Р/т |
Номгӯйи чорабиниҳо |
Натиҷаҳои интизоршаванда |
Маъсул |
1. |
Ташкил намудани мактабҳои тобистонаи омӯзишӣ бо шарикони рушди устувор. |
Мувофиқи барномаи мактаби тобистона гузаронидани чорабиниҳо аз ҷумла, курсҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми кор ва ҳаракат дар пиряхҳо. |
МДИ МОП АМИТ
ФГЭ (ГЭФ)
ХҶМП (ВСМЛ)
АШОРҲ (ШАРС)
ДШОҲТ (ШОСТ)
ИТИБТ (ИИСЛ)
ДФ (УФ)
ҶҲБ (ОМС) |
2. |
Гузаронидани экспедитсияҳои илмӣ- таҳқи-
қотӣ барои муайян намудани майдони қабати барф ва сарҳади пиряхҳо дар ҳавзаҳои дарёҳои Зарафшон, Кофарниҳон ва пиряхи Федченко. |
Дар натиҷаи гузаронидани экспедитсияҳои илмӣ – таҳқиқотии қабати барф, захираи барф ва дигар маълумот муайян карда мешавад. |
3. |
Дар асоси технологияҳои муосири таҳқиқоти фосилавӣ ГИС – технология муайян намудани нуқтаҳои ҷойгиршавӣ ва масоҳати пиряхҳои ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Кофарниҳон ва пиряхи Федченко. |
Бо ёрии системаи геоиттилоотӣ дақиқ муайян намудани масоҳат, нуқтаҳои ҷойгиршавии пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Зарафшон, Кофарниҳон ва пиряхи Федченко. |
4. |
Муайян намудани тавозуни ҳаҷми пиряхҳои ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Кофарниҳон ва пиряхи Федченко дар асоси технологияҳои муосири глятсиологӣ ва (ГИС – технология). |
Натиҷаҳои таҳқиқот имкон медиҳанд, ки дараҷаи таъсири тағйирёбии иқлим ба яхшавии минтақаи ҷойгиршавии пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Зарафшон, Кофарниҳон ва пиряхи Федченко муайян карда, тағйироти ҳолати онҳо дар оянда баҳо дода шавад. |
5. |
Бо истифода аз имкониятҳои таҳқиқоти фосилавӣ таҳлил ва назорати динамикаи пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхии ҳавзаҳои дарёҳои Зарафшон, Кофарниҳон ва пиряхи Федченко. |
Таҳқиқоти фосилавӣ имконият медиҳад, ки динамикаи пирях, кӯлҳои пиряхӣ ва селҳои пиряхиро назорат, таҳлил мушоҳидаҳои доимӣ намуда ва инчунин барои пешгӯйӣ аз кам кардани хавфи селҳои пиряхӣ дар минтақаҳои сераҳолӣ. |
6. |
Ҷорӣ намудани моделҳои муосир дар самти мониторинги пиряхҳои ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Кофарниҳон ва пиряхи Федченко. |
Ҳангоми ҷорӣ намудани моделҳои муосир мо метавонем ҳолати ҳозираи пиряхҳо, обшавии пирях дар минтақаи аблятсионӣ ҷамъшавии барф дар минтақаи аккумулятсионӣ ва дигар маълумоти метеорологиро назорат намоем. |
7. |
Истифода бурдани ҳавопаймоҳои бесарнишин барои дақиқ муайян намудани ҳолати пиряхҳои Зарафшон, Кофарниҳон ва пиряхи Федченко. |
Дар натиҷаи истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин мо метавонем ба таври дақиқ параметрҳои пиряхҳо, ки пеш аз ҳама шаклу андоза, инчунин тағйироти ҳаҷми яхҳои таркибии онро муайян намуда ҳамзамон, истифодаи маводи таҳқиқот дар рафти корҳои гуногуни глятсиологиро ба роҳ монем. |
8. |
Ташкили базаи маълумот оид ба пиряхҳо дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Кофарниҳон ва пиряхи Федченко. |
Ташкили базаи маълумоти сохташуда оид ба пиряхҳо имкон медиҳад, ки динамикаи шаклҳои нивалӣ-глятсиалӣ мувофиқи координатҳо ва конфигуратсияи сарҳадӣ, маълумотро дар лоиҳаҳои системаи геоиттилоотӣ ва порталҳои системаи геоиттилоотӣ нишон диҳем. Ҳангоми базаи маълумотро пурра намудан, имконияти ба базаҳои байналмиллалӣ ворид шуданро низ дорем. |
9. |
Таҳлил ва баҳодиҳии ҳолати пиряхҳо дар асоси таҳқиқоти фосилавӣ ва саҳроӣ барои ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Кофарниҳон ва пиряхи Федченко. |
