БА ИФТИХОРИ З0 – СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АРТИШИ МИЛЛӢ  – АРКОНИ ДАВЛАТДОРИСТ

«Ҳарчанд ки Артиши миллии мо пас аз соҳибистиқлолии давлати ҷавонамон дар вазъияти ниҳоят мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи андешидани ҳамаи тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ҷузъу томҳои он дар як муддати начандон тӯлонӣ барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва дастовардҳои истиқлолияти мамлакатамон омода гардиданд».

Эмомалӣ РАҲМОН

Имсол аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон расо 30 сол пур шуд. Агар ба таърихи таъсис ва бунёдгузории Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари соҳибистиқлоламон  назар афканем шоҳиди он мегардем, ки воқеан ҳам ин ниҳоди муқтадири давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо ташаббуси махсус ва ғамхориҳои ҳамарӯзаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳастӣ намуда, то имрӯз баҳри ҳифзи якпорчагии марзу буми Ватан  афсарону сарбозони он содиқона хидмат карда истодаанд, ки боиси ифтихор аст.

Лозим ба тазаккур аст, ки ташаккули ниҳодҳои ҳарбии кишвар, муҷаҳҳазгардонӣ, низому тартибот, таъминоти моддию техникӣ ва тақвияти пайвастаи он бо назорати пайваста ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дараҷаи касбияти аскарону афсарон ва вазъи муҷаҳҳазгардонии имрӯзаи Артиши миллӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии он ба куллӣ фарқ намуда, марҳала ба марҳала боз ҳам устувору қавитар мегардаду инчунин ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз марзу буми он низ нуфузу мавқеи хоса касб кардааст. Аз ин рӯ, мардуми шарифи Точикистон бояд хуб дарк намоянд, ки онҳо Артиши қобили ҳифзи марзу буми кишвари худро доранд ва халқ метавонад таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта ба cap барад.

Артиши миллии Точикистон роҳи пуршарафи таърихиро пушти cap кард, ки он  воқеан ҳам нодир аст. Новобаста аз лаҳзаҳои ҳассосу норасоиҳои моддию техникӣ Артиши миллии навтаъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар замми муборизаҳои шадиди ҳарбӣ, ҳамзамон баъди аз сар гузаронидани ҷанги таҳмилӣ, ки баҳри таъмини сулҳу субот равона шуда буд, дар таърихи 23-юми феврали  соли 1993 нахустин паради ҳарбиро дар Майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт баргузор намуд.

Бояд қайд кард, ки  таъсиси Артиши миллӣ дар шароите, ки ҳам барои миллат ва ҳам барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон мушкилтарин лаҳзаҳо маҳсуб мешуд, пайки саодат ва умедворӣ барои расидан ба рӯзҳои неку осоишта мебошад. Чунки ҳар лаҳзаву замон афроди хиёнатпешаву фирефташуда бо истифода аз неруҳои радикалию экстремистии хориҷӣ болои миллат ҳуҷумҳои мусаллаҳонаву идеологӣ бурда, хостори маҳви давлати ҷавони мо буданд. Вале Артиши миллии Тоҷикистон таҳти Сарфармондеҳии  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тавонист, ки ба мардуми шарифи Тоҷикистон паёми иршод диҳад ва садои сулҳро ба оламиён бирасонад.

 Аз ин лиҳоз, бояд ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст. Бар замми ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон пайваста бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд.

Мусаллам аст, ки дар замони бархурди тамаддунҳо ва инчунин ҷаҳонишавии босуръат марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ, фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва ҳисси садоқати низомиён аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба вобастагии зиёди худро дорад. Чунки ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, субботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осоиштаи сокинони мамлакат бар зиммаи хизматчиёни ҳарбӣ, яъне ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст ва онҳо муваззафанд, ки ин неъмати бебаҳо сулҳу суббот ва оромиву осоиши ҷомеаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд.

Дар ҳақиқат, вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки Артиши миллӣ ҳамчун кафили таҳкими Истиқлоли давлатӣ ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ доданро талаб менамоянд. Тавре зикр кардем, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳаммияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Инак, расо 30-сол инҷониб ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати муқаддаси худ ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст. Дар зарфи ин солҳо Артиши миллии Тоҷикистон ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва меҳнатдӯстию мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст.

Ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ муборак бод, афсарон ва сарбозони диловару шуҷоъи Ватан!

Абдулҳамид ҚАЮМОВ,

профессор