Иштирок ва суханронии профессор А. Қаюмов дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (санаи 13.04.2023).
Маъмур: cryosphere 13-04-23 269
Рӯзи 13 – уми апрели соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи ”Мақом ва манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ: ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025”,баргузор гардид.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшид. Дар ҷаласа беш аз 35 нафар аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок намуданд. Номбурда сараввал ҳамаи меҳмонон ва ҳозиринро барои иштирок, баромадҳояшон ва ҳамзамон барои ҷашнгирии иди Наврӯзи хуҷастапай хайрамақдам гуфт.
Дар ҷаласа намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва инчунин ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ҷамъиятҳои миллӣ фарҳангӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар коршиносони мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар бораи муаммоҳои экологии замони муосир масъалаи обшавии пиряхҳо, ки ҳамчун захираи бунёдии оби тозаи ошомиданӣ дониста мешавад, ба мушкилоти муҳимми ҷомеаи башарӣ табдил ёфтааст, суханронӣ намуд.
Дар рафти баргузории ҷаласа мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Азиззода Ш. дар бораи ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тағйирёбии обу иқлим ва хусусан пиряхҳои кишварамон ва ҳамзамон доир ба “Эълон гардидани Соли 2025 ҳамчун соли байналмиалии ҳифзи пиряхҳо” мухтасар маълумот дод. Дар кори ҷаласа намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сипас, директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” профессор, Абдулҳамид Қаюмов дар мавзуи «Тоҷикистон – пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон» назди ҳозирин баромади пурмуҳтаво намуд.
Мавсуф қайд намуд, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии бештар аз 150 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
Ҳамзамон, номбурда зимни баромади худ қайд кард, ки Марказ чорабиниҳо оид ба иҷроиши самтҳои Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо чунин ҳуҷҷатҳоро омода сохтааст:
-
Стратегияи гузаронидани чорабиниҳои илмӣ- амалӣ оид ба соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”
-
Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, таҳия гардид.
-
Барномаи гузаронидани корҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва экспедитсионӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани соли 2025 чун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо “таҳия гардид.
Дар рафти иҷроиши ин ҳуҷҷҷатҳо теъдоди зиёди олимон ва намояндагони институтҳо ва дигар марказҳои тадқиқоти стратегии кишварҳои ҳамҷавор ва инчунин хориҷӣ таваҷҷуҳи зиёди худро зоҳир намуданд.
Самтҳои илмӣ ва мавзуи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо -2025” дар маҷмуъ аз 27 бахш иборат буда, инчунин он дар 10 самт таҳрезӣ шуданд ва имконият медиҳад, ки таҳқиқоти илмӣ дар ин хусус аз нуқтаи назари манфиатҳои миллӣ ташкил карда шавад.
Номбурда, ҳамзамон дар бораи вазъи кунуни пиряхҳои чумҳурӣ маълумоти муфассал дод. Дар фарҷоми ҷаласа меҳмонон ва намояндагон ба саволҳои додашудаашон ҷавобҳои саҳеҳу аниқ гирифтанд.
Сипас, профессор Абдулҳамид Қаюмов фикру андешањояшро ба Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳод намуд.