Иштироки директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» профессор Абдулҳамид Қаюмов дар Фестивали ҷавонони пойтахт
Маъмур: cryosphere 31-10-23 371
25-уми октябри соли 2023 дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Умари Хайёми пойтахт бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Фестивали ҷавонони пойтахт таҳти унвони “Об – барои ояндаи мо” баргузор гардид. Қабл аз он меҳмонон Осорхонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воқеъ гардидааст тамошо карданд.
Инчунин дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Тоҷикистон – ташаббускори масоили об дар сатҳи ҷаҳонӣ” баргузор гардид. Дар он директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» профессор Абдулҳамид Қаюмов иштирок намуд.
Дар Конференсияи илмӣ-назариявӣ профессор Абдулҳамид Қаюмов дар мавзуъҳои “Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим” ва “Тоҷикистон – пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон” маърузаҳои худро пешкаши ҳозирин намуданд. Дар маърузаи худ профессор А. Қаюмов қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим ва ҳалли мушкилиҳои бо гармшавии глобалӣ алоқаманд буда барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор заминаи пойдор мегузоранд.
Дар навбати худ МДИ «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» таҳти сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо саҳми назарраси худро мегузорад. Айни ҳол Марказ вобаста ба иқдоми V-уми Ҷаноби Олӣ, яъне эълон намудани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Консепсияи ташкил ва гузаронидани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, Барномаи илмӣ ҷиҳати иштироки МДИ «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ» дар ташкил ва гузаронидани “соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва Нақшаи амал ҷиҳати иштироки МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” дар ташкил ва гузаронидани “соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”- ро омода сохтааст.
Пас аз анҷоми конференсия меҳмонон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Умари Хайём намоишгоҳи масоили обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳоро тамошо карданд.