Рузи байналмилалии занон ва духтарон дар илм
Маъмур: cryosphere 10-02-23 653
Рузи байналмилалии занон ва духтарон дар илм
9-уми феврали соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ҳамоиши илмии Анҷумани “Занони пиряхшинос” дар якҷоягӣ бо клуби “Хонуми ядроӣ”-и Ангентии амнияти химиявӣ, биологӣ радиатсионӣ ва ядроии АМИТ дар мавзӯи «Саҳми занон дар илми муосир” бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм баргузор гардид.
Хотиррасон намудан зарур аст, ки Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 11 феврали соли 2012 дар саросари олам таҷлил карда мешавад.
Дар кори ҳамоиш роҳбари Анҷумани “Занони пиряхшинос”, ходимипешбари озмоишгоҳи сифати об ва санитарияи Маркази омӯзиши пиряхҳо Дилором Қаюмова, ноиби роҳбари шуъбаи миллии клуби “Хонуми ядроӣ”-и Ангентии амнияти химиявӣ, биологӣ радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, доктори илмҳои тиб, Шарофова Мижгона, инчунин дигар аъзоёни Анҷумани “Занони пиряхшинос” ва клуби “Хонуми ядроӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти кори ҳамоиш ҳамзамон намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ низ иштирок доштанд.
Чорабиниро роҳбари Анҷумани ”Занони пиряхшинос” Дилором Қаюмова ҳусни оғоз бахшида, нахуст тамоми иштирокчиёнро ба рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм табрик намуда, қайд кард, ки зани тоҷик нерӯи созандаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буда, дар бунёд ва пешрафти ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд нақши босазо дорад. Ҳамзамон оид ба рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм маълумоти муфассал дода, иброз намуд, ки Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгириҳои пайвастаашон ба занон ва бонувон Анҷумани «Занони пиряхшинос»-ро ташкил намуда, бонувони мутахассисро, ки ба таҳқиқ ва омӯзиши пиряхҳо машғуланд, муттаҳид намудааст. Анҷумани мазкур соли 2018 бо ташаббуси директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои баланд бардоштани нақши занон дар омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шудааст. Анҷуман фаъолияти худро ба ҷалби занон ба омӯзиши пиряхҳо, ташаккули донишу малакаи занон оид ба гузаронидани тадқиқоти бунёдӣ, оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо равона намуда, инчунин барои муайян кардани роҳҳои нави инноватсионии омӯзиши пиряххо аз тарафи занон ташкил шудааст. Дар рафти ҳамоиш аъзоёни анҷуман оид ба масъалаи саҳми занон дар рушд ва пешрафти илм, махсусан дар илми пиряхшиносӣ маърӯзаҳои пурмӯҳтаво матраҳ намуданд. Бахтибекова Насиба – ходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳо доир ба мавзӯи “Масъалаи занон дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон” баромад намуда, қайд кард, ки Роҳбари давлат ташаббусҳои занони кишварро ҳамеша дастгирӣ намуда, ҷиҳати ҷалби занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда чораҳои зарурӣ меандешанд. Натиҷаи дастгириҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумат аст, ки имрӯз занони Анҷумани “Занони пиряхшинос”- и маркази мазкур дар қатори мардон дар баландии зиёда аз 4500 метр таҳқиқоти илмӣ гузаронда, дар рушд ва пешрафти илми пиряхшиносӣ дар ҷумҳурӣ ва таъсиси мактаби глятсиологии занон нақши муассир гузошта истодаанд.
Зимни баромади худ Сангинова Гулноз – ходими илми шуъбаи озмоишгоҳи сифати об ва санитарияи муассиса қайд кард, ки дар Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» нақши занон басо муҳим буда, Анҷумани “Занони пиряхшинос” бо сарварии Қаюмова Дилором ҳамарӯза аз пайи ҷустуҷӯи навовариҳо дар соҳаи илми пиряхшиносӣ ва муаррифии қудрат ва тавоноии занон, ки дар баробари мардон дар экспедитсияҳои байналмилалӣ ва дохили ҷумҳурӣ иштирок доранд, машғул мебошанд.
Давлятова Адолат – ходими илмии шуъбаи “Мониторинги пиряхҳо, криосфера, глятсиология ва ГИС-технология”- и марказ бобати таҳқиқоти пиряхи №157-и ҳавзаи дарёи Ғунд ва пиряхи №139-и ҳавзаи дарёи Қароқул маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Номбурда қайд кард, ки мақсад аз гузарондани ин таҳқиқот ин пеш аз ҳама муайн намудани динамикаи пиряхҳо буда, инчунин омӯхтани мушоҳидаҳои стандартии метеорологӣ ва муайян намудани ҳолати иқлим ва шароити ҷуғрофии минтақа мебошад.
Аз баромади мазкур бармеояд, ки занони анҷуман аз монеаҳои зиёди касби интихобкардаашон наҳаросида, дар баландии 4500 метр дар баробари мардон корҳои илмӣ гузаронда истодаанд, ки ин албатта иродаю шуҷоати зиёдро талаб менамоянд.
Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамзамон Мижгона Шарофова – ноиби роҳбари шуъбаи миллии клуби “Хонуми ядроӣ”-и Ангентии амнияти ХБРЯ аҳли нишастро бо рӯзи байналхалқии занону духтарон дар илм табрик намуда, оиди нақши занону бонувон дар соҳаи илм баромад кард. Номбурда изҳор дошт, ки имрӯз соҳае нест, ки зани тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошад. Ин ҳам бошад бо шарофати дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба мо ҳамчун қишри пешбарандаи ҷомеа эътимод дошта, пайваста дастгирӣ менамоянд.
Дар баробари худ дигар аъзоёни клуби “Хонуми ядроӣ” низ оиди саҳми занон ва бонувон дар пешрафти илми муосир ва фаъолияти занони клуби “Хонуми ядроӣ”изҳори андеша намуданд.
Дар фарҷом роҳбари Анҷуман Дилором Қаюмова барои аҳли нишаст ва махсусан ба аъзоёни клуби “Хонуми ядроӣ”-и Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ радиатсионӣ ва ядроии АМИТ барои ҳамкорӣ ва дастгириашон изҳори сипос намуда, барои ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба пешниҳодҳои муфиду судманд карданд.