Таҳлил ва баҳодиҳии ҳолати ҳозираи пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Зарафшон, Кофарниҳон ва пиряхи Федченкоро бо якчанд усул ба роҳ мондан мумкин аст, аз ҷумла бо ёрии таҳқиқотҳои саҳроӣ, фосилавӣ ва истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин. |
10. |
Ба роҳ мондани экспедитсияҳои байналмилалӣ бо шарикони рушд дар пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
Дар натиҷаи экспедитсияҳои байналмилалӣ бо шарикони рушд дар пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Зарафшон, Кофарниҳон ва пиряхи Федченко Феҳристи пиряхҳои ин ҳавзаҳо, реҷаи гидрологии дарёҳо ва дигар параметрҳо муайян карда мешаванд. |
11. |
Гузаронидани корҳои аэровизуалӣ ва экпедитсионию саҳроӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои Помири Ғарбӣ (дар мувофиқа бо мақомоти босалоҳият). |
Дар натиҷаи гузаронидани мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ва экпедитсионию саҳроӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои Помири Ғарбӣ захираи барф, қабати барф ва вазъи обнокии дарёҳо муайян карда мешаванд. |
12. |
Таҳия ва нашри Феҳристи (Каталог) – и пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳавзаҳои дарёҳои Зарафшон, Кофарниҳон ва пиряхи Федченко). |
Кор карда баромадани усулҳои истифодаи зондиронии фосилавӣ ҷиҳати гузаронидани мониторинги пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар асоси технологияҳои ГИС мониторинги доимии пиряхҳо ба роҳ монда мешавад, ки ин имкон медиҳад ҳар 5-10 сол мунтазам Феҳрист таҷдид карда шавад. |
13. |
Ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ (конфронс, семинар ва тренингҳо). |
Баргузории чорабиниҳои илмӣ оид ба арзёбии ҳарорати ҳаво ва пайомадҳои таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Кофарниҳон ва пиряхи Федченко, бо мақсади беҳтарсозии сатҳи маълумотнокӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо. |
14. |
Пешниҳод намудани ҳисоботи илмӣ оид ба иҷроиши бандҳои Нақша-чорабинии барномаи мазкур. |
Натиҷаҳои бандҳои нақшаи мазкур дар намуди ҳисобот пешниҳод мешаванд. |
15. |
Гузаронидани корҳои аэровизуалӣ ва экс-педитсионию саҳроӣ дар ҳавзаҳои пиряхҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои аэровизуалӣ ва экспедитсионию саҳроӣ хати барфӣ ва баландии барф муайян карда шуда обнокии дарёҳои ҷумҳурӣ пешгӯйӣ карда мешаванд. |
МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”, Агентии обуҳавошино–
сии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа) |
НАҚША- ЧОРАБИНИҲО ВОБАСТА БА ИҶРОИ “БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ОМӮЗИШ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024”
|
Р/т |
Номгӯйи чорабиниҳои марҳалаи аввал |
Натиҷаҳои интизоршаванда |
Масъул |
1. |
Муайян намудани майдони қабати барф ва сарҳади пиряхҳо дар ҳавзаҳои дарёҳои Сурхоб, Обихингоб ва Муксу дар асоси гузаронидани экспедитсияҳои илмӣ- таҳқиқотӣ. |
Тавассути гузаронидани корҳои таҳқиқоти саҳроӣ, фосилавӣ ва истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин қабати барф ва сарҳади пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Сурхоб, Обихингоб ва Муксу муайян карда шуда, дар шакли ҳисобот, муаррифӣ ва мақола пешниҳод мегарданд. |
МДИ МОП АМИТ
СИГ (ГИС)
ФГЭ (ГЭФ)
ХҶМП (ВСМЛ)
АШОРҲ (ШАРС)
ДШОҲТ (ШОСТ)
ИТИБТ (ИИСЛ)
ДФ (УФ)
ҶҲБ (ОМС) |
2. |
