РЕЗОЛЮТСИЯИ КОНФЕРЕНЦИЯИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ «СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – 2025» ВА САҲМИ ШАРИКОН

ДАР ТАТБИҚИ РЕЗОЛЮЦИЯИ СММ АЗ 14 ДЕКАБРИ СОЛИ 2022

(25 – апрели соли 2023, ш. Душанбе)

Иштирокчиёни Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 5-умин солгарди таъсиси Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон» ва эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025», инчунин саҳми шарикони рушди устувор дар татбиқи қатъномаи СММ аз 14 декабри соли 2022,

бо дастгирии Қатъномаи СММ дар бораи эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” (СБҲП – 2025) ва нияти таҳкими механизми байналмилалии омӯзиш ва ҳифзи муштараки пиряхҳо, мусоидат ба дастрасии маълумоти дақиқ ва саривақтӣ дар бораи криосфера,

бо дарки он, ки дар бисёре аз манотиқи баландкӯҳ ақибнишинии пиряхҳо ва обшавии яхбандии абадӣ боиси боз ҳам коҳиш ёфтани устувории нишебиҳо гардида, ҳолатҳои кандани кӯлҳои пиряхӣ, боришоти борон, фаомадани ярч ва тармаҳои барфӣ зиёд шуда, дар ҷойҳои нав ё вақти дигар ба амал меоянд,

бо зикри он, ки афзоиши пайвастаи суръати гармшавии глобалӣ метавонад барои баъзе экосистемаҳои дорои устувории паст, аз қабили экосистемаҳои қутбӣ ва кӯҳӣ, инчунин экосистемаҳои дельтаҳои соҳилӣ, ки аз таъсири обшавии пиряхҳо ва яхбандии абадӣ зарар дида, боиси оқибатҳои бебозгашт мегардад ва сатҳи оби баҳр боло меравад,

бо эътирофи манфиатҳои тарафайн дар баланд бардоштани иқтидори илмӣ тавассути ҳамкорӣ дар лоиҳаҳои тадқиқотӣ ҷиҳати татбиқи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” бо умеди ба даст овардани донишҳои нав оид ба криосфера, равандҳои гидрометеорологӣ ва геофизикии минтақаҳои кӯҳӣ ва қутбӣ ва истифодаи онҳо ба манфиати тамоми инсоният,

бо дарназардошти зарурати ба таври доимӣ инвентаризатсия намудани пиряхҳо ва қабати барф дар саросари ҷаҳон, зеро дар тӯли зиёда аз 120 сол тадқиқоти васеъмиқёси пиряхҳо ва қабати барф танҳо се маротиба ва тақрибан ҳар 50 сол як маротиба Соли байналмилалии қутбӣ гузаронида мешавад ( сар карда аз соли 1883 ва охирин соли 2008),

бо таъкиди зарурати баланд бардоштани сатҳи огоҳонидани аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва марказии ҳокимияти иҷроия, инчунин шахсони тасмимгиранда оид ба амалиёт ва андешидани тадбирҳои дарозмуддат ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва дастгирии чунин амалу тадбирҳо дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ,

бо ба эътибор гирифтани аҳамияти ташаббусҳои марбут ба криосфераи Замин ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои муҳими Рушди Устувор ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»,

изҳор менамояд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Ҷаҳонии Метеорологӣ, иштирокчии тадқиқотҳои қутбӣ дар Антарктида ва кишвари ташаббускор, омода аст дар татбиқи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025» фаъолона иштирок намуда,

тавассути иштирок дар татбиќи ҳуҷҷатҳои зерин, ки дар Муассисаи давлатии илмии «Маркази омўзиши пиряхњои Академияи илмњои Тољикистон» тањия шудаанд, якҷоя бо шарикон, саҳми зеҳнӣ, техникӣ ва институтсионалии худро гузорад:

Консепсияи иштироки Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон» дар омодагӣ ва баргузории «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025»,

Барномаи илмии иштироки Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон» дар омодагӣ ва баргузории «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025»,

Нақшаи амал оид ба иштироки Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон» дар омодагӣ ва баргузории «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025»

Инчунин, бо мақсади ҳалли масъалаҳои марбут ба обшавии босуръати пиряхҳо ва рафъи оқибатҳои онҳо, ҳукуматҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати  иштироки фаъолона дар татбиқи ин ҳуҷҷатҳо даъват карда шуда,

аз ташкилотҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият, Ташкилоти Умумиҷаҳонии Метеорологӣ ва давлатҳои манфиатдор хоҳиш карда мешавад, ки Резолюсияи мазкурро ба диққати тамоми муассисаҳои тадқиқотию ҷамъиятӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор расонанд ва ба амалӣ гардонидани ин ташаббусҳо мусоидат намоянд.

 

Қабул шудааст: 25 апрели соли 2023

Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон