ШОДБОШӢ

Ҳамкорони азизу арҷманд, пеш аз ҳама ҳамаи Шумо азизони дилу дидаҳоро бо тақдими беҳтарин таманниёту изҳори як ҷаҳон сипосу самимият бо фарорасии Соли нави мелодӣ, ки саршори дигаргуниҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавист самимона муборакбод намуда, бароятон субҳи пурсафои саодат, дилнавозтарин нишоту хуррамиҳои зиндагӣ ва дар фаъолияти хидматиатон фатҳу нусратҳои беназирро таманно менамоям.

Боиси ифтихору сарфарозии мову шумост, ки мардуми сарбаланди кишвари бостонии соҳибистиқлоламон чун ҳамеша дар татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлату Ҳукумат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша устувор ҳастанд ва қадам ба қадам диёри зарнисорамонро боз ҳам ободу шукуфон менамоянд.

Боварии комил дорем, ки мову Шумо оғози Соли нави мелодии 2023-ро дар фазои сулҳу суботи комил, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, пешрафту шукуфоии кишвар ва инчунин рӯҳияи созандагӣ гарму ҷӯшон истиқбол гирифта, таманнои онро дорем, ки Тоҷикистони азиз боз ҳам зебову мубарро ва ободу шукуфон гардад ва сулҳу суботаш боз ҳам пойдору ҷовидон бимонад ва мардуми азизи кишвари соҳибиқболу соҳибистиқлоламон ба комёбиҳои навину муваффақиятҳои беназир ноил гарданд.

           Дӯстони азиз, дар фарҷоми гуфтор дар ин рӯзҳои пурнишот, ки бо иқдоми навбатию ибтикороти 5-уми Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси сайёра ва сатҳи ҷаҳонӣ эълон шудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва ҳамзамон санаи 21-уми ҳар сол таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки ҳадафи асосиаш наҷоти оламиён аст ба кулли ҳамкорони гиромиқадру арҷманд  ва инчунин ба ҳамаи Шумо ва наздиконатон сиҳҳатии пойдор, саодати рӯзгор, комёбиву барор таманно намуда, ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон амнияту ваҳдати сартосарӣ, пешрафту шукуфойиву қудрат ва инчунин сарсабзиву нусрат хоҳонам. Ҳамеша сарбаланду хонаобод ва фирӯзу комёб бошед, дӯстони азиз. Тоҷикистон ба пеш!


Абдулҳамид ҚАЮМОВ, профессор,   

директори Муассисисаи давлатии илмии

“Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”