдигар муттаҳид гардидаву ҳамзамон  оташи ин ҷанги хонумонсӯз ба шарофати талошу ҷонбозиҳои қаҳрамононаи ин абармарди миллат хомӯш гардид ва Тоҷикистони азизу арҷмандамон аз вартаи фаношавӣ берун омад.

Ҳанӯз аз замони Сарвари давлат интихоб шуданаш ин абармарди арсаи сиёсат дар рафти баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ  дар толори Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд тавваҷҷуҳи хосае ба ҳама самтҳои хоҷагии халқ намуда, бевосита таҳким ва пешрафти босуръату фароҳам овардани шароити хуби зиндагии арзандаи халқро масъулияти аввалиндараҷаи худ ҳисобида, ҷиҳати оҷилан баланд бардоштани тамоми соҳаҳои калидии ҷомеа кӯшишу ғайрати зиёде ба харҷ дод, ки натиҷаи назарраси онро мо дар зарфи се даҳсолаи охир бармало эҳсос менамоем, ки бароямон боиси эътибору эътироф маҳсуб меёбанд.

Пешвои муаззами миллат бошанд забонро рукни муҳимми давлату давлатдорӣ  шуморида, борҳо аз минбарҳои бонуфузи ватанию хориҷӣ таъкид намудаанд, ки “Забони тоҷикӣ дар навбати худ ба сифати муҳимми рукни давлатдории миллӣ, ваҳдату сарҷамъии миллати моро дар саросари кишвар таъмин сохт”.

Чунки агар барои ҳар як миллат пеш аз ҳама  забонаш муқаддас бошад, пас забони ноби тоҷикӣ барои ҳар яки мо дучанд ва ё даҳчанд муқаддасу арзишманд мебошад. Зеро таърихи пурғановати миллат гувоҳ аст, ки забони давлатиамон дар барпо гардидан ва инчунин Истиқлоли комили сиёсиро соҳиб шудан нақши басо ҳам ҳалкунандаро бозидааст.


Маъмурияти Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ ” ҳамаи Шумо ҳамкорон ва ҳамватанони азизро ба ин рӯзи фархунда аз самимӣ қалб табрику таҳният гуфта ба Шумо барори кор ва сиҳатмандӣ орзу менамоям.

Бо камоли эҳтиром Директори Марказ
профессор,  А. Қаюмов