«МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН» СТАНСИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИРО БАРОИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲО ДАР ДОИРАИ “СОЛИ 2025 – СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО” БА ДАСТ ОВАРД

 

Санаи 01.08.2023 Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” (МДИ МОП АМИТ) аз шарикони рушди швейтсариягӣ ду стансияи инноватсионии муосирро дастрас намуд: Campbell Science CR1000X ва Campbell Science CR6, ки барои омӯзиши пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле мавқеи хос хоҳанд ёфт. Роҳандозии ҳамкориҳои илмӣ-иннововатсионӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки фаъолияти Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” (МДИ МОП АМИТ) ба сатҳи боз ҳам баланд расида истодааст. Яке аз вазифаҳои муҳимтарини стансияҳои нав ин ба таври амиқ омухтани нишондодҳои асосии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гирифтани маълумоти боз ҳам муфассал ва дақиқ доир ба ҳолати ҳозира, инчунин пешгӯйи намудани ҳолати ояндаи онҳо ва дар умум таҳқиқи захираҳои оби ҷумҳурӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ мебошанд.

Стансияҳои мазкур ба МДИ МОП АМИТ бо мақсади насб намудан дар назди пиряхи № 457 ва дар худи пиряхи Зулмарт ба даст оварда шуд.

 

Вазифаи стансияи якум, яъне Campbell scientific CR1000X, ки дар пиряхи № 457 насб хоҳад шуд, чен кардани ҳарорат, намӣ, шамол, тамоми ҷузъҳои радиатсияи офтобӣ, мавҷҳои дароз ва кӯтоҳи воридот ва баромад, инчунин чен кардани баландии барф мебошад. Ҳамин тариқ баландии барф бо ду роҳ чен карда мешавад:

  1. бо истифодаи қисми болоии стансия чен намудани масофа;

  2. ба воситаи қисми поёнӣ, ки дар он сигналҳои GPS насб карда шудаанд. Дар натиҷаи ҷамъшавии барф дар қисмати болоӣ сигналҳо тағйир ёфта, сатҳи барф муайян карда мешавад.

Стансияи дуюм – Campbell scientific CR6, ки дар пиряхи Зулмарт насб хоҳад шуд, вазифааш чен намудани дараҷаи бухоршавии худи пирях мебошад.

Дар баробари нишондодҳои дар боло зикршуда, аз қабили ҳарорат, намӣ, шамол, ҷузъҳои радиатсияи офтобӣ, баландии барф, инчунин стансия ҷараёни турбулентии гармиро чен менамояд, ки дар муҳити гармшавии глобалӣ муҳим яке аз нишондиҳандаҳои муҳимтарин аст.

Дастрас намудани стансияҳои муосир ибтидои фароҳам овардани имкониятҳои нави таҳқиқ ва омӯзиши минбаъдаи пиряхҳои Чумхурии Точикистон дар сатхи оли мебошад. Вобаста ба ин, марҳилаи навбатӣ пас аз қабули стансияҳо, ин насб намудани онҳо дар пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар интиҳои чорабинии озмоишӣ бо стансияҳои нав директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» профессор А. Қаюмов ба шарикони рушди швейтсариягӣ, бахусус ба донишгоҳи Фрибурги Швейтсария барои ёрӣ ва ҳамкории фаъолона изҳори сипос намуд.