ТОҶИКИСТОН – ПЕШОҲАНГИ МАСОИЛИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР ҶАҲОН
Маъмур: cryosphere 20-12-22 697
ТОҶИКИСТОН – ПЕШОҲАНГИ МАСОИЛИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР ҶАҲОН
Санаи 20.12.2022 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо МДИ «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва иштироки васеъи кормандони Академия барои эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ дар мавзӯи «ТОҶИКИСТОН – ПЕШОҲАНГИ МАСОИЛИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР ҶАҲОН»- ро дар толори Академия чорабинӣ доир намуданд.
Чорабиниро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, сараввал дар бораи ташаббус ва иқдомҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба норасоии об, тағйирёбии иқлим ва коҳишёбии пиряхҳо дар ҷаҳон ва сайёра чанде ибрози назар намуда ва сипас сухани навбатиро ба директори МДИ «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» профессор Абдулҳамид Қаюмов дод.
Пиряхҳо дар куҳҳои Осиёи Миёна ва дигар минтақахои ҷаҳон хеле кам шуда, бо суръат об мешаванд. Дар натиҷа, нигарониҳо зиёд мешаванд, ки тағирёбии иқлим метавонад норасоии обро афзоиш диҳад ва ба экосистемаҳо, истеҳсоли ғизо ва саломатӣ таъсири манфӣ расонад.
Мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо давоми моҳҳои июн-августи соли 2022 ҷиҳати таҳқиқ ва омӯзиши пиряхҳои Федченко, Хирсон, РГО ва пиряхҳои ҳавзаи кӯлҳои Қароқӯл ва Искандаркӯл корҳои муҳими пажӯҳишӣ анҷом додаанд.
Таҳқиқотҳои экспедитсионии саҳроӣ, моҳворагӣ, истифодаи ҳавопаймоҳҳои бесарнишини Маркази омӯзиши пиряҳои АМИТ нишон доданд, ки пиряҳои Тоҷикистон коҳиш ёфта истодаанд.
Ёдовар шуд, ки ҳанӯз соли 2009 дар Копенгаген тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим, инчунин дар ҷаласаҳои сатҳи баланд дар Франция, Швейцария, Амрико ва баъдан моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Аз ҷумла таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши пиряхҳо ва қабати барф дар сатҳи ҷаҳонӣ махсусан дар минтақаи куҳсор мебошад.
14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, бо камоли майл қабул ва тасдиқ намуд. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии беш аз 150 кишвари узви СММ якдилона пазируфта шуд.
Дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ пурра дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
– 21- март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
– соли 2025- ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
-дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
– дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш. Душанбе.
Доир ба қабул гардидани қатънома оид ба Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо МДИ Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чунин вазифа ва масъулиятҳоро дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ба ӯҳда мегирад.
– шабакаи омӯзиши пиряхҳоро дар баландии 3500-5000м мукамал намуда шумораи чунин истгоҳҳоро зиёд менамояд, ки нодиртарин шабакаи сатҳи ҷаҳонӣ оид ба омўзиши пиряхҳо шаванд;
– бо таъҷизотҳои инноватсионии сатҳи ҷаҳонӣ мукамал намудани шабакаи глятсиологӣ;
– мунтазам гузаронидани омӯзиши пиряхҳо бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарниш;
– эҳёи фаъолияти пойгоҳи Горбунов (баландии 4200 м аз сатҳи баҳр) дар пиряхи Федченкоро, ки аз соли 1933 то соли 1994 фаъолият карда буд ва қариб 30 сол мешавад, ки фаъолият намекунад;
– соли 2023 Феҳрист/Атласи маҷмаъавии (сводный том) пиряхҳои Тоҷикистон, ки ба тариқи умумӣ ҳолатҳои кунунии пиряхҳоро дар раванди тағйирёбии иқлим муаррифи менамояд ба нашр омода намудан;
– то соли 2025 дар пайҳами ҳамаи ҷилдҳои “Феҳрист/Атласи пиряхҳоро ба табъ мерасонад;
– то соли 2025 Пойгоҳҳои доимоамалкунандаи минтақавии оид ба омузиши пиряҳоро ба тариқи даврий (вахтовы) ба роҳ мемонад;
– омӯзиши изотопи пиряхҳо ва қабати барфро пурра ба роҳ мемонад ва озмоишгоҳи доимоамалкунандаро ташкил менамояд;
– дар якҷоягӣ бо шарикони рушди устувор омӯзиши радиоизотопиро барои муаян кардани синну соли пиряхҳо ва дақиқ муаян кардани захираҳои барфу пиряхро ба роҳ мемонад;
– дар якҷоягӣ бо шарикони рушди устувор ба тариқи доимӣ омӯзиши қабати пиряхҳро бо воситаи пармакунӣ роҳандозӣ мекунад;
– дастрас намудани расмҳои моҳворагии саҳеҳиашон баланд (высокого разрешения) ;
– доираи ҳамкориро бо Марказҳои бонуфузи ҷаҳонӣ барои рушди илми глятсология васеъ менамояд;
– мактаби эҳёшудаи пиряхшиносии тоҷикро инкишоф медиҳад;
– омода намудани Консепсияи ташкил ва гузаронидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо.
Дар охири баромад роҳбариятро бовар кунонд, ки ҳамаи он масъулият ва вазифае, ки Марказ дар наздаш гузоштааст босарбаландона ва сари вақт аз ӯҳдааш мебарояд.