ИФТИТОҲИ “ТОЛОРИ ПИРЯХҲО” БАХШИДА БА ТАШАББУСИ ПАНҶУМИ ҶАНОБИ ОЛӢ ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
Маъмур: cryosphere 29-09-23 304
28 сентябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” – и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи “Толори пиряхҳо” бахшида ба ташаббуси панҷуми Ҷаноби Олӣ оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи “Толори пиряхҳо” намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», намояндаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дигар сохторҳо ва инчунин меҳмонони хориҷӣ зиёда аз 20 давлати ҷаҳон иштирок доштанд.
Маросими ифтитоҳ аз суханронии директори “Осорхонаи миллӣ” оғоз гардид. Сипас сухани навбатӣ ба директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», профессор Абдулҳамид Қаюмов дода шуд. Номбурда қайд намуд, ки ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” тақозои замон буда зарурияти таърихӣ дорад.
Ифтитоҳи “Толори пиряхҳо” бахшида ба ташаббуси панҷуми Ҷаноби Олӣ худ як воқеъаи таърихӣ мебошад. Осорхонае, ки ба толори номбурда шабоҳият дорад танҳо дар Санкт-Петербург ҷойгир аст, ки бо номи Музейи Арктика ва Антарктида маъмул мебошад.
Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2008-2009 аввалин экспедитсияи Антарктикии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки тавассути он дар Антарктида парчами Тоҷикистон аз тарафи профессор Абдулҳамид Қаюмов барафрохта шуд, ки ин худ муаррифгари сиёсати имрӯзаи Ҷаноби олӣ дар бахши пиряхҳо мебошад.
Абдулҳамид Қаюмов қайд намуд, ки ин “Толори пиряхҳо” боз ташаккул хоҳад ёфт ва дар оянда экспонатҳои нав ба нав гузошта мешаванд. Инчунин Парчами Тоҷикистон, ки дар Антарктида дар сардиҳо барафрохта шуда буд, расман дар ин “Толори пиряхҳо” ҷойи худро меёбад, ки худ нишони дастовардҳои имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши криосфера ва пиряхшиносӣ барои насли ояндасоз мебошад.
Номбурда ҳамзамон илова намуд, ки пойгоҳи обуҳавосанҷии пиряхи Ванҷях (Федченко) солҳои тӯлонӣ аз фаъолият бозмонда буд. Ҷиҳати ташвиқу тарғиб намудани иқдоми панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва дар ҳамкори бо шарикони рушди устувор тасмим гирифтанд, ки ин пойгоҳро аз сари нав таҷдид намуда, ба шабакаи мониторинги пиряхҳои Марказ шомил намоянд.
Қобили зикр аст, ки дар ин рӯзҳо як гуруҳи олимон ба экспедитсияи пиряхи Ванҷях (Федченко) фиристода шуданд, ки дар он ҷо парчами Тоҷикистон низ барафрохта мешавад. Мақсади асосии ин экспедитсия муайян кардани ғафсии пиряхи Ванҷях (Федченко) ва инчунин интихоби макони таҳқиқотҳои минбаъда дар пирях мебошад.
Профессор А. Қаюмов қайд намуд, ки Марказ чорабиниҳо оид ба иҷроиши самтҳои Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо чунин ҳуҷҷатҳоро омода намудааст:
Стратегияи гузаронидани чорабиниҳои илмӣ- амалӣ оид ба соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, Барномаи гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, экспедитсионӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”.
Инчунин «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» ба тариқи зарурӣ иҷро нашудааст. Феҳристи пиряхҳо, ки яке аз вазифаҳои асосии ин барнома ба ҳисоб меравад, аз соли 2010 то имрӯз омода нашудааст. Аз ин лиҳоз Маркази омӯзиши пиряхҳо муваззаф гардонида шуд, ки «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030»-ро такмил дода, онро ба ду марҳалаи иҷро тақсим намояд. Марҳалаи аввал солҳои 2023-2026 ва марҳалаи дуюм солҳои 2027-2030-ро дар бар гирифта, барои иҷрои барнома ягон маблағи иловагӣ талаб намешавад».
Тақозои замон аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор чунин толори доимамалкунанда дошта бошем. “Толори пиряхҳоро”- ро “Осорхонаи миллӣ омода сохта, таҷҳизотҳои онро Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» таъмин намудааст.
Дар як қисми “Толори пиряхҳо” барои гузаронидани экспедитсияҳо ҳама асбобу ашёи зарурӣ, аз қабили хайма, пармаи буғӣ, либосҳои махсус барои иқомат дар минтақаҳои кӯҳӣ ва пиряхӣ, яхтешаҳо, карабинҳо, ресмон, камарбанди кӯҳнавардӣ, борхалта ва ғайраҳо мавҷуданд.
Дар қисми дигари толор нақши барҷастаи пиряхи Ванҷях (Федченко), қуллаи Исмоили Сомонӣ ва дигар пиряхҳо тасвир ёфтаанд. Бо истифодаи технологияҳои муосир дар толор ҷуршавии садоӣ ва шамолӣ ташкил карда шудааст, ки ба тасвири визуалии он толор боз ҳам бештар ранг дода, меҳмононро ба муҳити пиряхӣ пурра ворид менамояд.
Барои чунин даствовардҳои аҳамияти таърихӣ дошта ва таблиғи сиёсати имрӯза бахшида ба ҳифзи пиряхҳо аз тарафи Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ба директор ва дигар кормандони фаъоли ин муассиса ифтихорномаҳо супорида шуд.
Супоридани ифтихорномаҳо
Расми хотиравии директор ва коргарони МДИ МОП АМИТ бо коргарони Осорхонаи милии Тоҷикистон