24- уми ноябр ” Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон

Санаи 23 ноябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” ҷамъомад таҳти унвони    “Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон“ баргузор гардид.

Директори муассиса, профессор Абдулҳамид Қаюмов чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, аз  хизматҳои бузурги Пешвои миллат дар даврони Истиқлол ёдовар шуда, қайд намуд, ки мо ҷавонон ва муҳаққиқони марказ ҳамчун пешбарандаи сиёсати давлат оид ба ҳифзи пиряхҳо ва  ҳар лаҳзаи умри худро баҳри  созандагӣ, ободонӣ ва арзишҳои миллии ин сарзамин сарф намуда, барои наслҳои ояндаи кишварамон дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣ зери парчами ҷумҳуриямон қадамҳои устувор мегузорем.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №5877 аз санаи 30.11.2007 “Дар бораи гузаронидани соли байналмилалии қутбӣ 2007 – 2008” ва мутобиқи нақша- чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон экспедитсияи якуми  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Антарктида ба нақша гирифта шуда буд. Экспедитсия қисматҳои илмӣ ва сиёсиро дар бар мегирифт.    Ҳамзамон, тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон, директори муассиса, профессор Абдулҳамид Қаюмов ба қитъаи Антарктида барои гузоштани Парчам фиристода мешавад. Ин экспедитсия барои профессор Абдулҳамид Қаюмов басо душвор ва хотирмон буд. Тули 60 рузи сафар махсусан дар  Уқёнуси Атлантика рӯзҳои фаромушнашаванда буд. Чунки номбурда ҷони худро кафи даст гирифта ба Антарктида сафар кард.

Кормандон ва муҳаққиқони марказ филмеро бо номи “ Сафар ба Антарктида дар соли 2009” бо як таваҷҷуҳ ва изҳори сипос тамошо ва муҳокимарони намуданд.
Маҳз тавассути сиёсати хирадмандона ва заҳматҳои шабонарӯзию фидокориҳои Пешвои муаззами миллат мардуми шарифи Тоҷикистон зери Парчами сулҳу ваҳдат сарҷамъ омада, Тоҷикистон имрӯз дар роҳи рушди устувор ва босубот қарор дорад.

Қобили қайд аст, ки бо ташаббус ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, ки манбаи асосии оби ошомиданӣ ба ҳисоб мераванд, мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ҷомеаи ҷаҳонӣ  қарор гирифтааст.

 Инчунин, кормандони марказ маърӯзаҳои худро дар мавзӯи “Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон“ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баромад намуданд.