Имсол Ҷумҳурии соҳибиқболу соҳибистиқлоли азизамон 31–умин солгарди ҷашни Истиқлоли  давлатиашро   ботантана ҷашн  мегирад. Хушбахтона  31сол аст, ки мардуми кишварамон дар фазои сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ умр ба сар бурда, бо назардошти вазъияти номӯътадили сиёсии кишварҳои ҷаҳон  пеш рафта истодааст. Ногуфта намонад,  ки дар тақвияти сулҳу салоҳ ва рушди босуботи кишварамон саҳми олимону муҳаққиқон, устодону донишмандон хеле бузург аст. Боиси хушнудист, ки хидматҳои назарраси  ин гуна ашхос ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста қадрдонӣ мегарданд.

 

Боиси сарфарозист, ки имсол ба  ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 15-уми августи соли 2022 таҳти рақами 417 директори Муассисаи давлатии илмии  “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” олими шинохта ва профессори маъруф, устод Абдулҳамид Қаюмов бо мукофоти давлатии ордени Шараф дараҷаи 2 сарфароз гардиданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Бояд қайд намуд, ки саҳми профессор Абдулҳамид Қаюмов дар рушди илми глятсиология ва ташкили мактаби пиряхшиносӣ хеле бузург буда,  бо ташаббуси мавсуф дар чаҳорчӯбаи Соли байналмилалии Қутбӣ (2007-2008) Кумитаи тадорукоти ин чорабинӣ оид ба гузаронидани Соли байналмилалии Қутбӣ  дар Тоҷикистон ташкил карда шуд. Ҳайати Кумита ва Нақшаи корӣ аз тарафи роҳбарияти  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Иштироки номбурда дар экспедитсияи якуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қитъаи  Антарктида, ки  бевосита бо супориш ва дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами  миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ташкил гардид, як такони ҷадид дар самти ба роҳ мондани омӯзиши пиряхҳо буд. Профессор Абдулҳамид Қаюмов  дар раванди экспедитсияи  6–уми январи соли 2009 Парчами давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар қитъаи шашуми Антарктида барафрохт, ки ин воситаи хуби муаррифии кишварамон  ба ҷаҳониён буд. Бо иқдоми номбурда барои нигоҳ доштани Парчам ва ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худшиносӣ дар шаҳри Душанбе Осорхонаи “Антарктида” ташкил карда шуд, ки то ҳоло фаъолияти худро дар ҳамбастагӣ бо дигар идораву муассисаҳои дахлдори сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалидошта густариш дода истодааст.

Тадқиқоти Антаркида дар баробари тадқиқоти Кайҳон дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шуда, муҳтавои мухтасари он дар китоби дарсии “География” барои хонандагони синфҳои 7-уми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оварда шудааст.

Абдулҳамид Қаюмов мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди Соли байналмилалии Қутбӣ “Экспедитсияи якуми комплексии байналмилалӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо ва ҳолати экологӣ дар болооби дарёҳои Вахш ва Панҷ”-ро ташкил намуд, ки дар он намояндагони Осиёи Марказӣ ва инчунин Федератсияи Русия иштирок доштанд. Оид ба натиҷаи ин экспедитсия, соли 2011  Конфронси байналмилалӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисону коршиносони зиёда аз 20 давлати ҷаҳон баргузор гардид. Ҳамзамон натиҷаи экспедитсия дар сомонаи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони байналмилалии Обуҳавошиносӣ ҷойгир карда шуд.

Соли 2017 Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳамид Қаюмовро ҳамоҳангсози лоиҳавии Созмони байналмилалии ЮНЕСКО “Оид ба коҳиш додани сатҳи осебпазирии аҳолӣ ва рахна шудани кӯлҳои пиряхӣ” таъин намуд, ки ин яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи ҳалли мушкилоти кам кардани хисорот ба иқтисодиёт ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тағйирёбии иқлим ба ҳисоб меравад.

Олими маъруф Абдулҳамид Қаюмов аз соли 1978 то ҳоло мунтазам  дар экспедитсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, дар асоси дастовардҳои экспедитсионӣ рисолаи номзадӣ (1988) ва баъд рисолаи докториро (2000) дифоъ намудааст. Дастовардҳои илмӣ-таълимӣ ва илмию методии Абдулҳамид Қаюмов ба назар гирифта шуд, ки ӯ соли 2002  бо унвони илмии профессор сарфароз гардидааст.

Ҳамин тариқ олими шинохтаи кишвар аз натиҷаҳои экспедитсияҳои илмӣ зиёда аз 250 кори илмӣ ба чоп расонидааст, ки аз он ҷумла 32 китоб ва монографияҳо ба ҳисоб мераванд.

Соли 2018 Қаюмов А.Қ. нахустин директори  Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” таъин гардида, то инҷониб кору фаъолияти пурсамар намуда истодааст. Дар давоми фаъолияти пурсамари худ номбурда дар омодасозии як қатор Нақша ва Консепсияҳое, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, ҳамчун ҳаммуаллиф ва муҳаррир  дар ҳамкорӣ бо дигар олимон пайваста саҳмгузор аст, аз ҷумла: Консепсияи густариши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди устувор (Душанбе-2007) ; Ҳисобот ва нақшаи амал доир ба афзун намудани потенсиали миллӣ барои иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Конвенсияҳои глобалии экологӣ (Душанбе, 2005); Нақшаи миллии фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим (Душанбе-2003); Ахбороти якум (2002), дуюм (2008) ва сеюм (2014) миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тағйирёбии иқлим. Феълан мавсуф Феҳристи пиряхҳои Тоҷикистонро, ки аз 12 ҷилд иборат аст, таҳия намуда, ҳамзамон дар мураттаб намудани “Фарҳанги тафсири пиряхшиносӣ” таъсис ва нашри маҷаллаи илмӣ-назариявии  “Криосфера”, инчунин ҳар сол дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси бахши иқлимшиносӣ ва гидрология саҳмгузор аст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  дар раванди эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии  амал “Об барои рушди устувор 2018-2028” ва инчунин дастуру ҳидоятҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22–юми декабри соли 2017, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми марти соли 2018, №162 ва Қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 23-юми апрели соли 2018 дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ки дар ҳаёти стратегии кишвар яке аз рӯйдодҳои  ниҳоят муҳим ба ҳисоб меравад. Абдулҳамид Қаюмов ягона шахсест, ки ба ҳайси нахустин директори муассисаи мазкур таъин карда шуд.

Боиси хушнудист, ки  бо шарофати таъсис додани Маркази омӯзиши пиряхҳо дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  профессор Абдулҳамид Қаюмов мактаби пиряхшиносиро таъсис дода, омӯзиш ва тадқиқи пиряхҳоро бо тамоми нозукиҳояш ба роҳ мондааст.

Чунки то солҳои 90-ум пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  танҳо аз тарафи кормандони Институти географияи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (Москва) ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон омӯхта мешуданд. Идораву сохторҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ин бахш фаъолият доштанд,  ҳамчун сохторҳои ёрирасон  ба ҳисоб мерафтанд.

Хушбахтона,  бо шарофати истиқлол баъди таъсис ёфтани Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”таҳти роҳбарии профессор Абдулҳамид Қаюмов ба таври мунтазам  тадқиқоти илмӣ-бунёдӣ  бо усулҳои муосири инноватсионӣ гузаронда мешаванд.

Аз оғози ташкилшавӣ то имрӯз маркази мазкур таҳти роҳбарии Абдулҳамид Қаюмов зиёда аз 50 экспедитсияҳои илмӣ  гузаронидааст. Аз ҷумла, дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Сурхоб, Хингоб, Зарафшон, Варзоб, Қароқӯл, пиряхҳои Федченко, ГГП, РГО  ва Қизилсу  тадқиқоти илмӣ гузаронидааст.

Ҳамаи дастовардҳои илмии  марказро ба инобат гирифта,  соли 2019  онро ба системаи мониторинги байналмилалӣ вориднамуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки таҳти роҳбарии профессор Абдулҳамид Қаюмов ҷиҳати муайян намудани тавозуни пиряхҳо дар чаҳор минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон реперҳои моҳворагӣ, метеостансияҳои автоматикӣ барои дақиқ муайян намудани обшавии пиряхҳо ва тавозуни онҳо ба роҳ монда шудааст.

Лозим ба тазаккур аст, ки профессор Абдулҳамид Қаюмов ҳамчун ягона қутбшинос аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамаи  дастовардҳои ӯро дар  экспедитсияҳо ва тадқиқоти қитъаи Антарктида ва минтақаи Помир ба назар гирифта, ба ҳайси ҳамоҳангсоз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони байналмилалии Обуҳавошиносӣ оиди “Криосфера” (яхшиносӣ) таъин намуданд.

Сарфароз гардидани профессор Абдулҳамид Қаюмов бо ордени Шараф дараҷаи 2 ҳамчун нишони рушди илми кишварамон дар самти пиряхшиносӣ ва эътирофи расмии ташкилёбии илми яхшиносӣ дар љумњурии соњибистиќлол, қадрдонии илми тоҷик ва саҳми назарраси олимони тоҷик дар омӯзиш ва тадқиқоти Антарктида, инчунин ба роҳ мондани омӯзиши бунёдии пиряхҳо, ташкили мактаби пиряхшиносӣ ва ҳамзамон ба инвасила густариши илми криосфера дар ҷумҳурии мо маҳсуб меёбад.