Муайян намудани нуқтаҳои ҷойгиршавӣ ва масоҳати пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Сурхоб, Обихингоб ва Муксу ба воситаи технологияҳои муосири таҳқиқоти фосилавии ГИС – технология. |
Дар асоси технологияҳои ГИС мониторинги доимии пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Сурхоб, Обихингоб ва Муксу ба роҳ монда мешавад, ки ин имкон медиҳад ҳар 5-10 сол мунтазам Феҳрист таҷдид карда шавад. |
3. |
Омӯзиш ва муайян намудани тавозуни ҳаҷми пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Сурхоб, Обихингоб ва Муксу дар асоси технологияҳои муосири глятсиологӣ ва (ГИС – технология). |
Таҳлил ва баҳодиҳии ҳолати пиряхҳо гузаронида шуда ва инчунин таҳлили муқоисавии динамикаи ҷамъшавӣ ва обшавии пиряхҳои Сурхоб, Обихингоб ва Муксу ба даст оварда мешавад. |
4. |
Гузаронидани таҳлил ва назорати динамикаи пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхии ҳавзаҳои дарёҳои Сурхоб, Обихингоб ва Муксу бо истифода аз имкониятҳои таҳқиқоти фосилавӣ. |
Дар асоси маълумоти илмии аз зондиронии фосилавӣ ва дигар технологияҳои инноватсионӣ дастрасшуда, мониторинги эҳтимоли хатари рахнашавидоштаи кӯлҳои наздикӯҳӣ бо дарназардошти мавқеи ҳавзавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. |
5. |
Дар самти гузаронидани мониторинги пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Сурхоб, Обихингоб ва Муксу ҷорӣ намудани моделҳои муосир. |
Кор карда баромадани усулҳои истифодаи зондиронии фосилавӣ ва моделҳои муосир ҷиҳати гузаронидани мониторинги пиряхҳои ҳавзаи дарёҳои Сурхоб, Обихингоб ва Муксу. |
6. |
Барои аниқ муайян намудани ҳолати пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Сурхоб, Обихингоб ва Муксу бо истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин. |
Ҳолати воқеии пиряхҳои ҳавзаи дарёҳои Сурхоб, Обихингоб ва Муксу ва захираҳои об ҳамчун объектҳои стратегии кишвар баҳогузорӣ карда мешавад. |
7. |
Дар бораи пиряхҳои ҳавзаи дарёҳои Сурхоб, Обихингоб ва Муксу ташкил намудани базаи маълумот. |
Бахши иттилоотии серверӣ таъсис дода мешавад, ки барои нигаҳдорӣ ва ҳифз намудани маълумот оид ба пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Сурхоб, Обихингоб Муксу ва истифодаи фаврии ин махзанҳо истифода бурда мешавад. |
8. |
Дар асоси гузаронидани таҳқиқоти фосилавӣ ва саҳроӣ гуза ронидани таҳлили муқоисавӣ ва арзёбии ҳола ти пиряхҳо барои ҳавзаҳои дарёҳои Сурхоб, Обихингоб ва Муксу. |
Дар асоси маълумоти ба даст омада баҳодиҳии нав ба ҳолати пиряхҳои босуръат ҳаракаткунанда (пульсирующие ледники) ҳавзаи дарёҳои Сурхоб, Обихингоб Муксу муайян ва муқаррар карда мешавад. |
9. |
Ташкил намудани экспедитсияҳои байнал милалӣ бо шарикони рушд дар пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
Бо дарназардошти манфиатҳои милливу сиёсӣ, инчунин бо мақсади табодули маълумоти навини илмӣ ва истифодаи онҳо ташкил намудани экспедитсияҳои байналмилалӣ бо шарикони рушд дар пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Сурхоб, Обихингоб ва Муксу. |
10. |
Ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ (конфронс, семинар ва тренингҳо). |
Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ дар бораи пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Сурхоб, Обихингоб ва Муксу, арзёбии хатарҳо ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ. |
11. |
Гузаронидани корҳои аэровизуалӣ ва экпедитсионии саҳроӣ дар ҳавзаи дарёҳои Помири Ғарбӣ (дар мувофиқа бо мақомоти босалоҳият). |
