МУАРРИФИИ  МАҶМӮАИ  “ИҚТИБОСҲО АЗ  СУХАНРОНИҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ  МАМЛАКАТ  ЭМОМАЛӢ  РАҲМОН  ОИД  БА МАСОИЛИ   ПИРЯХҲО” ДАР  КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

                Тавре аз тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳӣ дорем, аз санаи 1-ум то санаи 4 ноябри соли 2022 бо ибтикори Созмони умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии рушди муттаҳидшудаи кӯҳистон (ICIMOD), Агентии Оғохон оид ба Ҳабитат (AKAH) ва Маркази минтақавии пиряхшиносии Осиёи Марказӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Алмаато  Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Криосфера ва хатарҳои ба он алоқаманд дар баландкӯҳҳои Осиё дар шароити тағйирёбии иқлим баргузор гардид, ки дар рафти баргузории чорабинии мазкур  зиёда аз  150 нафар  пажӯҳишгарону таҷрибаомӯзон ва сиёсатмадорон, инчунин намояндагони ҳукумат дар сатҳҳои гуногун, ҷавонон ва шарикони рушд аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ва инчунин  аз тамоми ҷаҳон, ки дар соҳаи криосфера, коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва бахши иқлим, ки алъон кору фаъолият менамоянд, иштирок карданд.

Дар давоми чаҳор рӯз онҳо дониш, таҷрибаи пешқадам, фикру мулоҳиза ва инчунин ғояҳои худро доир ба рушди устувори ҷомеаҳо оид ба масоили тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамзамон дар ҷараёни конфронси мазкур бо ҳамдигар мубодилаи афкор намуданд.

Дар  рафти баргузории Конфронси сатҳи байналмиллалӣ, аз намояндагии Тоҷикистони соҳибистиқлол директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, профессор Абдулҳамид Қаюмов низ ширкат варзида, дар ҷараёни баргузории муколамаи илмӣ – сиёсӣ, ки ҳадафи асосиаш мусоидат ба муколамаи илм ва сиёсат бо мақсади беҳтар намудани  ҳамкориҳои муштарак мебошад, доир ба сиёсати  пешгирифтаи Роҳбарияти  Ҳукумати  Тоҷикистон дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, инчунин нақш ва саҳми бевоситаи Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешниҳод намудани иқдомҳои наҷиб марбут ба  масоили тағйирёбии иқлиму омӯзиши пиряхҳо, ҳамзамон таъсиси Бунёди байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо назди иштирокчиёни Конфаронси байналмилалӣ баромад намуда ба пурсишҳояшон посух дод.

Профессор Абдулҳамид Қаюмов оид ба масоили мазкур изҳори назар намуда, ҳамзамон иброз дошт, ки дар давоми солҳои охир обшавии босуръати пиряхҳо, боришоти зиёди боронҳои пайдарпай ва инчунин баландшавии сатҳи оби дарёҳо боиси зиёдшавии офатҳои табиӣ ва фавти одамон гардида, ба иқтисодиёти мамлакатҳои ҷаҳон хисороти калони моддӣ мерасонанд. Ин вазъияти ба вуқуъ пайвастаи умумиҷаҳонӣ Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро низ, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад, ҳеҷ гоҳ бетараф нагузоштааст.

Ҳамзамон номбурда зимни баромади худ қайд кард, ки боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025  ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” таваҷҷуҳи хосаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо, ки манбаи асосии оби ошомиданӣ ба шумор мераванд, зиёд гардида, дар ин бобат ба таври пайваста як қатор чораҳои судманду  зарурӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.

Хушбахтона, бо дастуру супоришҳо ва иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон  Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 23-юми апрели соли 2018 Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ташкил гардид, ки таҳқиқотҳои бунёдӣ  бо усулҳои муосири инноватсионӣ мегузаронад.

