БАРРАСИИ   МАСОИЛИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА

 ТАРЗҲОИ ИННОВАТСИОНИИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲО

26 – уми октябри соли 2022 дар ҳошияи Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал “Об барои рушд устувор” дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзӯи “Мушкилоти тағйирёбии иқлим ва тарзҳои инноватсионии омӯзиши пиряхҳо” доир гардид. Семинари мазкур бо ибтикор ва ташаббуси маъмурияти Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар якҷоягӣ бо кафедраи фалсафаи назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардида, дар он кормандони Маркази омӯзиши пиряхҳо, магистрантон ва ходимони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.

Семинарро доктори илмҳои фалсафа Ғаффор Мирзоев ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки мушкилоти тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии ҳарорати ҳаво яке аз масъалаҳои мубрами на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми мамолики ҷаҳон ба ҳисоб рафта, барои ҳалли ин мушкилот ҳамаи қишрҳои ҷомеа аз хурд то бузург бояд саҳмгузор бошанд. Инчунин мавсуф зимни суханронии худ қайд кард, ки таъсиси Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” як иқдоми ниҳоят саривақтӣ ва наҷиби  Роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки айни замон дар кишварамон омӯзиш ва назорати пиряхҳои Тоҷикистон, ки манбаи ососии оби дарёҳои Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, бо тамоми нозукиҳо ва тарзҳои нав ба роҳ монда шудаанд.

Сипас, Абдулҳамид Қаюмов директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” дар мавзӯи “Тарзҳои инноватсионии омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо” баромад намуда, номбурда қайд кард, ки пиряхҳо манбаи асосии захираҳои об ба шумор рафта, солҳои охир дар натиҷаи тағйирёбии иқлим коҳишёбии босуръати пиряхҳо нисбатан бештар аз пештар мушоҳида гардида, ҳаҷми оби аксар дарёҳо кам шуда истодааст.

Мавсуф аз хотираҳои худ оид ба экспедитсияи Антарктида, ки 2 маротиба солҳои 1983-1984 ва маротибаи дуюм соли 2019 ташкил шуда буд, ҳамчун иштирокчии он суханронӣ намуда, ҳамзамон қайд кард, ки экспедитсияи якуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Антарктида  бевосита бо супориш ва дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  муаззами миллат, Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ташкил гардида буд.  Дар раванди экспедитсия  6 – уми январи соли 2009 бори нахуст тавассути ӯ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қитъаи шашуми Антарктида барафрохта шуд, ки ин воситаи хуби муаррифии кишварамон  ба ҷаҳониён маҳсуб меёбад.

Хушбахтона, бо дастуру супоришҳо ва иқдомҳои наҷибу созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 23-юми апрели соли 2018 Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил гардида буд, ки  имрӯз ин муассиса таҳқиқоти бунёдиро  бо усулҳои муосири инноватсионӣ мегузаронад.

Бояд гуфт, ки дар замони Шӯравӣ танҳо як пойгоҳи баландкӯҳ, ки ба омӯзиши пиряхҳо машғул буд, он ҳам дар пиряхи Федченко ҷойгир буду халос. Хушбахтона, маркази номбурда айни замон 6 пойгоҳи баландкӯҳро дар баландиҳои аз 3800 то 4800 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир намудааст, ки ба воситаи онҳо пиряхҳоро таҳти назорати доимии хеш қарор додааст. Ногуфта намонад, ки ин гуна шабакаҳои назорати пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ягона шабакаҳо ба ҳисоб мераванд. Мавсуф ҳамзамон зимни суханронии худ иброз дошт, ки ҳамаи  он дастовардҳои назаррасеро, ки мо  имрӯзҳо дар ин самт ба даст овардаем, маҳз ба шарофати дастгириҳои пайвастаи Роҳбарияти олии Ҳукумати ҷумҳурии  соҳибистиқлоламон ва инчунин сулҳу ваҳдати миллии сартосарӣ муяссар гардидааст.

Профессор Абдулҳамид  Қаюмов  инчунин  қайд кард, ки то солҳои 90-ум пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  танҳо аз тарафи кормандони Институти географияи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (Москва) ва инчунин Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон омӯхта мешуданд. Идораву сохторҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди ин бахш фаъолият доштанд, онҳо ҳамчун сохторҳои ёрирасон ба шумор мерафтанд.

Таҳлили адабиёти илмӣ оид ба ҳолати омӯзиши пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳанд, ки баъди солҳои 90-ум таҳқиқоти илмӣ дар ҳудуди  Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида нашудаанд ва инчунин шароити гузаронидани онҳо ҳам умуман вуҷуд надошт. Ин гуна маълумот дар мақолаҳои олимони маъруф, аз қабили Финаев А. ва Котляков В. низ мухтасар дарҷ гардидаанд.

Мавсуф иброз дошт, ки аз оғози таъсисёбии маркази номбурда то имрӯз зиёда аз 50 адад экспедитсияҳои илмӣ – таҳқиқотӣ  гузаронидааст.  Аз он ҷумла, дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Сурхоб, Хингоб, Зарафшон, Варзоб, Қарокӯл, пиряхҳои Федченко, ГГП, РГО ва Қизилсу. Инчунин ҳамаи дастовардҳои илмии  марказро ба назар гирифта,  соли 2019  онро ба системаи мониторинги байналмилалӣ пиряхҳо ворид намуданд.

Зимни суханронӣ директори муассиса қайд кард, ки далелҳои зиёде мавҷуданд, ки  пешоҳангии Тоҷикистонро дар масъалаи  ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Аз он ҷумла, аз ҷиҳати илмӣ иштирок дар тартиб додани Стратегияи Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ (ВМО) оид ба омӯзиши пиряхҳо ва қабати барф дар минтақаҳои кӯҳсор, ки соли 2020 дар Конгресси умумиҷаҳонии  ВМО тасдиқ шудааст, инчунин таъсиси Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар соли 2018 идомаи мантиқии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи криосфера ва захираҳои обӣ буда, бо шарофати сиёсати дурандешонаи Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили ин марказ имкон фароҳам овард, ки мактаби муосири илмии тоҷик оид ба масоили омӯзиши пиряхшиносӣ ва криосфера, ки ба таҳқиқоти бунёдӣ ва илмию амалӣ машғул аст, таъсис дода шавад. Муассисаи мазкур ба ҳамаи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй буда, доимо манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз менамояд.

Аз ҷиҳати сиёсӣ бошад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва инчунин пешниҳод  оид ба таъсиси “Фонди ҳифзи пиряхҳо” далелҳое мебошанд, ки ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масоили ҳифзи пиряхҳо ба таври пайваста инъикос менамоянд.

Дар фарҷоми суханронӣ Абдулҳамид Қаюмов иброз дошт, ки Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” фаъолияташро баҳри амалишавии ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба масоили омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо мунтазам ба роҳ монда, ин иқдоми наҷибро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Дар интиҳои чорабинӣ магистрон ва унвонҷӯёни соҳаҳои физикаю математика ва табиатшиносӣ оид ба усулҳои омӯзиши пиряхҳо ва инчунин дар бораи фаъолият ва саҳми  марказ дар самти пеш бурдани таҳқиқоти илмӣ дар пиряхҳо саволгузорӣ намуданд.