Дар натиҷаи гузаронидани мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ва экпедитсионию саҳроӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои Помири Ғарбӣ захираи барф, қабати барф ва вазъи обнокии дарёҳо муайян карда мешавад. |
12. |
Таҳия ва нашри Феҳристи (Каталог) – и пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳавзаҳои дарёҳои Сурхоб, Обихингоб ва Муксу). |
Дар асоси технологияҳои ГИС мониторинги доимии пиряхҳои пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Сурхоб, Обихингоб ва Муксу ба роҳ монда мешавад, ки ин имкон медиҳад ҳар 5-10 сол мунтазам Феҳристи ин пиряхҳо таҷдид карда шавад. |
13. |
Ташкил намудани мактабҳои тобистонаи омӯзишӣ дар пиряхҳо бо шарикони рушди устувор. |
Мувофиқи барномаи мактаби тобистона гузаронидани чорабиниҳо аз ҷумла, курсҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми кор ва ҳаракат дар пиряхҳо. |
14. |
Ҳисоб намудани тавозуни массаи пиряхҳо, яхбандии доимӣ. |
Арзёбии пиряхҳои омӯхташуда муайян карда мешавад ва тавозуни онҳо ба вазни пиряхҳо аз нигоҳи таърихӣ, мутобиқи иттилоот тавассути ҳамгироӣ ба даст омада, вазъи ҳозираи онҳо муайян карда мешавад. |
15. |
Омӯзиши адабиёт ва ҷустуҷӯйи мазуъҳои лоиҳаи буҷетӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо. |
Ҷустуҷӯйи мавзуъҳо оид ба масъалаи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо. |
16. |
Таҳқиқоти геодезии пиряхҳо. |
Ҳангоми таҳқиқоти геодезии пиряхҳо маълумоти навро дар бораи пиряхҳо, ки дар навбати худ нишондиҳандаи тағйироти шароити иқлимии сайёра мебошад ба даст овардан мумкин аст. |
17. |
Пешниҳод намудани ҳисоботи илмӣ оид ба иҷрои бандҳои Нақша-чорабинии барномаи мазкур. |
Натиҷаҳои бандҳои нақшаи мазкур дар намуди ҳисобот пешниҳод карда мешаванд. |
18. |
Гузаронидани корҳои аэровизуалӣ ва экспедитсионӣ- саҳроӣ дар ҳавзаҳои пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои аэровизуалӣ ва экспедитсионӣ-саҳроӣ хати барфӣ ва баландии барф муайян карда шуда, сатҳи обнокии дарёҳои ҷумҳурӣ пешгӯйӣ карда мешаванд. |
МДИ Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ, Агентии обуҳавошино–
сии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа) |
НАҚША- ЧОРАБИНИҲО ВОБАСТА БА ИҶРОИ “БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ОМӮЗИШ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2025”
|
Р/т |
Номгӯйи чорабиниҳои марҳалаи аввал |
Натиҷаҳои интизоршаванда |
Масъул |
1. |
Бо мақсади муайян намудан қабати барф ва сарҳади пиряхҳо гузаронидани экспедитсияҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои Бартанг, Панҷ ва Ванҷ. |
Дар натиҷаи гузаронидани экспедитсияҳои илмӣ- таҳқиқотӣ дар пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Бартанг, Панҷ, Ванҷ ва таҳлили маълумоти ба даст омада, таносуби маҷрои пиряхҳо дар дарёҳои ин ҳавза бо назардошти тағйирёбии иқлим пешгӯйӣ карда мешавад. |
МДИ МОП АМИТ
СИГ (ГИС)
ФГЭ (ГЭФ)
ХҶМП (ВСМЛ)
АШОРҲ (ШАРС)
ДШОҲТ (ШОСТ)
ИТИБТ (ИИСЛ)
ДФ (УФ)
ҶҲБ (ОМС) |
2. |
Бо ёрии технологияҳои муосири таҳқиқоти фосилавӣ ГИС – технология аниқ намудани нуқтаҳои ҷойгиршавӣ ва масоҳати пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Бартанг, Панҷ ва Ванҷ. |
Дар асоси технологияҳои геоиттилоотӣ шумора ва масоҳати имрӯзаи пиряхҳо дақиқ карда шуда, саҳми онҳо дар пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Бартанг, Панҷ ва Ванҷ муайян мегардад. |
3. |
