ТАРЗҲОИ НАВИ ОМӮЗИШИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРЯХҲО ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ИЛМИИ «МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН»

 

19-уми январи соли 2023 дар озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо иштироки директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва аҳли кормандони муассиса тарзу усулҳои нави омӯзиши сатҳи байналмилалии пиряхҳо тавассути таҷҳизоти лазерии «Пикаро» расман ба роҳ монда шуд.

Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахши омӯзиши изотопии пиряхҳо ва қабати барф, мушоҳида ва назорати ҳолати коҳишёбии онҳо ва инчунин муайян намудани таркиби изотопӣ ва гидрологии оби пиряху кӯлҳо ва ҳавзҳои пиряхӣ таъсис дода шудааст.

Бояд қайд кард, ки дар маросими ба кор омода намудани таҷҳизоти лазерии “Пикаро” дар озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” байни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва инчунин муассисаи мазкур Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, барои минбаъд боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳои муфиду судманд ибрози андеша намуданд.

Зимни баромади худ директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Илҳом Мирсаидзода аз ташаббусҳои наҷибу бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ёдовар шуда, ҳамзамон аҳаммияти эълон гардидани соли 2025-ро ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” муфассал шарҳ дода, зикр кард, ки ташаббуси мазкур барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масоили обу иқлим ва обшавии пиряхҳо мусоидат хоҳад намуд.

Ба андешаи коршиносони соҳа, пешниҳоди ташаббуси панҷум ва навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим иқдоми муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Сипас, дар ҷараёни чорабинӣ директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”, профессор Абдулҳамид Қаюмов иброз намуд, ки озмоишгоҳи мазкур баҳри амалӣ намудани ташаббуси 5-уми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ташкил гардида, дар самти рушд ва тақвияти илми пиряхшиносӣ дар ҷумҳурӣ такони нав хоҳад бахшид. Инчунин зимни суханронии худ мавсуф қайд кард, ки бо дастгирии МАГАТЭ дар доираи ҳамкориҳои судманд таҷҳизоти лазерии “Пикаро” дар озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи марказ фаъол гардида, имконият медиҳад, ки минбаъд омӯзиши изотопии пиряхҳо ва қабати барф бо тарзҳои инноватсионӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ низ ду ҳуҷраи кориро барои фаъолияти минбаъдаи озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” бо мақсади нисбатан хуб ба роҳ мондани таҳқиқоти инноватсионии сатҳи байналмилалӣ ҷудо намудааст, ки ҳадаф аз ин дастгирӣ пеш аз ҳама ҷонибдории сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо маҳсуб меёбад.

Лозим ба тазаккур аст, ки барои ба роҳ мондани раванди нави таҳқиқи пиряхҳо, қабати барф ва насб намудани дастгоҳи таҳлилии “Пикаро” дар муассиса моҳи майи соли 2022 бо иштироки намояндаи МАГАТЭ семинари омӯзишии серӯза дар мавзӯи “Дурнамои омӯзиши изотопии пиряхҳо ва қабати барф дар Тоҷикистон баргузор гардида буд. Семинары мазкур дар доираи лоиҳаи «Ташаккули иқтидори миллӣ оид ба арзёбии пиряхҳо ва барф дар шароити тағйирёбии иқлим» ташкил карда шуда, ҳадафи татбиқи лоиҳа барои гузарондани таҳқиқоти  изотопии пиряхҳо ва қабати барф равона шудааст. Дар натиҷаи таҳқиқот дар бораи ҳолати пиряхҳо ва захираҳои оби Тоҷикистон маълумоти муътамад ба даст оварда мешавад, ки ин имкон  медиҳад  минбаъд раванди коҳишёбии пиряхҳо ва маҷрои  пирях ба таври воқеӣ арзёбӣ карда шавад.

Бар замми ин кормандони шуъбаи озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи марказ дар муддати як моҳ тибқи барномаи Fellowship, бо дастгирии молиявии МАГАТЭ дар Донишгоҳи Инсбрук (Институти геология) дар Австрия, таҳти роҳбарии доктор Юрий Дублянский ҷиҳати азхуд кардани тарзҳои таҳқиқоти изотопии пиряхҳо таҷриба омӯхтанд.

Дар рафти таҷрибаомӯзӣ кормандони марказ оид ба намунаи амалии ях ва об бо мақсади муайян кардани таркиби минбаъдаи изотопии онҳо, машғулият дар озмоишгоҳи (лабораторияи) гузаронидани изотопи анализатории “Пикаро” ва доир ба ҷузъҳои насбкунии таҷҳизоти таҳлилии “PICARRO” маълумоти пурра ба даст оварданд, ки натиҷаи таҷрибаомӯзӣ минбаъд имкон фароҳам овард, ки таҳқиқоти изотопии пиряхҳо ва қабати барф бо дастгоҳи номбурда ба роҳ монда шавад.

Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки чунин усули ба роҳ мондани омӯзиши пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ниҳоят кам буда, ба роҳ мондани он дар марказ як навъ навоварӣ ва ҳамзамон боиси пешрафти илми глятсиология ва инчунин тарзҳои нави ба роҳ мондани таҳқиқоти пиряхҳо ба шумор меравад, ки он ҳам бошад бо сиёсат ва иқдоми имрӯзаи пешгирифтаи роҳбариати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳо амалӣ шудааст.

Дар фарҷом директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”, профессор Абдулҳамид Қаюмов ба маъмурияти Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) ва ҳамзамон ба директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода ва инчунин ба мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Олимҷон Азизов барои ҳамкориҳои  судманд изҳори сипоси худро баён менамояд.