ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ  МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ИЛМИИ МАРКАЗИ ОМЎЗИШИ ПИРЯХҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ МИНТАҚАВИИ “СОЛ 2025 ҲАМЧУН СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО”  Ш. БОХТАР

 Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № АП 321 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилиӣ ва хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (23.12.2022) ва нақша чорабиниҳои марказ ва Амалигардонидани қатъномаи СММ ”Соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” барои иштирок дар ҳамоиш ва семинарҳои ш Бохтар пешбини шудааст барои иштирок ва маъру аз  санаи 7.04.2023 то  11 04.2023 сафар намуданд.

Дар рафти сафари хизмати дар конфронси Минтақавии, ки дар коллеҷи тибии ш. Бохтар бахшида қабули қатъномаи СММ ”Соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” конфронси илми амали  иштиорк намуданд. конфронсро  директори колеҷ кушода ҳозиринро барои иштирок ба чунин як маъракаи муҳим хайрамақдам гуфт.

Номбурда мавзуи “Пиряхҳо танзимкунандаи об ва иқлим дар саёора ширин дар сайёраи Замин” маърӯзаҳои худро ироа намуда, доир ба ташаббусҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар самти масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ибрози андеша карданд.

Баъдан омузгорон ва донишҷуён  бароман намуда  едовар шудандки Об сарчашмаи асосии таъмингари ҳаёти шоиста, бахшояндаи бахту саодат, бунёди ободонию сарсабзист. Мардум «Обу ободонӣ», «Об ҳаст – ҳаёт ҳаст», «Об – унсури муқаддас» гуфтаанд, ки ин ҳама собитгари аҳамияту моҳияти об дар зиндагии тамоми мавҷудот мебошад. Ёдовар мешавем, ки бо ибтикороти халқпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси ҷаҳон эълон гардидани «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт (2005-2015), Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), Солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо». Ин аст, ки кишвари моро дар арсаи байналмиллалӣ кишвари ташабусскори ҳали масъалаҳои глобалӣ вобаста ба истифодаи самараноки захираҳои обӣ эътироф менамоянд.

Профессор Қаюмов Абдулҳамид  директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии Тоҷикистон” дар мавзуи “Ҷумҳурии Тоҷикистон пешоҳанги омӯзиши пиряхҳо дар ҷаҳон” баромад намуда доир ба масоили тағйирёбии иқлим ва омузиши пиряхҳо, методҳои навини омӯзиши пиряҳо баромад намуда қайд намуданд, ки имруз тамоми кормандони Марказ доир соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” корҳои илмӣ бароҳ монда шудааст. Профессор Абдулҳамид Қаюмов аз ҷумла иброз дошт, ки  таъсиси маркази мазкур низ маҳз бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Роҳбари давлат  ба вуқуъ пайваста аст, ки тақозои давр ба ҳисоб меравад.

Инчунин қайд намуд, ки ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ: – дар бораи эълон намудани соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза»; – солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», – соли 2013 ҳамчун «Дипломатияи об ё риштаи  ҳамкорӣ дар соҳаи об»  – «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028” мебошанд, ки боиси ифтихор аст.

Пешниҳоди панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид, ки ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт, боз як бори дигар тасдиқ намуд, ки “Тоҷикистон – пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон” ба ҳисоб меравад.

Дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирии ҳамаҷонибаи худро дар сатҳи ҷаҳонӣ ёфтанд, аз он ҷумла:

  • Эълон гардидани 21-уми март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”;
  • Эълон шудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”;
  • Дар назди СММ таъсис додани “Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо”;
  • Дар соли 2025 доир намудани “Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе”.

Мусаллам аст, ки қабули ин гуна қатънома ҳамзамон як палатформаеро ба вуҷуд меорад, ки  олимон, сиёсатмадорон ва аҳли ҷомеаи ҷаҳониро муваззаф месозад, ки минбаъд масъалаи роҳҳои омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо коркард ва дар амал татбиқ намоянд.

Соли 2023 Феҳристи / Атласи маҷмаавии (сводный том) пиряхҳои Тоҷикистон, ки ба тариқи умумӣ вазъи воқеии пиряхҳоро дар раванди таѓйирёбии иқлим муаррифӣ менамояд тасмим гирифтааст, ки онро ба чоп расонад. То соли 2025 марҳала ба марҳала ҳамаи ҷилдҳои “Феҳристи /Атласи пиряхҳоро ба табъ мерасонад.

Дар рафти сафар бо кормани як қатор муассисаҳои таълимоти уммуми ва миёна  ва кормандони раёсати маорифи шаҳри бохтар вохурда дар бораи ташкил кардани чунин вохуриҳо, мизи мудавар ва конфоронсҳо оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ҳамкори намоянд. Барои шиносои бо сиёсати имрузаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пиряхҳо ба онҳо  китоби “Иқтибосҳо аз суханрониҳои асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба масъалаи пиряхҳо дар раванди таѓйирёбии иқлим ” ва “Пиряхҳо: Истилоҳот ва тавзеҳот”супорида шуд.