Бо мақсади муайян намудани тавозуни ҳаҷми пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Бартанг, Панҷ , Ванҷ дар асоси технологияҳои муосири глятсиологӣ (ГИС – технология). |
Дар асоси технологияҳои муосири глятсиологӣ тавозуни ҳаҷм ва равандҳои таназзули пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Бартанг, Панҷ ва Ванҷ дар шароити тағйирёбии иқлим муайян ва омӯхта мешаванд. |
4. |
Гузаронидани таҳлил ва назорати динамикаи пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхии ҳавзаҳои дарёҳои Бартанг, Панҷ ва Ванҷ бо истифода аз имкониятҳои таҳқиқоти фосилавӣ. |
Мутобиқи маълумоти илмии аз зондиронии фосилавӣ ва дигар технологияҳои инноватсионӣ дастрасшуда мониторинги эҳтимоли хатари рахнашавидоштаи кӯлҳои наздикӯҳӣ бо дарназардошти мавқеи ҳавзавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Вобастагии боришоти ҳарорат аз динамикаи тағйирёбии пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Бартанг, Панҷ ва Ванҷ муайян карда мешавад. |
5. |
Татбиқ намудани моделҳои нави муосир дар самти мониторинги пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Бартанг, Панҷ ва Ванҷ. |
Ҳангоми ҷорӣ намудани моделҳои муосир мо метавонем ҳолати ҳозираи пиряхҳо, обшавии пирях дар минтақаи аблятсионӣ, ҷамъшавии барф дар минтақаи аккумулятсионӣ ва дигар маълумоти метеорологиро назорат намоем. |
6. |
Ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ (конфронс, семинар ва тренингҳо).
|
Баргузории чорабиниҳои илмӣ оид ба арзёбии ҳарорати ҳаво ва пайомадҳои таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Бартанг, Панҷ ва Ванҷ бо мақсади беҳтарсозии маълумотнокӣ оид ба пиряхҳо. |
7. |
Бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин барои дақиқ муайян намудани ҳолати пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Бартанг, Панҷ ва Ванҷ. |
Роҳҳои нави омӯзиши пиряхҳо бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ба мо имкон медиҳад, ки ҳаракат ва дигар параметрҳои пиряхҳоро ба таври дақиқ муайян намоем. |
8. |
Таъсиси махзани маълумот оид ба пиряхҳо дар ҳавзаҳои дарёҳои Бартанг, Панҷ ва Ванҷ. |
Бахши иттилоотии серверӣ таъсис дода мешавад, ки барои нигаҳдорӣ ва ҳифз намудани маълумот оид ба пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Бартанг, Панҷ ва Ванҷ истифодаи фаврии ин махзанҳо истифода бурда мешавад. |
9. |
Бо ёрии таҳқиқоти фосилавӣ ва саҳроӣ гузаронидани таҳлили муқоисавӣ ва арзёбии ҳолати пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Бартанг, Панҷ ва Ванҷ. |
Таҳлили муқоисавӣ ва баҳодиҳии ҳолати пиряхҳои ҳавзаи дарёҳои Бартанг, Панҷ ва Ванҷ гузаронида хоҳад шуд ва инчунин таҳлили динамикаи ҷамъшавӣ ва обшавии ин пиряхҳо ба даст оварда мешавад. |
10. |
Гузаронидани экспедитсияҳои байналмилалӣ бо шарикони рушд дар пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
Бо дарназардошти манфиатҳои милливу сиёсӣ, инчунин бо мақсади табодули маълумоти навини илмӣ ва истифодаи онҳо ташкил намудани экспедитсияҳои байналмилалӣ бо шарикони рушд дар пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Бартанг, Панҷ ва Ванҷ. |
11. |
Гузаронидани корҳои аэровизуалӣ ва экпедитсионии саҳроӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои Помири Шарқӣ. |
Дар натиҷаи гузаронидани мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ва экпедитсионии саҳроӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои Помири Шарқӣ захираи барф, қабати барф ва вазъи обнокии дарёҳо муайян карда мешавад. |
