АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ИЛМИИ

«МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН»

 

ДАЪВАТНОМА – БАРНОМА

КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ТАЪСИРИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ БА ПИРЯХҲО ВА АҲАММИЯТИ ҚАБУЛИ ЭЪЛОН НАМУДАНИ СОЛИ 2025 ҲАМЧУН СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО»

 

Вақт: 28 марти соли 2023, соати 08:30 -18:00 (ба вақти Душанбе).
Тарзи гузариш: офлайн ва онлайн.
Суроға: Хиёбони Рӯдакӣ, 33, Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ
ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бақайдгирӣ (регистрация):
https://docs.google.com/forms/d/1GzScJ6SHi4S2zwb5ozfSpl4To8wkK9rB5qvAq-NBnDw/viewform?edit_requested=true
Истиноди ZOOM барои ҳамроҳ шудан ба конфронс:
https://us06web.zoom.us/j/85977857176?pwd=aEFMb0NLZkZZV1ozdGE0MURsSmc1UT09
Идентификатори конфронс: 859 7785 7176
Рақами воридшавӣ: 088854

Шарикон:

 

 

 

ҲАДАФҲОИ КОНФРОНС:

  • дар ҳошияи эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли ҳифзи пиряхҳо” гузаронидани Конфронс ва дарёфти роҳҳои ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафи ниҳоии ин эъломия;

  • баҳодиҳӣ ба раванди обшавии пиряхҳо дар шароити гармшавии глобалӣ;

  • муайян намудани роҳҳои асосии ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати ноил шудан ба роҳҳои инноватсионии омӯзиши пиряхҳо дар асоси роҳандозӣ намудани эъломияи панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  • инкишофи баҳодиҳии ҳолати пиряхҳо бо усулҳои бунёдӣ ва роҳҳои коркарди ҳифзи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • созмон додани платформа оид ба табодули ахбороти илмӣ дар бораи вазъи пиряхҳо ва ҳамзамон кор карда баромадани тадбирҳо оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо;

  • коҳиши таҳдиди хатари рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ ва авҷгирии равандҳои гидрологии марбут ба гармшавии глобалӣ дар асоси ҳадафҳои ниҳоии соли 2025 –“Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”;

  • нашри маводи конфронс.

САМТҲОИ АСОСИИ КОНФРОНС:

  • эълон шудани соли 2025 – “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” асоси такмили омӯзиши пиряхҳо ва инчунин муайян намудани воситаҳои асосии ҳифзи пиряхҳо;

  • омӯзиши криосфера, пиряхҳо, қабати барф ва захираҳои обӣ;

  • таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва қабатҳои барфӣ;

  • усулҳои нав ва муосири омӯзиши криосфера, пиряхҳо ва қабати барфӣ;

  • истифодаи зондиронии фосилавӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин дар раванди омӯзиши пиряхҳо ва қабати барф;

  • офатҳои табиии марбут ба пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ, қабати барф ва роҳҳои коҳиш додани хисороти бар асари онҳо расонидашаванда;

  • усулҳои радиоизотопии гидрохимиявӣ ва омӯзиши пиряхҳо, қабати барф ва яхҳои обшуда.

 

ДАР РАВАНДИ КОНФЕРЕНСИЯ ДАР ИН САМТҲО МАҚОЛАҲОИ ИЛМӢ БАРОИ НАШР ДАР МАҶАЛЛАИ «КРИОСФЕРА» ҚАБУЛ КАРДА ШУДА, ИНЧУНИН БАРОМАДҲО ДАР ШАКЛИ ПРЕЗЕНТАТСИЯ ШУНИДА МЕШАВАНД

Мавод барои нашр дар шакли маҷмӯа бояд то санаи 30 – юми апрели соли 2023 ба почтаи электронии зерин: cryos2021@gmail.com фиристода шаванд.

Шакли тайёри маҷмӯа ба почтаи электронии иштирокчиёни конфронс фиристода мешавад.

Пример оформления статьи:

РАЗРАБОТКА НОВЫХ МАТЕРИАЛОВ

Государственное научное учреждение “Центр изучения ледников Национальной Академии наук Таджикистана” www.cryosphere.tj

В статье рассматривается возможность использования многоканальных снимков Landsat для анализа состояния и динамики процессов, происходящих в природных экосистемах. Приводятся наиболее распространенные варианты комбинаций каналов и интерпретация их физического смысла. В качестве практического примера приведен расчет индекса NDVI, который является показателем фотосинтетической активности растительной биомассы.

Текст …

Текст …

Текст.

Литература

  1. (По алфавиту и согласно ГОСТ Р 7.0.11-2011.)