16-УМИ НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ПЕШВОИ РАҲНАМОИ МИЛЛАТИ МО

Сипар худро барои ҷисму ҷони Тоҷикистон кард,

Гузашт аз тирборону Ватанро меҳрборон кард.

(Низом Қосим)

 

Бахти нек ва толеи баланди мардуми Тоҷикистон будааст, ки онҳо мисли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин як Лидер ва Пешвои раҳнамои худро доранд, ки ин ҷавонмарди асилзодаву ғаюр ва нотарсу далер аз байни халқи заҳматкаш баромадаву бурду бохт ва талошу муборизаҳояш оқибат боиси ба як идда дастовардҳои беназир соҳиб гардидану ба як давлати амнтарин ва мутаррақӣ табдил ёфт.

Ин шахсияти таърихӣ ва сиёсатмадори шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун нахустин сарваре дар таърихи давлату давлатдории тоҷикон ба шумор мераванд, ки ҷони худро дар хатар гузошта, бо шиори «Ман ба Шумо сулҳу ваҳдат меорам!» ба фаъолият шуруъ карда, оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш намуданд ва бо ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи худ халқи тоҷикро таҳти як парчам ва бунёдкориву созандагӣ муттаҳид намуда, хонадони ҳар як сокини ин сарзамини нозанинро бо

анвори гуҳарбори худ равшану музайян гардонидаву ҳамзамон дар ин даврони тақдирсоз дар роҳи худшиносиву хештаншиносии миллат мароҳили комилан ҷадидро эҷод намуданд ва мақому мартабаи Тоҷикистони тоза ба истиқлол расидаро дар арсаи байналмилалӣ болову воло гузоштанд.

Дар таърихи зиёда аз се даҳсолаи охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон воқеан   сиёсатмадоре ҳастанд, ки садоқаташонро ба асосҳои олии давлатдорӣ, аз ҷумлаи адлу инсоф, таҳаммулгароӣ, демократию қонуният ба таври барҷаста нишон додаанд ва ҳамзамон собит сохтаанд, ки ин аслҳову наслҳо дар сиришту бунёдашон ҳадафи созандагиву бунёдкориҳои зиёдеро доранд.

Зеро маҳз ба шарофати сиёсати дурандешонаю хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлол халқи тоҷик ба як идда дастовардҳои назарраси азим ноил гардид, аз он ҷумла дар таърихи 23-юми апрели соли 2018 таъсиси дар ҷумҳурӣ ягона Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ки ин падидаҳои нодир ба пиндори мо ҳатто дар даврони Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ ба вуҷуд наомада буданд, гӯем ҳам ягон иштибоҳе нахоҳем кард. Ташаккури зиёд ба Ҷаноби Олӣ, ки ниҳоят чунин як ниҳоди заруриро бо дастгирии бевосита худ ташкил кардаву инчунин онро ба таври пайваста дастгирӣ менамоянд, ки мо басо сипосгузорем.

Зеро ҳамагон хуб медонанд ва ҳамзамон огоҳ ҳастанд, ки маҳз ба шарофати ба сари қудрат омадани ин марди некмазҳар асоситарин дастоварди давлат ва халқи соҳибиқболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии  хирадмандонаи ин абармарди миллату арсаи сиёсати бузург ва инчунин бо андешидани тадбирҳои судманд ва талошҳои  хастагинопазир, пеш аз ҳама  давлатдории тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфта, ҳамзамон бо хираду фитрати азалӣ миллату давлати  тозаистиқлолро дар арсаи ҷаҳони мутамаддин соҳиби ҷойгоҳи арзандаву муносиб намуд.

Мардуми парешони аз ҷангу ҷидол хаста ва гурезаву навмедшударо боз ба ҳам овард. Ва бо шиори «Ман ба Шумо сулҳ меорам ва дар ин роҳ лозим шавад ҷон месупорам!» ниҳоятан ба сулҳу ваҳдати миллӣ расид. Нависандаи халқии Тоҷикистон Гурез Сафар дар як шеъри худ хидматҳои Эмомалӣ Раҳмонро чунин ба қалам додааст.

