Санаи 20.02.2023 дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва АМИТ конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо”  баргузор гардид. Дар кори конфронс аъзоён ва намояндагони ҲХДТ аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, олимон ва кормандони муассисаҳои зертобеи АМИТ иштирок намуданд.

Ҳамоиши илмиро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, ҷиҳати ташаббусҳои беназири Роҳбари давлат дар самти масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ибрози андеша намуд. Номбурда қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвар ва роҳбари ташаббускор оид ба масъалаҳои ҷаҳонӣ вобаста ба масъалаҳои об ва ҳифзи захираҳои об эътироф гардидааст, ки ин боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Зимни баромад президенти Академия қабул ва дастгирии ташаббуси панҷуми Пешвои миллат оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби 154 кишвари узви СММ-ро ёдовар шуда, ин ташаббусро ҳамчун иқдоми беназир ва нодир арзёбӣ намуд.

Сипас ҷиҳати масъалаҳои об ва мушкилоти кам шудани захираҳои об директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Ориф Амирзода баромад намуда, оид ба пешгирии ноорасоии оби ошомиданӣ ва самаранок истифода бурдани захираҳои об ибрози назар кард.

Баъдан директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” профессор Абдулҳамид Қаюмов дар мавзӯи “Тоҷикистон-пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон” баромад намуда, қайд кард, ки МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”  пешбарандаи сиёсат ва ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо буда, баъди қабул гардидани Қатъномаи беназир оид ба эълон шудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” муассиса фаъолияташро боз ҳам васеътар намуда, вазифа ва масъулиятҳои навро ба ӯҳда гирифтааст.

Таъсиси маркази мазкур як марҳила ва раванди нави ба роҳ мондани омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон буда, имкон фароҳам овард, ки илми пиряхшиносӣ дар ҷумҳурӣ густариш ёфта, таҳқиқи пиряхҳои хурду бузург бо усулҳои инноватсионӣ ба роҳ монда шавад. Ба ин васила коҳишёбӣ ва сатҳи аз байн рафтани пиряхҳо муайян гардида, натиҷаҳои назаррас ва маълумоти илман асоснок ба даст оварда шудааст- иброз дошт Абдулҳамид Қаюмов.

Инчунин оид ба дастовардҳои илмие, ки муассиса дар тули фаъолияти панҷсола бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ҳамзамон бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст,  ибрози андеша карда, иқдоми навбатии Пешвои миллатро дар самти ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ҳамчун омили пешбарандаи илми пиряхшиносӣ дар ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд.

Дар фарҷоми баромад номбурда қайд дошт, ки Маркази омӯзиши пиряхҳо барои дар сатҳи  баланд гузарондани соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пайваста тадбирҳои  зарурӣ роҳандозӣ намуда, ба нақша гирифтааст, ки барномаи илмӣ оид ба гузарондани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро таҳия намояд.