12. |
Таҳия ва нашри Феҳристи (Каталог) – и пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳавзаҳои дарёҳои Бартанг, Панҷ ва Ванҷ). |
Дар асоси технологияҳои ГИС мониторинги доимии пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Бартанг, Панҷ ва Ванҷ ба роҳ монда мешавад, ки ин имкон медиҳад ҳар 5-10 сол мунтазам Феҳристи ин пиряхҳо таҷдид карда шавад. |
13. |
Омӯзиши пиряхҳои сангин (каменные глетчеры). |
Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои сангинро (каменные глетчеры) омӯхта, таҳқиқот ҷиҳати таназзули онҳо гузаронида мешавад. |
14. |
Омӯзиши термодинамикаи пиряхҳо. |
Равандҳо ва хосиятҳои термодинамикӣ ва гармофизикии пиряхҳо омӯхта мешаванд. |
15. |
Пешниҳод намудани ҳисоботи илмӣ оид ба масъалаи иҷроиши бандҳои Нақша-чорабинии барномаи мазкур. |
Натиҷаҳои бандҳои нақшаи мазкур дар намуди ҳисобот пешниҳод мешаванд. |
16. |
Гузаронидани корҳои аэровизуалӣ ва экспедитсионӣ-саҳроӣ дар ҳавзаҳои пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои аэровизуалӣ ва экспедитсионӣ- саҳроӣ хати барфӣ ва баландии барф муайян карда шуда, сатҳи обнокии дарёҳои ҷумҳурӣ низ пешгӯйӣ карда мешаванд. |
МДИ Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ, Агентии обуҳавошино–
сии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа) |
НАҚША- ЧОРАБИНИҲО ВОБАСТА БА ИҶРОИ “БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ОМӮЗИШ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2026 “
|
Р/т |
Номгӯйи чорабиниҳо |
Натиҷаҳои интизоршаванда |
Масъул |
1. |
Гузаронидани экспедитсияҳои илмӣ- таҳқи қотӣ барои муайян намудани майдони қабати барф ва сарҳадии пиряхҳо дар ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсӯ, Язғулом ва Мурғоб. |
Дар натиҷаи гузаронидани экспедитсияҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсӯ, Язғулом ва Мурғоб ва таҳлили маълумоти ба даст омада, таносуби маҷрои пиряхҳо дар дарёҳои ин ҳавза бо назардошти тағйирёбии иқлим пешгӯйӣ карда мешавад. |
МДИ МОП АМИТ
СИГ (ГИС)
ФГЭ (ГЭФ)
ХҶМП (ВСМЛ)
АШОРҲ (ШАРС)
ДШОҲТ (ШОСТ)
ИТИБТ (ИИСЛ)
ДФ (УФ)
ҶҲБ (ОМС) |
2. |
Истифодаи технологияҳои муосири таҳқиқоти фосилавӣ ГИС – технология барои муайян намудани нуқтаҳои ҷойгиршавӣ ва масоҳати пиряхҳои ҳавзаи дарёи Қизилсӯ, Язғулом ва Мурғоб. |
Дар асоси технологияҳои геоиттилоотӣ шумора ва масоҳати имрӯзаи пиряхҳо дақиқ карда шуда, саҳми онҳо дар пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсӯ, Язғулом ва Мурғоб. |
3. |
Муайян намудани тавозуни ҳаҷми пиряхҳои ҳавзаи дарёҳои Қизилсӯ, Язғулом ва Мурғоб дар асоси технологияҳои муосири глятсиологӣ ва (ГИС – технология). |
Дар асоси технологияҳои муосири глятсиологӣ тавозуни ҳаҷм ва равандҳои таназзули пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсӯ, Язғулом ва Мурғоб дар шароити тағйирёбии иқлим муайян ва омӯхта мешаванд. |
4. |
Бо истифода аз имкониятҳои таҳқиқоти фоси лавӣ таҳлил ва назорати динамикаи пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхии ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсӯ, Язғулом ва Мурғоб. |
Дар асоси маълумоти илмии аз зондиронии фосилавӣ ва дигар технологияҳои инноватсионӣ дастрасшуда, мониторинги эҳтимоли хатари рахнашавидоштаи кӯлҳои наздикӯҳӣ бо дарназардошти мавқеи ҳавзавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. |
5. |
Ҷорӣ намудани моделҳои муосир дар самти мониторинги пиряхҳои ҳавзаи дарёҳои Қизилсӯ, Язғулом ва Мурғоб. |
