ПЕШНИҲОДҲОИ МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ АМИТ ДАР ФОРУМИ МИНТАҚАВӢ – ҶАЛАСАИ САРВАРОНИ ИДОРАҲОИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДАИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ДУШАНБЕ ҚАБУЛ ГАРДИДАНД

 

6 октябри соли 2022 дар доираи татбиқи тавсияҳои “Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2015-2030” бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон  Зиёзода ва таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода дар шаҳри Душанбе Форуми минтақавии – Ҷаласаи сарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо: таҳкими устувории минтақаи Осиёи Марказӣ ба офатҳо  баргузор гардид.

Дар  форум роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои ваколатдори пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, намояндагони намояндагиҳои корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои маблағгузор ва Агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид, Сарвари Раёсати коҳиши хатари офатҳои СММ ҷаноби Октавина Бивол, Намояндаи вижаи ИА дар Осиёи Марказӣ хонум Терхи Ҳакала  ширкат варзиданд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода дар маросими ифтитоҳи ҷаласа хотирнишон кард, ки натиҷаҳои ин Форум ангезаи наве ба тавсиаи ҳамкориҳои муштараки кишварҳои минтақа дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ хоҳад буд. Ғайр аз ин мавсуф доир ба ҳамкориҳои муфиди кишварҳо дар самти коҳиши хатари офатҳо назди иштирокчиёни  форуми минтақавӣ муфассал суханронӣ намуд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода зимни суханронии худ баргузории ин чорабиниро муҳим арзёбӣ кард. «Ташкил ва баргузории ин Форум бо иштироки намояндагони сатҳи баланд ва коршиносон идомаи талошҳои кишварҳои мо барои рафъи оқибатҳои манфии тағйири иқлим ва бахусус офатҳои табиӣ мебошад, ки ба мо имкон медиҳад, ки талошҳои худро дар ин самт боз ҳам пурзӯр намоем. Бояд гуфт, ки таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва ширкат дар ҷаласаҳои муҳимми минтақавӣ аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд», – таъкид дошт муовини Сарвазир Сулаймон Зиёзода.

Роҳбари Раёсати Аврупо ва Осиёи Марказии СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҷаноби Октавиан Бивол ба роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои созмондеҳии ин дидор изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки СММ минбаъд низ ба ҳалли мушкилоти мазкур таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад кард.

Сипас, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Терри Ҳакала зимни суханронӣ дар назди иштирокчиёни Форум қайд кард, ки баргузории Форуми минтақавӣ бори дигар аҳаммияти мушкилоти марбут ба хатарҳои офатҳои табииро, ки бояд дар якҷоягӣ мавриди баррасӣ қарор дода шаванд, тасдиқ кард.

Зимни мулоқот ба масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Аз ҷумла, иштирокчиён масъалаҳои татбиқи минбаъдаи Барномаи Сендай дар кишварҳои минтақа, омӯзиши таҷрибаи кишварҳо дар пайи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва раванди барқарорсозӣ, муносибати фарогир, ҳамкориҳои фаромарзӣ ва ҷалби сармоягузорӣ дар соҳаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар доираи татбиқи Барномаи қолабии Сендайро дар кишварҳои минтақа баррасӣ карданд.

Дар ҷараёни баргузории Форуми сатҳи байналмилалӣ ҳамзамон чорабинии параллелии  “Тадбирҳо оид ба таҳкими устувории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хатарҳои гуногун” доир гардида, роҳбарии сексияи мазкурро директори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Абдулҳамид Қаюмов ба зимма дошт.  Номбурда  оиди усулҳои муосир ва инноватсионии мониторинги пиряхҳо, қабати барф ва кӯлҳои пиряхӣ дар шароити тағйирёбии иқлим баромад намуда, зимни маърӯзаи худ иброз намуд, ки дар давоми солҳои охир дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва гармшавии сайёра обшавии босуръати пиряхҳо ба назар расида, аз як тараф ин агар проблемаи кам гардидани захираҳои оби ошомомиданиро ба бор оварад, аз тарафи дигар зиёд шудани шумораи офатҳои табииро дучанд зиёд мегардонад.

 

Аз ин хотир, маъмурияти Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” аз оғози фаъолият то инҷониб аз усулҳои нави инноватсионии сатҳи байналмилалӣ  васеъ истифода намуда, сатҳи обшавии пиряхҳоро ҳамасола ба қайд гирифта, ба мақомоти дахлдор маълумоти саҳеҳу дақиқро ба таври пайваста пешниҳод менамояд. Қайд гардид, ки айни замон шабакаҳои омӯзиши пиряхҳо, ки бо асбобҳои муосир ҷиҳозонида шудаанд, дар баландии 3500-4800 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, чунин шабакаҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ангуштшуморанд.

Инчунин Абдулҳамид Қаюмов  иброз дошт, ки  соли равон  обшавии бесобиқаи пиряхҳоро ба қайд гирифтаанд ва пиряхи калонтарин дар ҷаҳон – Федченко айни замон дар ҳолати таназзул қарор дорад. Бинобар ин сабаб бо мақсади омӯзиши раванди тағйирёбии иқлим, суръати обшавии пиряхҳо ва муайян намудани ҳаҷми пиряхҳо ҳар сол ба мавзеъҳои барои таҳқиқот муайяншуда бо иштироки мутахассисони марказ ва муҳаққиқони кишварҳои хориҷӣ ба таври мунтазам экспедитсияҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ташкил ва баргузор карда мешаванд.

