24-УМИ НОЯБР – РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маъмур: cryosphere 22-11-22 647
24-УМИ НОЯБР – РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ТОҶИКИСТОН, ТОҶИКИСТОН –
ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!
“Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳама соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд.
Халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик дар тӯли солҳои зиёд баҳри ба даст овардани Истиқлоли давлатии комили худ ва инчунин таъсиси рамзҳои давлатии соҳибихтиёраш чӣ қадар ҷонбозиву азму талошҳо намуда, ҷиҳати расидан ба давлатдории мустақили хеш ҷоннисориҳо намудааст.
Зеро, соҳиби давлати мустақил ва инчунин дигар рамзҳои давлату давлатдорӣ будан, пеш аз ҳама барои ҳар як инсони соҳибдил бахти бузург маҳсуб меёбад. Ин падида ба хусус дар замони бархӯрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ нақши басо муҳиммеро мебозад. Дар замони соҳибистиқлолӣ барафрохтану парафшон намудани Парчами миллӣ арзиши нодирест, ки миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои миллатро ба таври пурра таъмин менамояд.
Феълан зикр бояд кард, ки миллати соҳибистиқлолу соҳибиқболи мо аз он ифтихор дорад, ки тӯли се даҳсолаи охир соҳиби давлати мустақили худ гардида, ба Истиқлоли комили сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ даст ёфт, ки шукрона ин падидаи нодир пеш аз ҳама эҳсоси ватандориву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва фарҳангсозу соҳибтамаддун будани ҳар як миллатро дар худ таҷассум менамояд.
Парчами миллии мо тавониста, ки аз рӯзҳои аввали замони соҳибистиқлолии кишварамон ва ҳамзамон дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олӣ, ки чанде пеш мо 30-юмин солгарди онро ботантана таҷлил намудем, рисолати худро ҳам дар ҳамон даврони сарнавиштсоз ба иҷро расонд, яъне Раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дар анҷоми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Парчами давлатиро бӯсидаву ҳамзамон онро ба чашмонашон молида, аз ҳамон рӯзҳо то инҷониб ба масоили тарбиявию ва инчунин ҳисси ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ, ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянду онро ҳамзамон ба як ҷузъи сиёсати давлатӣ қарор додаанд, ки дар тамоми давраҳои интихоботи Президентӣ ва маросими савгандёдкунӣ низ Президенти тозаинтихоби мамлакат рамзӣ ба он саҷда менамоянд, ки ин гувоҳест ба ин муқаддасоти милливу аҷдодӣ.
Мусаллам аст, ки ин падидаи наҷиб ва сиёсати дурандешонаи Сарвари давлати тоҷикон дар замони худ ва раванди давлату давлатдорӣ ва замони соҳибистиқлолии кишварамон боиси ифтихор маҳсуб ёфта, натоиҷи самарабахш дорад, ки тамоми ҷиҳатҳои ҳаёти ҷомеаро фарогир буда, дар маҷмуъ рамзи эҳтиром ва садоқатро ба ин муқаддасоти милливу давлатиро ба таври возеҳ ифода месозад.
Бояд қайд кард, ки тибқи супориши бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикписари далеру ватандӯст ва фидои Абдулҳамид ҚАЮМОВ баъди 60 рўзи шино кардан дар уқёнуси Атлантика бо киштии «Академик Фёдоров» 6-уми январи соли 2009 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қитъаи Антарктида расонд. Ҳадафи ниҳоии экспедитсияи мазкур ин пеш аз ҳама боз ҳам муаррифӣ намудани мавқеи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мутараққии ҳомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёфт.
Ниҳоятан бояд қайд намуд, ки мо маҳз таҳти ҳамин Парчам ба Истиқлолу Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи сартосарӣ ва инчунин ба марҳалаҳои созандагиву бунёдкориҳои беназири худ расидем ва ба як идда дастовардҳои назаррас мушарраф гардидем, ки боиси ифтихор аст.
Хулласи калом, ҳаққи ифтихор аз Парчами миллӣ ба кулли сокинони кишвари соҳибиқболу соҳибистиқлоламон новобаста аз қавму миллат бояд хос бошад. Бигзор сулҳу субот ва фазои орому осудагӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми кишвари азизамон пояндаву ҷовидонӣ бошанд ва халқи тоҷик таҳти парафшонии Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона кору фаъолият намоянд.
Ҳамзамон мо итминон ва боварии комил дорем, ки мардуми ғаюру бонангу номуси мо бо азму талоши созанда зери парафшонии Парчами давлатии давлати соҳибистиқлоли худ минбаъд низ барои ба як мулки мутараққӣ мубаддал гардонидани кишвари азизу маҳбубамон бо талошҳои созандаву хастагинопазирашон пайваста заҳмат кашида, дар рушду нумӯи меҳани аҷдодӣ саҳми босазои худро мегузоранд. Зеро мо метавонем. Мо аз азал халқи бунёдкору созандаем. Пас мо метавонем!
Ба ифодаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ:
Зи дурии замонаҳо расидаем, расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем.
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи ҳамкорон ва мардуми шарифи кишвари азизамон мубораку фархунда бод!