Имрӯз, санаи 27.01.2023 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишасти илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон–роҳнамои рушди минбаъдаи илми ватанӣ” баргузор гардид.
Ҳамоишро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронӣ иброз намуд, ки Паёми имсолаи Президенти мамлакат фарогири ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар буда, Роҳбари давлат нахуст тамоми фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистонро дар давоми 5 соли охир таҳқиқ ва таҳлил намуда, дар муқоиса бо 5 соли қаблӣ дастоварду пешравиҳои назаррасро мушаххас баён карда, баъдан роҳҳои минбаъдаи рушди кишвар барои барои соли 2023 ва оянда муайян намуданд. Академик Фарҳод Раҳимӣ зимни суханронӣ ҳамзамон моҳият ва аҳаммияти ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба масъалаҳои марбут ба об, сарчашмаҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо шарҳ дода, қайд кард, ки ҳадафии асосии ташаббусҳои беназири Президенти мамлакат ин пеш аз ҳама наҷоти аҳли башар, яъне раҳоӣ аз бӯҳрони норасоии оби ошомиданӣ мебошад. Ба қавли президенти Академия зиёда аз 3 миллиард сокини сайёра имрӯз аз норасоии оби тоза танқисӣ кашида, ҳамарӯза аз сабаби нарасидани оби тоза дар курраи Замин аз 800 то 1000 нафар кӯдаки то 5 сола мефавтад. Бояд қайд намуд, ки яке аз сабабҳои асосии зудтар об шудани пиряхҳо ттағйирёбии бесобиқаи иқлим буда, миқдори оби тоза коҳиш ёфта истодааст.
Номбуда зикр кард, ки хушбахтона қабули Қатъномаи СММ оид ба эълон гардидани соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ эътимод дорад.
Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.
Қабули чунин як Қатъномаи муфид боиси ифтихору сарфарозии ҳамаи мо олимони тоҷик ва инчунин аҳли ҷомеа маҳсуб мешавад.
Сипас дар ҷараёни ҳамоиш академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳикмат Ҳисориев ҷиҳати таъсир ва роҳнамоии Паёми Президент ба рушди илмҳои биологӣ ва дигар олимони соҳаҳои гуногун ҷанбаҳои мухталифи Паёмро шарҳу тавзеҳ доданд.