Таъсиси Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» идомаи мантиқии сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи криосфера ва захираҳои обӣ буда, бо шарофати сиёсати дурандешонаи Ҳукумати  Тоҷикистон, ташкили ин марказ имкон фароҳам овард, ки мактаби муосири илмии тоҷик оид ба пиряхшиносӣ ва криосфера, ки ба тадқиқоти бунёдӣ ва илмию амалӣ машғул аст, таъсис дода шавад. Зеро феълан муассисаи мазкур ба ҳамаи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда,  айни замон ба таври мунтазам ҳамаи аҳдофу манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  иҷро ва ҳифз менамояд.

Лозим ба тазаккур аст, ки дар замони Шӯравӣ танҳо як пойгоҳи баландкӯҳ, ки ба омӯзиши пиряхҳо машғул буд, он ҳам дар пиряхи Федченко воқеъ буду халос. Хушбахтона, имрӯз маркази номбурда 6 пойгоҳи баландкӯҳро дар баландии аз 3800 то 4800 метр ҷойгир намудааст, ки ба воситаи онҳо пиряхҳоро таҳти назорати доимии худ қарор додааст. Ногуфта намонад, ки ин гуна шабакаҳои назоратии пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ айни замон басо ангуштшуморанд.

Инчунин нотиқ ҳангоми суханронии пурмуҳтавои худ назди ҳозирин иброз дошт, ки аз оғози таъсисёбии маркази номбурда то имрӯз зиёда аз 50 адад экспедитсияҳои илмӣ – таҳқиқотӣ  гузаронида шудааст. Аз он ҷумла, ходимони он дар ин муддат дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Сурхоб, Хингоб, Зарафшон, Варзоб, Қарокӯл, пиряхҳои Федченко, ГГП, РГО ва Қизилсу чандин маротиба эъзомияҳои таҳқиқоти илмӣ – бунёдӣ ташкил намудаанд, ки натиҷаҳои назаррас дода истодаанд.

Бояд гуфт, ки ҳамаи дастовардҳои илмии  марказро ба инобат гирифта, соли 2019  онро ба шабакаи ягонаи мониторинги байналмилалии пиряхҳо ворид намуданд, ки ин дастовард як марҳалаи нави омӯзиши пиряхҳоро ба вуҷуд овард.

Инчунин дар фарҷоми суханронии худ профессор Абдулҳамид Қаюмов назди ҳозирин ва иштирокчиёни конфронс қайд кард, ки Маркази номбурда ҳамчун пешбарандаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тағйирёбии иқлим ва омӯзиши пиряхҳо фаъолияташро ба роҳ монда, дар таҳия ва нашри маҷмӯаи “Иқтибосҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим” ва бар замми ин дар самти мураттаб намудани “Фарҳанги тафсирии истилоҳоти пиряхшиносӣ”, ҳамзамон таъсис ва нашри маҷаллаи илмӣ-назариявии “Криосфера”, илова бар ин ҳар сол дар  омода намудани кадрҳои баландихтисоси бахши иқлимшиносӣ ва гидрология саҳмгузор аст.

Бояд қайд кард, ки маҷмӯаи “Иқтибосҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим” муаррифгари сиёсати ҷаҳонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он буда, бахшида ба эълон гардидани соли 2025 – соли “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бахшида шудааст.

Лозим ба тазаккур аст, ки дар маҷмӯаи мазкур аслан суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронсу симпозиумҳои  дохилию хориҷӣ ва сатҳи баланд оид ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он, инчунин проблемаи  коҳишёбии пиряхҳо дар раванди тағйрёбии иқлим ва гармшавии ҳарорати ҳаворо дар бар мегирад. Иқтибосҳо ба таври мухтасар ба  забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  таҳия гардида, фароҳам оварда шудаанд.

Ҳадафи асосӣ аз таҳия ва нашри маҷмӯаи мазкур ин пешбурд ва татбиқи сиёсати пешгирифтаву иқдомҳои наҷибу хирадмандона ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирӣ намудани пайомадҳои тағйирёбии иқлим мебошад.

Дар охири конфронс ташаббуси роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” якдилона дастгирӣ ёфта, ба қарори конфронс шомил гардид.

Ҳамзамон аз ҷониби кулли иштироккунандагони конфаронс пешниҳод гардид, ки маҷмӯаи “Иқтибосҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим” дар  сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир карда шавад.