Нишасти матбуотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Маъмур: cryosphere 08-02-23 242
Рӯзи 8-уми феврали соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотии муассисаҳои илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ доир гардид. Нишастро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, оиди фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои илмии тобеи он, ояндаи рушди илми ҷумҳурӣ, коркардҳои илмӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва масъалаҳои дигари муҳимми илмӣ ибрози андеша намуд.
Қайд гардид, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии худро дар соли 2022 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021, стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия бари давраи то соли 2030 ва нақшаи кории АМИТ дар соли 2022 ба роҳ монда, нерӯи илмиро барои тараққӣ додани таҳқиқоти илмию бунёдӣ ва амалӣ оид ба самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, омӯзиши дастовардҳои илм ва технологияи ҷаҳонӣ, инчунин мусоидат ба рушди эҷодии олимони ҷавон, тарбияи кадрҳои баландихтисос равона намуда, дар ин муддат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ оид ба дастовардҳои илмии олимони Академияи илмҳо дар соли 2022 гузориши муфассал дода, зикр намуд, ки олимони моро дар ҷаҳон мешиносанд ва ҳеҷ ҷойи шубҳа ҳам нест, ки илми тоҷик берун аз марзи Тоҷикистон муаррифӣ нашудааст.Табъу нашри мақолаҳои олимони АМИТ дар маҷаллаҳои кишварҳои Ғарб аз он далолат медиҳад, ки олимони мо дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудаанд.
Номбурда зимни дастовардҳои таҳқиқотҳои илмию бунёдии муассисаҳои тобеи АМИТ маълумоти пурра пешниҳод намуда, оид ба фаъолияти Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” чунин қайд намуд, ки Маркази номбурда дар даврони фаъолияти на он қадар тулонӣ тавонист ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардида, илми пиряхшиносиро бо истифодаи усулҳои муосири инноватсионӣ ба роҳ мондааст.
Марказ ҳамасола экспедитсияҳои илмӣ–бунёдӣ гузаронда, оид ба сатҳи коҳишёбии пиряхҳо Тоҷикистон маълумоти аниқу дақиқ пешниҳод менамояд. Ҳамзамон таъсиси озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” ва ба кор даровардани таҷҳизоти лазерии “Пикаро” дар озмоишгоҳ бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахши омӯзиши изотопии пиряхҳо ва қабати барф, мушоҳида ва назорати ҳолати коҳишёбии онҳо ва инчунин муайян намудани таркиби изотопӣ ва гидрологии оби пиряху кӯлҳо ва ҳавзҳои пиряхӣ як марҳилаи нави илми пиряхшиносӣ ба ҳисоб меравад.
Да ҷараёни нишаст Президенти АМИТ ба рузноманигорони ВАО-и ҷумҳурӣ посухҳои қаноатманд доданд.