Конфронси амалӣ– назариявӣ дар мавзуи

“ Тоҷикистон кишвари  ташаббускори масоили об дар ҷаҳон

           19 – уми майи соли 2023 дар толори хурди маҷлисгоҳи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Конфронс  таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари ташаббускори масоили об дар ҷаҳон “  баргузор гардид.

Чамъомадро ба ин муносибат  директори муассиса М. Давлатзода ифтитоҳ намуд. Сипас, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулозода ҳозиринро барои иштирок дар ҳамоиш хайрамақдам гуфта, инчунин қайд кард, ки ҳамоиши мазкур баёнгари таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  масъалаи ҳифз ва омӯзиши пиряхҳои кишвар  мебошад.

Профессор Абдулҳамид Қаюмов директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Акедемияи миллии илмҳои Тоҷикистон”  доир ба ташаббуси панҷуми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мухтасар сухан ронд. Кормандони марказ дар тӯли 5 моҳ (соли 2023)  қариб 75 маротиба дар  вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии мамлакат вохӯрӣ ва конфронсҳо гузаронидаанд.

Мавсуф зимни баромади худ иброз дошт, ки маркази мазкур то имрӯз дар маҷмуъ зиёда аз 50 экспедитсияҳои илмӣ – таҳқиқотӣ дар ҳудуди пиряхҳои кишварамон гузаронида, ҳамзамон бо зиёда аз 30 донишгоҳи бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ ва созмону муассисаҳои бешумори соҳавӣ ҳамкориҳои пайвастаи худро барқарор кардаву  ба таври мунтазам баҳри амалисозии ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва инчунин ибтикороти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси сайёра ва сатҳи байналмилалӣ эълон шудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва аз соли 2025 таҷлил намудани 21-уми  март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва ҳамзамон дар ҷодаи амалисозии барномаҳои давлатӣ тадбирҳои мушаххас меандешад.

Директори муассиса, профессор Абдулҳамид Қаюмов назди ҳозирин баромад намуда, роҷеъ ба таъсисёбии марказ, саҳми муассисон, роҳи тайкарда, мушкилоту дастовардҳои назарраси илмӣ – амалӣ ва равобити байналмилалию экспедитсияҳои баргузоргардида мухтасар сухан ронда, изҳори сипоси худро ба Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ҷиҳати дастгириҳои пайвастаашон ва инчунин фароҳам овардани шароити мусоид аз қабили  сари вақт ҷудо намудани бинои корӣ дар назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

ҷудо намудани техникаву таҷҳизоти муосири замонавӣ барои фаъолияти пурсамар баён намуда, зимнан зикр кард, ки кормандони ин ниҳод низ мудом кӯшиш менамоянд, ки сазовори боварӣ ба фардо кору фаъолияти худро идома бахшида, баҳри боз ҳам ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардидан саъю талош ба харҷ диҳанд.

Номбурда инчунин қайд намуд, ки барои иҷроиш ва амали намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо”  дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шарикони рушди устувор  Консепсия, Барномаи илмӣ ва Нақша – чорабиниҳоро ба забонҳои  тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода намудааст. Барои воқеӣ ба роҳ мондани ҳамкорӣ вобаста ба потенсиали илмӣ ва кадрӣ  аввалан  пурсишнома (анкета) ирсол карда мешавад.  Сипас, дар асоси қабули хулосаҳо Консепсия, Барномаи илмӣ ва нақша – чорабиниҳоро ирсол карда мешаванд.

Дар фарҷоми ҷамъомад профессор Абдулҳамид Қаюмов баҳри амалисозии ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва инчунин ибтикороти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси сайёра ва сатҳи байналмилалӣ эълон шудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва аз соли 2025 таҷлил намудани 21-уми  март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ба ҳамаи ҳозирин муваффақияту бурдбориҳо таманно намуд.