«Аз он ҷумла, аз оғози моҳи май то моҳи августи соли 2022 Маркази мазкур дар маҷмуъ зиёда аз 10  экспедитсияи илмӣ-тадқиқотӣ анҷом дод”-гуфт профессор Абдулҳамид Қаюмов.

Ба гуфтаи номбурда, мувофиқи натиҷаҳои ба даст омада пиряхҳои Хирсон ва РГО, ки ҳамчун пиряхҳои доимҳаракаткунанда маъмуланд, феълан дар ҳолати оромӣ қарор дошта, дар қисми болои онҳо фаъолшавӣ ба назар мерасад. Гарчанде ки қисмати болоии пиряхи Хирсон айни замон дар ҳолати ҳаракатист, вале аз сабаби аз ҳад зиёд об шудани қабати барф ва таназзули сатҳи болоии пирях ҳаҷми критикии он кам шуда, феълан он дар ҳолати нисбатан ором қарор дорад.

Мувофиқи маълумоти метеостансияи назди пиряхи №139-и ҳавзаи Қароқӯл, ки аз ҷониби МДИ «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ» насб шуда буд, ҳарорати ҳавои максималии минтақа соли 2020 -14°С, соли 2021 – 16°С ва соли 2022 – 18°С-ро ташкил намуд. Ин нишондиҳанда далели он аст, ки соли 2022 ҳарорати ҳаво дар ин минтақа нисбат ба соли пешин 2°С зиёд шуда, сабаби аз ҳад зиёд об шудани барфи болои пирях гаштааст.

«Ҳамин тавр, хулоса кардан мумкин аст, ки мутахассисони Муассисаи давлатии илмии  “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар давоми моҳҳои июн-августи соли равон ҷиҳати таҳқиқ ва омӯзиши пиряхҳои Федченко, Хирсон, РГО ва пиряхҳои ҳавзаи кӯлҳои Қароқӯл ва Искандаркӯл корҳои муҳимми пажӯҳишӣ анҷом дода истодаанд. Дар доираи Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон дар экспедитсияҳои аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо ташкилнамуда мутахассисон аз пажӯҳишгоҳҳои Швейтсария низ дар рафти баргузории он фаъолона ширкат варзиданд»,-зикр намуд Абдулҳамид Қаюмов.

Дар фарҷоми баромад профессор Абдулҳамид Қаюмов пешниҳод намуд, ки дар мавзеъҳои мазкур бояд ба таври доимӣ мониторинги ҳавзаҳои пиряхӣ ва пиряхҳои набзӣ (пулсирующие) ба роҳ монда шавад. Чунки дар шароити кӯҳсор яке аз роҳҳои кам кардани офатҳои табиӣ ин мониторинги пиряхҳо мебошад.

Мавсуф инчунин қайд кард, ки мониторинги пиряхҳо яке аз роҳҳои пеш бурдани Стратегияи бехатарии минтақавӣ буда, имконият медиҳад, ки хисоротро аз офатҳои табиӣ, махсусан марбут ба масоили обро нисбатан кам намояд.

Ҳамзамон таъкид кард, ки натиҷаҳои илмии марказҳои илмӣ-тадқиқотии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро ҳангоми коркарди роҳҳои пешгирӣ ва кам кардани офатҳои табиӣ ба назар бояд гирифт. Инчунин мавсуф  дар анҷоми баромади худ қайд намуда афзуд, ки боварии комил дорем, ки  марказҳои илмӣ кумаки худро дар ин самт дареғ намедоранд.

Дар фарҷоми конфронс пешниҳодҳои профессор Абдулҳамид Қаюмов оид ба массъалаи гузаронидани мониторинги ҳавзаҳои пиряхӣ ва пиряхҳои набзӣ дар протоколи ниҳоии форум шомил шуда, аз ҷониби Сарварони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ имзо гардид. Форум кори худро ба аҷом расонида, дар доираи ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Дар фарҷоми конфронс пешниҳодҳои профессор Абдулҳамид Қаюмов оид ба массъалаи гузаронидани мониторинги ҳавзаҳои пиряхӣ ва пиряхҳои набзӣ дар протоколи ниҳоии форум шомил шуда, аз ҷониби Сарварони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ имзо гардид. Форум кори худро ба аҷом расонида, дар доираи ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Кабули ин пешниҳод боз як паҳлуи нави пиряхҳоро ва захираҳои обиро мекушояд, ки пиряхҳо на ин ки манбаи оби софи ошомидани  мебошанд балки сабабгори сарзади офатҳои табии шуда метавонанд, ки сабабгори хисороти зиёди иқтисодию-иҷтимои ва талафоти ҷони шуда метавонанд.  Дар ин раванд Ҷаноби олӣ Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ қайд намуда буданд, ки  офатҳои табии марбут ба об дар раванди тағйирёбии иқлим ба рушди устувор монеъаи зиёде ба миён меоранд.

Кабули ин пешниҳод инчунин гувоҳи он аст, ки эълон намудани соли 2025 соли ҳифзи пиряхҳо на ин ки аҳамияти милли балки аҳамияти митақави ва ҷаҳони доштани ин масаларо боз як бори дигар тасдиқ менамояд. Инчунин ин гуфтаҳо далели он мебошанд, ки сиёсати имрузаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти воқеи имруза оид ба омузиш ва ҳифзи пиряхҳо мебошад.