ҲАМОИШИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ,  БАХШИДА БА 21 МАРТ ЧУН РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО”

Санаи 11 марти соли 2023 бо ташаббуси Анҷумани “Занони пиряхшинос”- и Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” ҷиҳати қабули 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард, ҳамоиш барпо карда шуд.

Ҷамъомадро бо суханони табрикотӣ ва ифтитоҳӣ Раиси Анҷумани “Занони пиряхшинос” Дилором Қаюмова ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи иштирокчиёнро бо ҷашнҳои байналмилалии дар пешистодаи Наврӯз ва 21 март – чун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо табрику таҳният гуфт ва онҳоро бо фаъолият ва кори Маркази омӯзиши пиряхҳо, пурра ва аз наздик шинос намуд.

Номбурда дар суханрони оид ба баланд бардоштани савияи дониши мактаббачаҳхо оид ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо суханронӣ намуда  аз ҷумла қайд кард, ки  ин қатънома яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ ва бахшида ба ин санаи муҳим дар толори марказ ҷамъомади  омӯзишӣ бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор  гардид.

Яке аз ҳадафҳои меҳварии пешниҳоди ташаббусҳои беназир аз ҷониби Пешвои муаззами миллат Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба масъалаҳои байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо наҷоти инсоният ва ҳамзамон баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Мояи ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ  ёфтанд, аз ҷумла:

— Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

— Эълон шудани соли 2025  ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

— Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

— Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар  ш. Душанбе.

Сипас, ҳамаи иштирокчиёнро ба мизи мудаввар, ки бо дастархони наврӯзӣ ва  ширинию  нӯшокиҳо  оро дода шуда буд,  даъват намуданд.

Дар рафти ҳамоиш иштирокчиён филми саёҳат ба Антарктидаро ки аввалин шахсе, ки парчами Тоҷикистонро дар Антарктида барафрохт тамошо намуданд, баъди тамошо ба  муҳокимаи он гузаштанд ва ба саволҳои додашуда, ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки хонандагонро дар масъалаи ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ ва хештаншиносӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд инро бояд инкишоф дод.

Аз ҷониби ходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳо Адлиниссо Боқизода оиди Тавсифи умумии пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуда, сипас доир ба масъалаҳои номбурда ходими калони илми Сангинова Гулноз  Викторина гузаронида шуд, ки ҳамаи иштирокчиён дар кори он фаъолона иштирок намуданд.

 

Баъди анҷоми Викторина лаҳзаи рақсу суруд ва шеъхонӣ оғоз ёфта, ҳамаи иштирокчиён аз ин лаззати хотирмон гирифтанд.

Дар фарҷом, аз ҷониби хонандагон ба ташкилкунандагони чорабинии мазкур изҳори сипос намуданд ва  роҳбариятро бовар кунониданд, ки дар ҷавоб ба ин чорабинии хотирмон ваъда доданд, ки боз ҳам хубтару беҳтар таҳсилро хусусан дар самти омӯзиши пиряхҳо қавӣ  мегардонанд.

 

Ҳамзамон, ба ҳамаи иштирокчиён ва фаъолон Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дар анҷоми ҳамоиш, акси хотиравӣ гирифта шуд.