ДУРНАМОИ ОМӮЗИШИ ИЗОТОПИИ ПИРЯХҲО ТО СОЛИ 2025

Агентии байналмилалии барқии атомӣ (МАГАТЭ) ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалиро бо мақсади густариши барномаҳои ҳамкории техникӣ бо МАГАТЭ ташкил намуданд.

Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода дар баробари мақсадҳо ва вазифаҳои дар маҷлис муҳокимашуда ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо, истифодаи радионуклидҳо ва технологияҳои радиатсионӣ барои муайян кардани синну соли пиряхҳо ибрози назар намуд.

Директори Муассисаи давлатии илмии  “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” профессор А. Қаюмов дар бораи татбиқи лоиҳаи “Таъсиси иқтидори миллӣ барои арзёбии пиряхҳо ва барф дар шароити тағйирёбии иқлим” маълумоти муфассал дод.

Номбурда ҳамзамон дар гузориши худ доир ба ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва аҳаммияти эълони соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мухтасар сухан ронд. Инчунин, барои татбиқи лоиҳаи МАГАТЭ президенти Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ 2 ҳуҷраи корӣ ҷудо кард. Дар аввали сол бо мусоидати МАГАТЭ ва Агентии амнияти ХБРЯ таҷҳизоти ” PICARRO ” барои муайян кардани изотопҳои устувор ва таҷҳизоти корҳои саҳроӣ, аз ҷумла 5 боришоти об оварда шуд.

19 январи соли 2023 расман “Озмоишгоҳи таҳқиқоти изотопӣ” ифтитоҳ гардид. Дар ҷараёни татбиқи лоиҳа ду корманди марказ омӯзонида шуданд ва омӯзиши минбаъдаи кормандони дигар то соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҷараёни кор роҳбари лоиҳа Дилором Қаюмова дар якҷоягӣ бо  шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ Олимҷон Азизов кори минбаъдаро бо сардори Департаменти ҳамкории техникии Аврупо, МАГАТЭ Сандра Стейскал ва коршиноси техникии МАГАТЭ Юлия Виставная муҳокима карданд. Дар рафти муҳокима сардори департамент татбиқи бомуваффақияти соли аввали кори лоиҳаро қайд кард, ки ин имкон медиҳад, ки ҳамкорӣ дар ин самт боз ҳам гузтариш дода шавад.

Дар ҷараёни баргузории муҳокима инчунин дар бораи имконияти хариди дастгоҳи дуюми “PICARRO” барои таҳлили доимии намунаҳо сухан мерафт, зеро таҷҳизот ҳассос аст.

Дар минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин хел дастгоҳи ҳозирзамони корӣ вуҷуд надорад. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар рафти татбиқи лоиҳа дар соли аввал 93 фоизи кор анҷом дода шуд ва чунин суръати татбиқи минбаъда барои дастгирии лоиҳаи дигаре, ки то соли 2026 ба нақша гирифта шудааст, барои хариди дастгоҳ барои муайян кардани радиоизотопи Тритий имконияти калон дорад.

Дар фарҷом тарафҳо ба хулосае омаданд, ки то соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” Стратегияи рушди озмоишгоҳҳои таҳқиқоти изотопиро бо мусоидати МАГАТЭ эҷод кунад.

Аз ин ҷиҳат, ҳамчун кишвари ташаббускори эълони соли 2025 барои ҳифзи пиряхҳо, таъсиси “Маркази минтақавии таҳқиқоти изотопӣ” зарур аст. Ҳамзамон зикр гардид, ки ҷиҳати  боз ҳам баланд бардоштани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷанбаи байналмилалии омӯзиши изотопҳо ба шабакаи глобалии GNIP (Global Network of Isotopes in Precipitation) ва GNIR (Global Network of Isotopes in Rivers) дохил шудан зарур аст ва ин як дастоварди муҳим дар соҳаи илм хоҳад буд.

Аҳаммияти ба роҳ мондан омода намудани магистрҳо, доктор PhD ва аспирантон барои таъмини устувории кори минбаъда дар самти омӯзиши изотопии пиряхҳо низ баррасӣ карда шуд.