Имрӯз, 22 феврали соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 30-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Абдулҳамид Қаюмов, директори муассиса чорабиниро ифтитоҳ намуда, зимни суханронияш оиди муҳиммияти таърихии Артиши миллӣ, инчунин  саҳм ва нақши он дар пойдории суҳлу суботи кишвар ибрози андеша карда, аҳли кормандонро бо ин санаи фархунда табрик ва муборакбод намуд.

Ҳамзамон дар доираи чорабинии тантанавӣ бонувони марказ ҳамаи кормандонро ба ифтихори ин иди шуҷоату мардонагӣ табрику таҳният гуфта, бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ намуданд.