ҲАМКОРИИ АНҶУМАНИ “ЗАНОНИ ПИРЯХШИНОС”
БО ДОНИШГОҲИ ФРИБУРГИ ШВЕЙТСАРИЯ
2-юми июни соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ҷамъомади навбатӣ бо иштирок ва муаррифии намояндаи Донишгоҳи Фрибурги Шветсария Мартина Баранду оғоз гардида, ҳамзамон сухан дар хусуси ташкил ва инчунин баргузории экспедитсияи илмӣ – таҳқиқотии тобистона дар пиряхҳои Якарча (Варзоб) ва Зулмарт (Помир) рафт.
Сипас, раиси Анҷумани “Занони пиряхшинос”-и марказ Дилором Қаюмова дар рафти ҷамъомад ва суханронии худ перомуни кору фаъолияти аъзои анҷумани мазкур суханронӣ намуда, ҳамзамон иброз дошт, ки бонувони муассиса дар баробари иҷрои корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, ҳамзамон ба баландиҳои 5000 метр аз сатҳи баҳр баландтар низ мебароянд.
Дар ҷараёни баргузории ҷамъомад намояндаи Донишгоҳи Фрибурги Швейтсария Мартина Баранду бо мақсади ҷалб ва роҳандозии занони анҷумани номбурда ба экспедитсияҳои навбатии тобистона муфассал суханронӣ намуда, ба фаъолияти анҷумани мазкур баҳои баланд дод.
Лозим ба тазаккур аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар баромад ва суханрониҳои худ ҷиҳати дастгирӣ ва ҷалб намудани занону бонувон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла илму маориф бештар таъкидҳо менамоянд. Аз ин рӯ, маъмурияти Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” низ тасмим гирифтаааст, ки пайваста баҳри беҳбудбахшии фаъолияти Анҷумани “Занони пиряхшинос” ҳамаҷиҳата мусоидат намояд.
Дар фарҷоми ҷамъомад иштирокчиён фикру мулоҳизаҳои худро доир ба ташкилу ба нақшагирии экспедитсияҳои навбатӣ баён намуданд.