Коркарди усулҳои истифодаи зондиронии фосилавӣ ва моделҳои муосир ҷиҳати гузаронидани мониторинги пиряхҳои ҳавзаи дарёҳои Қизилсӯ, Язғулом ва Мурғоб. |
6. |
Истифода бурдани ҳавопаймоҳои бесарнишин барои дақиқ муайян намудани ҳолати пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсӯ, Язғулом ва Мурғоб. |
Усули нави омӯзиши пиряхҳо бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ба мо имкон медиҳад, ки ҳаракат ва дигар параметрҳои пиряхҳоро дақиқ муайян намоем. |
7. |
Ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ (конфронс, семинар ва тренингҳо). |
Баргузории чорабиниҳои илмӣ оид ба арзёбии ҳарорати ҳаво ва пайомадҳои таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсӯ, Язғулом ва Мурғоб бо мақсади беҳтарсозии сатҳи маълумотнокӣ оид ба пиряхҳо. |
8. |
Ташкили базаи маълумот оид ба пиряхҳо дар ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсӯ, Язғулом ва Мурғоб. |
Бахши иттилоотии серверӣ таъсис дода мешавад, ки барои нигаҳдорӣ ва ҳифз намудани маълумот оид ба пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсӯ, Язғулом ва Мурғоб истифодаи фаврии ин махзанҳо истифода бурда мешавад. |
9. |
Гузаронидани таҳлили муқоисавӣ ва арзёбии ҳолати пиряхҳо дар асоси таҳқиқоти фосилавӣ ва саҳроӣ барои ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсӯ, Язғулом ва Мурғоб. |
Таҳлили муқоисавӣ ва баҳодиҳии ҳолати ба пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсӯ, Язғулом ва Мурғоб гузаронида хоҳад шуд ва инчунин таҳлили динамикаи ҷамъшавӣ ва обшавии ин пиряхҳо ба даст оварда мешавад. |
10. |
Ташкил намудани экспедитсияҳои байналмилалӣ бо шарикони рушд дар пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
Бо дарназардошти манфиатҳои милливу сиёсӣ, инчунин бо мақсади табодули маълумоти навини илмӣ ва истифодаи онҳо ташкил намудани экспедитсияҳои байналмилалӣ бо шарикони рушд дар пиряхҳои ҳавзаи дарёҳои Қизилсӯ, Язғулом ва Мурғоб. |
11. |
Гузаронидани корҳои аэровизуалӣ ва экпедитсионӣ-саҳроӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои Помири Шарқӣ. |
Дар натиҷаи гузаронидани мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ва экпедитсионии саҳроӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои Помири Шарқӣ захираи барф, қабати барф ва вазъи обнокии дарёҳо муайян карда мешаванд. |
12. |
Моделкунонӣ ва омӯзиши кӯлҳои пиряхӣ. |
Дар асоси маълумоти илмии аз зондиронии фосилавӣ ва дигар технологияҳои инноватсионӣ дастрасшуда, мониторинги эҳтимоли хатари рахнашавидоштаи кӯлҳои назди кӯҳӣ бо дарназардошти мавқеи ҳавзавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. |
13. |
Таҳия ва нашри Феҳристи (Каталог) – и пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
Феҳристи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 12 ҷилд ва мақолаҳои марбути ин масъала таҳия ва нашр карда мешавад. |
14. |
Пешниҳод намудани ҳисоботи илмӣ оид ба бандҳои Нақша-чорабинии барномаи мазкур. |
Натиҷаҳои бандҳои нақшаи мазкур дар намуди ҳисобот пешниҳод мешаванд. |
15. |
Гузаронидани корҳои аэровизуалӣ ва экспедитсионӣ-саҳроӣ дар ҳавзаҳои пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои аэровизуалӣ ва экспедитсионӣ-саҳроӣ хати барфӣ ва баландии барф муайян карда шуда, обнокии дарёҳои ҷумҳурӣ пешгӯйӣ карда мешаванд. |
МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”, Агентии обуҳавошино-сии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа) |