Осон набувад ба дай баҳор овардан,

Ё рӯшание бар шаби тор овардан.

Бар қалби зи ҳузн беқарори мардум

Осоишу шодиву қарор овардан.

Бар зини саманди орзуву армон,

Афтодаи зорро савор овардан.

Пайваста ба мисли боғбони доно

Гулбоғи умедро ба бор овардан.

Бигзашта зи байни оташи давру замон,

Бар сардии давр нуру нор овардан.

Бояд, ки чу Пешво Худодод шавӣ,

То битвонӣ бахту барор овардан.

Маҳз ба туфайли ҷоннисориҳои зиёду азму талошҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис бар он гаштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун давлати мустақил ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҷойгоҳи сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кунад.

Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” аз оғози фаъолияти худ то инҷониб аз усулҳои нави инноватсионии сатҳи  байналмилалӣ  васеъ истифода намуда, раванди обшавии пиряхҳоро меомӯзад ва маълумоти саҳеҳу дақиқро дастрас менамояд.

Айни замон шабакаҳои омӯзиши пиряхҳо, ки бо асбобу таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудаанд, дар баландии 3500-4800 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, чунин шабакаҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ басо ангуштшуморанд. Дастовардҳои марказро дар давраи истиқлол ба назар гирифта, онро ба “Системаи  ягонаи мониторинги пиряхҳои ҷаҳон” шомил намуданд.

Ҳатто дар даврони Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ ба ин система мо шомил набудем. Дар давраи Шӯравӣ ҳамагӣ як Пойгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ дар пиряхи Федченко дар баландии 4200 буд, ҳоло бошад мо шаш истгоҳи илми таҳқиқотиро ва 600 метр баландтар ҷойгиранд доро ҳастем, ки бевосита ин иҷроиши дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи об ва инчунин масоили обшавии пиряхҳо айни замон ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоию иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ низ нигаронида шудааст. Вобаста ба ин масоили муҳим муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониашон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҷумла, чунин таъкид намуда буданд: «Мо омодаем, ки захираҳои бузурги оби нӯшокиамонро ба манфиати минтақа мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем. Истифодаи оқилонаи танҳо захираҳои нодири кӯли баландкӯҳи Сарез, ки 17 миллиард метри мукаабро дар бар мегирад, имконияти таъмини дарозмуддати устувори аҳолии минтақаи моро бо оби босифати нӯшокӣ медиҳад». Инчунин Ҷаноби Олӣ таъкид намуда буданд, ки барои омӯзиши пиряхҳо, ки захираҳои асосии  обӣ ба ҳисоб мераванд, махсусан дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Маркази илмии омӯзиши пиряхҳоро ташкил намудем.

Ҳамаи экспедитсияҳо ва таҳқиқоти илмие, ки Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” феълан ба роҳ мондааст ва зиёда аз 50-то мебошанд, меваи соҳибистиқлолӣ ва ба шарофати азму талошҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ҳадафи асосии ин экспедитсияҳо пеш аз ҳама, ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифта ва Стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи омӯзиши пиряхҳо ва эълон намудани “Соли 2025-Соли ҳифзи пиряхҳо” мебошад.

Дар маҷмуъ, иқдомоти бузурги созандагиву бунёдкорие, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон амалӣ гардидаанд, ҳамааш ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми ватандӯсту ва соҳибхираду соҳибэҳтироми тоҷик  таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами миллат  Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтаанд.

Ҷавониро фидо кардам, диёрам то амон бошад,

Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад.

Чу аз ҳар ҷонибе сӯйи Ватан боди хазон омад,

Баҳорамро сипар кардам, ки эмин аз хазон бошад!

Абдулҳамид ҚАЮМОВ, профессор

директори Муассисаи давлатии  

илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»