Давлати мустақил давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, сарҳад ва артиш мебошад. Дар баробари ҳамаи ин ҳар як давлат қонуни асосӣ дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонаш сабт шудаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам қонуни асосие ҳаст, ки мо онро «Қонуни бахт» ё «Бахтнома» мегӯем, зеро дар ин қонун, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад, тамоми қонуниятҳои зиндагонии сокинони кишвар дарҷ гардида, ҳар як сокини ҷумҳурӣ Конститутсияро эҳтиром карда, дар доираи арзишҳои он кору фаъолият менамояд.
Дар зери мафҳуми конститутсия дар илми ҳуқуқшиносӣ одатан қонуни асосии давлат фаҳмида мешавад, ки дар он асосҳои сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ муқаррар карда шудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар ва роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.
Сарчашмаи асосии Конститутсияи нави Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон солҳои 1990-1991 аст, ки дар он ба таври сиёсӣ-ҳуқуқӣ соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон эълон гардидааст. Маҳз дар он якумин бор эълон карда шудааст, ки дар марзи Тоҷикистон ҳукмравоии Конститутсияи Тоҷикистон ва қонунҳои он муқаррар карда мешавад.
Конститутсия на фақат қонуни асосӣ, балки санади махсуси ҳуқуқиест, ки бо эътибори олии ҳуқуқии худ аз дигар қонунҳо фарқ мекунад. Ҳеҷ як қонуни дигар бо эътибори ҳуқуқии худ ба он баробар шуда наметавонад. Дар баробари ин, конститутсия хосиятҳои ҳуқуқие дорад, ки қонуни махсус будан ва нисбат ба дигар қонунҳо бартарӣ ва қувваи махсуси ҳуқуқӣ доштани ӯро нишон медиҳанд.
Аз ин имконияти муносиб истифода намуда, мардуми шарифи кишварро бо фарорасии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо бахту иқболи нек, зиндагии осуда ва дар кору фаъолияташон бурдбориҳоро таманно дорем.
Роҳбарияти Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ»