НАМОИШИ ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ШВЕЙТСАРИЯ
Рӯзи 9-уми декабри соли 2022 Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юмин солгарди барқароршавии равобити дипломатии худро ҳамчун як марҳалаи асосии ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Швейтсария дар толори Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ” ботантана таҷлил намуданд.
Дар ҷараёни баргузории чорабинӣ Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон дар робита бо Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар толори театри мазкур намоишгоҳи расмҳои пиряхҳои Швейтсария ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил намуданд.
Зимни ифтитоҳи намоиш намояндагони Тоҷикистон ва Швейтсария суханронӣ намуда, роҷеъ ба ҳамкориҳои муштараки ҷонибҳо дар самти ҳифзи пиряхҳо ҳамчун захираи асосии оби ошомиданӣ ибрози ақида намуда, ҳамзамон зикр гардид, ки тағйирёбии иқлим дар ҳар ду давлат ба пиряхҳо бетаъсир намонда, тайи солҳои охир дар натиҷаи ин раванд пиряхҳо осеб дида истодаанд. Ҳамзамон, дар ҷараёни ҳамоиш аксҳои ҷолиби вазъи имрӯзаи пиряхҳои Шветсария ва Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.
Бар замми ин ҷониби маъмурияти Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” аксҳо ва банерҳо аз раванди корҳои таҳқиқотӣ – экпедитсионии омӯзиши пиряхҳо, ки тавассути аксбардорҳои моҳворагӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин гирифта шуда буданд ба маърази намоиш гузошта шуд.
Лозим ба тазаккур аст, ки Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо донишгоҳҳои Швейтсария дар масоили ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ҳамкории зич дошта, олимон ва муҳаққиқони швейтсарӣ дар раванди баргузории экспедитсияҳои муштарак ва инчунин таҳқиқоти ба роҳ мондаи муассиса фаъолона ширкат меварзанд.
Инчунин дар толор зиёда аз 60 адад аксу мусаввараҳои олимону рассомони швейтсарӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки дар бораи мавқеи ҷойгиршавии пиряхҳо ва ҳолати имрӯзаи онҳо муфассал маълумот медиҳанд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистону Швейтсария аз рӯйи иқлим ва мавқеи ҷуғрофӣ ба ҳам шабоҳати зиёд дошта, пиряхҳо ҳамчун бойгарии асосии ҳарду давлат ба шумор мераванд. Аз ин ҷост, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария дар масъалаи ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо пайваста тадбирҳои муштараку судманд роҳандозӣ мегарданд.
Сафири фавқулодаи минтақавии Швейтсария Дэвид Грихтинг бо ишора ба сиёсати эътирофгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори бевоситаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзиши пиряху иқлим таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи намоёни худро дорад.
Инчунин мавсуф қайд кард, ки пешниҳод ва иқдоми беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷиҳа дастгирӣ ва пуштибонӣ хоҳад ёфт. Зимни баромади пурмуҳтавои худ ҷаноби Дэвид Грихтинг барои ҳамкориҳои муфид бо Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” баҳои баланд дода, ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои назарраси илмӣ ва ташкили таҳқиқоту экспедитсияҳои илмӣ – бунёдӣ бо истифода аз методҳои инноватсионӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ баромад намуда, дар бораи ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои ба ҳам дӯст мухтасар сухан ронд. Коҳишёбии пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим масъалаҳои рӯзмаррае мебошанд, ки танҳо дар натиҷаи ҳамкориҳои доимӣ метавонанд ҳалли худро ёбанд. Аз ин лиҳоз, мавқеи ҷуғрофӣ, кӯҳсорони сербарфу қуллаҳои сар ба афлок кашида, пиряхҳо ва иқлими ду минтақаро ба инобат гирифта, ҳамкориҳоямонро бояд боз ҳам густариш диҳем, гуфт дар фарҷом номбурда.